Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳритус. Чин бо бунёди корхонаҳо сементи босифат истеҳсол карданист


Бинои ҳукумати ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон
Бинои ҳукумати ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон

Дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон сохтмони аввалин корхонаи саноатӣ шурӯъ шудааст, ки метавонад то 1,5 ҳазор нафарро бо шуғли доимӣ таъмин кунад.

Барои бунёди корхонаи истеҳсоли семент дар мавзеи наздикии сарҳади Тоҷикистону Узбакистон дар навбати аввал беш аз 3,5 миллион доллари амрикоӣ сармояи давлати Чин ҷалб шудааст.

Муҳаммадсолеҳ Баротов, муовини раиси ноҳияи Шаҳритус, гуфт, ин корхона солона то беш аз 200 ҳазор тонна семент истеҳсол хоҳад кард.

«Таҷҳизотҳо ҳамааш аз давлати Чин дастрас карда мешавад. Мутахассисони чиноӣ аллакай ба ин ҷо омада буданд, арзёбиҳои фаннии худро анҷом доданд. Сифати сементи истеҳсолшуда ҳам баланд хоҳад буд, шояд беҳтар аз сементе, ки ҳоло аз Покистон импорт карда мешавад», - афзуд М. Баротов.

Бо таваҷҷуҳ ба роҳбандии Узбакистон ва афзоиши қимати сементе, ки аз Покистон ба Тоҷикистон ворид карда мешавад, мақомоти Тоҷикистон роҳи бурунрафт аз мушкили камбуди масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла сементро дар бунёди корхонаҳои саноатӣ мебинанд. Зеро бавижа дар гузашта мақомоти Тоҷикистон дар таъмини бинокорони нерӯгоҳҳои Сангтӯда-2 ва Роғун бо масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла семент, мушкил доштанд.

Сангалӣ Раҳимов - устоди риштаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа
Сангалӣ Раҳимов - устоди риштаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа
Ба таъкиди Сангалӣ Раҳимов, устоди риштаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа, сохтмони корхонаи семент дар минтақаи дурдасти Тоҷикистон натанҳо аз лиҳози иқтисодӣ манфиатовар аст, балки «дар ҳамон мавзее, ки корхона бояд сохта шавад, ашёи хом барои тавлиди семент фаровон аст. Ҳарчанд аз ин ноҳия то Қӯрғонтеппаю Душанбе ё Роғун садҳо километр роҳ аст, аммо сохтмони он дар минтақаи дурдаст баҷо мебошад. Чун ба ин баҳона синфи коргар дар навоҳии сарҳадӣ ба вуҷуд меояд, шууру тартиби мардум боло меравад».

Сохтмони корхонаи семент дар ноҳияи Шаҳритус, дар наздикии марзи муштарак бо Узбакистон, дар ҳолест, ки ҷониби Тошканд бо Душанбе борҳо вориди баҳсҳои экологӣ шудааст. Дар гузашта Узбакистон ба зарари қобили мулоҳиза аз партобҳои корхонаи алюмини шаҳри Турсунзода таъкид мекард. Ва бархе коршиносон мегӯянд, имкон дорад, ки бунёди корхонаи нави семент дар ноҳияи ҳамсарҳад бо Узбакистон дубора ба эҳёи ин баҳсҳо сабаб шавад.

Аммо таҳлилгари маҳаллӣ Сангалӣ Раҳимов мегӯяд: «Масофаи Шаҳритус то Термез ҳудуди 100 километр аст. Фикр накунам, ки Узбакистон боз ҳам мухолифат нишон диҳад. Миёни навоҳии Шаҳритусу Носири Хусрави Тоҷикистон ва Узбакистон кӯҳҳои фаровоне ҳастанд ва ин кӯҳҳо монеъ мешаванд, ки шамоли партобҳои корхона ба он сӯйи марз бирасад».

Бинои ҳукумати ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон
Бинои ҳукумати ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон
Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ҳам ба бунёди боз як корхонаи тавлиди семент пардохтаанд, ки дар қаламрави Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати ҳаҷми истеҳсол ва паҳноварӣ ҳамто надоштааст.

Неъматулло Холов, масъули риштаи саноат дар ҳукумати ноҳияи Ёвон, гуфт, иқтидори солонаи ин корхона аз марзи як миллион тонна убур хоҳад кард: «2,5 ҳазор тонна семент дар як шабонарӯз истеҳсол хоҳад шуд. То имрӯз 98 дарсади таҷҳизоти корхона ворид шудааст, то 40 фоизи корҳои сохтмонӣ иҷро шудаанд. Дар назар аст, ки то корҳои сохтмони васлгарии корхона то моҳи июл ба анҷом расида, аввалҳои моҳи август президенти кишвар дар маросими ифтитоҳи расмии корхона, ки дар Осиёи Марказӣ калонтарин хоҳад буд, ширкат варзад. Дар сурати корандозии корхона арзиши аслии семент дар бозорҳои Тоҷикистон то 40-50 дарсад нисбат ба ҳозира коҳиш хоҳад ёфт. Зеро корхона асосан ба воситаи ангишт фаъолият мекунад ва аз гази табиӣ вобаста нахоҳад буд».

Ба гуфтаи ҷаноби Холов, рӯзҳои наздик 96 мутахассиси тоҷик, ки барои бозомӯзӣ чаҳор моҳ қабл ба Чин рафта буданд, ба корхона баргашта, машғул ба васли дастгоҳҳо хоҳанд шуд. Ҳамзамон, даъвати 300 нафар коршиноси чиноӣ ба кор дар ин корхона низ дар назар аст.

Дар сурати мавриди истифода қарор гирифтани ин корхонаи семент беш аз ҳазор нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, солона ин корхона ба маблағи 700 миллион сомонӣ семент тавлид хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG