Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ним миллиард $-и Чин барои бунёди ҳафт корхона дар Суғд


Шаҳри Табошар дар соли 2011 номи "Истиқлол"-ро гирифт.
Шаҳри Табошар дар соли 2011 номи "Истиқлол"-ро гирифт.

Чин барои бунёди ҳафта корхонаи бузург дар шимоли кишвар ваъдаи беш аз ним миллард долларро кардааст. Бунёди навбати аввали ин корхонаҳо дар соли 2017 ба анҷом хоҳанд расид.

Давлати Чин тибқи як барнома бунёди 7 корхонаи бузургро дар шаҳри Истиқлол (Табошари собиқ) рӯи даст гирифтааст. Ба қавли манобеъ аз Иқтиқлол, ин минтақаи саноатӣ дар масоҳати 70 гектар ҷой гирифта, ҳоло мутахассисони чинӣ ҳамроҳ бо масъулони бахши иқтисодии ҳукумати ин шаҳр санадҳои заруриро барои бунёди ин корхонаҳо таҳия мекунанд.

Ба гуфтаи манобеъ, ҷониби Чин барои иҷрои ин тарҳ ваъдаи беш аз ним миллиард доллар сармоягузориро додааст. Муҳимтарин ва бузургтарин корхонаи саноатӣ ин корхонаи фулузгудозӣ хоҳад буд ва мутахассисони чинӣ бунёди навбати аввали онро дар соли 2017 ба анҷом хоҳанд расонд. Ин корхона бо иқтидори солонаи коркарди 100 ҳазор тонна хокаи сурбу руҳ беш аз 2 ҳазор нафарро бо ҷойи кор ва моҳонаи хуб таъмин хоҳад кард.

Инчунин, дар канори ин корхона дувумин корхонаи Чин дар минтақаи шимоли Тоҷикистон барои тавлиди сурбу руҳ бунёд хоҳад шуд. Ба ин тартиб, Чин тибқи ин барнома бунёди 6 корхонаи дигар, мисли корхонаи кимиёӣ, маводи тарканда, семент ва аккумуляторро дар шаҳри Истиқлол дар назар гирифтааст.

Истиқлол (Табошари пештара) соли 1931 барои таъмини нерӯгоҳҳои барқи атомиии Шӯравӣ бо уран бунёд шуда, "Заря Востока" (ҳоло “Нури Ховар”) корхонаи асосии ин маҳал маҳсуб меёбад. Ин корхона пойафзоли резинӣ низ истеҳсол мекард. Соли 2011 бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Табошар номи Истиқлолро гирифт.

Чин дар ҳоли ҳозир яке аз сармоягузорони аслӣ ба иқтисоди Тоҷикистон аст. Қарзи Душанбе аз Пекин алакай аз марзи 1 миллиард доллар гузаштааст, ки ин тақрибан нисфи тамоми қарзҳои хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳад ва асосан барои такмили сохторҳои зербиноӣ, аз ҷумла сохтмони шоҳроҳҳо ва нақбҳо сарф шудаанд.

Бар илова, Пекин ба Душанбе барои се соли оянда ваъдаи боз 6 миллиард доллар сармояи дигар додааст, ки нисфаш барои сохтани 400 километр бахши тоҷикистонии хатти чоруми лӯлаи гази Осиёи Марказӣ – Чин ихтисос дода хоҳад шуд.

Ҳамин тавр, дар моҳи сентябри соли гузашта бонки давлатии Чин бо имзои як қарордод бо Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳифзи қурби пули сомонӣ 3,2 миллиард юан, муодили тақрибан 500 миллион доллар ёрии иқтисодӣ ҷудо кард.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки Чин дар як марҳилаи хеле душвор дасти Душанберо гирифт ва дар иҷрои тарҳҳои муҳиме ҳамдастӣ кард. Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳам дар мусоҳибаи як сол пешаш (он замон муовини вазири молия буд) гуфта буд, ки дар Душанбе нигарониҳо аз имкони афзоиши вобастагии кишвараш аз Чинро дарк мекунанд, вале барои рафъи оқибатҳои рукуди иқтисодии Русия ба сармоя сахт ниёз доранд. Ба гуфтаи ӯ, Душанбе марзи ниҳоияш дар рӯи экспансияи Чинро хоҳад кашид, “вале на имрӯз. Мо бояд як рискро бо риски дигар мутавозин кунем.”

XS
SM
MD
LG