Қазияи Умаралӣ Назаров ба Додгоҳи аврупоӣ меравад

Вакили дифои хонаводаи Умаралӣ Назаров, ки ду соли пеш дар идораи полиси Санкт-Петербург даргузашт, бо анҷоми тамоми марҳилаҳои додгоҳии маҳаллӣ ҳамакнун ба Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар дар Страсбург шикоят хоҳад кард.

Олга Тсейтлина, вакили дифои хонаводаи Назаровҳо, ки муборизаҳои дусолаашон барои ба ҷавобгарӣ кашидани омилони марги кӯдаки панҷмоҳаи тоҷик дар як идораи полиси шаҳри Санкт-Петербург бенатиҷа анҷомид, гуфт, ҳамакнун роҳи онҳо барои идомаи муборизаҳо барои

Сохторҳои тафтишот ва додгустарӣ кори полисро рӯйпӯш мекунанд. Нақши Омбудсмен барои онҳо ҳеҷ аст.

адолат дар Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар боз шуд. Олга Тсейтлина дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 15 август аз Русия гуфт, ҳафтаи гузашта марҳилаи охирини баррасиҳои додгоҳҳои маҳаллӣ анҷом шуд.

Ба иттилои ӯ, додгоҳи шаҳри Санкт-Петербург аризаи навбатии ҷабрдидаҳоро барои рад шудани ифтитоҳи парвандаи ҷиноии марги кӯдак дар идораи полис ва ба ҷавобгарӣ кашидани кормандони идораи муҳоҷират ва полисро, ки дар ҷудо кардани кӯдак аз модар даст доштанд, нодида гирифт. Додгоҳи шаҳрӣ гуфт, ки нисбати шӯъбаи тафтишоти ноҳияи Адмиралтейскии Кумитаи тафтишот парванда боз намекунад.

Акси Олга Тсейтлина аз вебсайти http://www.iusland.ru/advokaty/olga-tseytlina/

Ба қавли Тсейтлина: “Русия гуфт, ки кӯдак аз дасти модар бар асоси қонун гирифта шуд, чунки модар дар Русия бидуни қайди мигратсионӣ ба сар мебурд. Замоне, ки кӯдак аз гирифта шуд, санад надошт ва бар асоси муқаррароти маъмурӣ ё адмнистративӣ, гирифтани кӯдак ғайриқонунӣ набуд. Акнун мо омода ҳастем, ки аз рӯи моддаҳои “ҳуқуқ барои зиндагӣ” ва “ҳақи эҳтиром ба зиндагии оилавии хусусӣ” ба Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар муроҷиат кунем, чунки ҳама гуна мудохила ба ҳаёти оилавиву хусусӣ бояд бар асоси қонун сурат гирад”.

Марги фоҷиабор баъди чанд соати ҷудо шудан аз модар

Дар як рейди хона ба хонаи ходимони полис ва муҳоҷират рӯзи 14 октябри соли 2015 модари Умаралӣ Назарови панҷмоҳа – Заррина Юнусова бо иттиҳоми нақзи муқаррароти иқомат дастгир шуд. Юнусова ҳамроҳ бо фарзанди панҷмоҳааш ба идораи полис овардаву боздошт шуд. Баъди чанд соати ҷудоӣ аз модар ва нигаҳбонӣ дар шӯъбаи милиса кӯдакро ба шифохона бурданд ва рӯзи дигар ҷасадашро ба волидон доданд. Баъдан мақомоти тафтишотии Русия гуфтанд, ки Умаралӣ Назаров бар асари бемории сироятӣ фавтидааст ва мақомоти интизомӣ дар марги ӯ гуноҳе надоранд.

Макони дафни Умаралӣ Назаров дар ноҳияи Файзобод

Гузашта аз ин Зарина Юнусоваро, ки Умаралӣ аввалин ва ягона фарзандаш буд, аз Русия ихроҷ карданд. Ҳодисаи марги кӯдаки навзод ва ширхор маҳкумиятҳои зиёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ваколатдори ҳуқуқи кӯдак, бархе мақомоти баландпояи Русия, назири раиси Шӯрои федератсия Валентина Матвиенкоро ба бор овард. Ин мавзӯъ дар мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси ҳукумати Русия Дмитрий Медведев охири октябри соли 2015 дар Душанбе ҳам баррасӣ шуд ва Медведев ваъда дод, ки ҷараёни тафтиши ин парвандаро зери назари худ хоҳад гирифт.

Ҳарфи Омбудсмен ҳеҷ аст...

Вакили дифои хонаводаи Назаровҳо Олга Тсейтлина мегӯяд, қазияи Умаралӣ Назаров нишон дод, ки “нуфузи омбудсмен дар муқобили сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳеҷ аст”. Вай гуфт: “Сохторҳои тафтишот ва додгустарӣ кори полисро рӯйпӯш мекунанд. Нақши Омбудсмен барои онҳо ҳеҷ аст”. Вай гуфт, дар ҷараёни муҳокимаҳо додгоҳ ҳамеша “дар тарафи полис, ходимони муҳоҷират ва дигар сохторҳо буд. Додгоҳ ба ҷои он ки ба ин савол посух ёбад, ки “дар кадом асос онҳо тифлро аз дасти модар гирифтанд?” ва “чаро давлат ҷони тифлро ҳифз накард?”, талош кард, ки кори онҳоро рӯйпӯш кунад”.

30 октябри соли 2015 президент Раҳмон ва нахуствазир Медведев аз ҷумла қазияи Умаралиро баррасӣ карданд

Тсейтлина гуфт, тамоми ҷараёни баррасии парвандаи Умаралӣ Назаров дар додгоҳ ғайриодилона, бо таъхири зиёди бюрокросӣ ҷараён гирифт ва дар бисёр ҳолатҳо ҷониби ҷабрдида аз содир шудани ҳукми додгоҳи ноҳиявиву шаҳрӣ аз матбуот хабардор мешуд. Тсейтлина гуфт, онҳо интизор доранд, ки Додгоҳи аврупоӣ дар ин қазия охирин ҳукми одилонаро содир карда сохторҳои гунаҳгор дар марги тифлро муваззаф мекунад, ки ба хонаводаи Назаровҳо ҷубронпулӣ пардохт кунад.

Волидони Умаралӣ - Заррина Юнусова ва Рустам Назаров

Вай гуфт, Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар маъмулан парвандаҳоро тӯлонӣ, вале одилона баррасӣ мекунад ва дар ниҳоят метавонад Русияро гунаҳгор эълон карда ба ҷавобгарӣ бикашад. Як паёмади фоҷеабори дигари парвандаи Умаралӣ Назаров, ки тифли деринтизори ҳамсарон Рустам Назаров ва Заррина Юнусова буд, ин стресси шадиди модари ҷавон аст, ки баъди ин ҳодисаҳо ба Тоҷикистон баргашта ҳанӯз ҳам ба худ наомадааст.

Кӯдак бемор буд?

Кумитаи тафтишоти Санкт-Петербург моҳи октябри соли 2016 гуфт, ки бинобар санҷишҳои онҳо маълум шудааст, ки "таъсири берунӣ" наметавонист сабаби марги кӯдак шавад. Дар ин ниҳод ҳамчунин гуфтанд, ки мақомоти Хадамоти муҳоҷират ва пулис дар ин қазия аз салоҳияти худ сӯиистифода накарданд ва кӯдак аз кӯмаки тиббӣ камбудӣ надошт.

Русия ба унвони як кишвари ӯҳдадор дар баробари Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар, вазифадор аст, ки ҳукмҳои онро иҷро кунад. Дар гузашта чанд шаҳрванди дигари Тоҷикистон барои исботи бегуноҳии худ ва ҳам пардохти ҷуброни зарари маънавии худ аз додгоҳҳои Русия ба ин додгоҳ муроҷиат карда пирӯз шудаанд. Аз ҷумла, соли 2015 Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар давлати Русияро ба пардохти 25500 евро товон ба шаҳрванди Тоҷикистон Наимҷон Ёқубов вазифадор кард.

Наимҷон Ёқубов

Додгоҳи аврупоии мақараш дар Страссбурги Фаронса ҳукм кард, ки боздошти Ёқубов дар моҳи июни соли 2004 дар шаҳри Подолски вилояти Маскав бо иттиҳоми интиқоли сохтаи маводи мухаддир бо нақзи муқаррарот сурат гирифт. Баъди озод шудан аз зиндон, ки дар маҷмӯъ 10 солро дар бар гирифт, Ёқубов тавонист Русияро ба ҷавобгарӣ кашад. Як ҷавони тоҷики дигари маҳкумшуда барои қочоқи маводи мухаддир, ки дар додгоҳи Русия бегуноҳии худро исбот карда натавонист, соли 2009 аз роҳи Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар ба адолати додгоҳӣ даст ёфт. Раҳматуллоҳ Назаров, як сокини ноҳияи Файзобод барои маҳкумияти ноодилонааш дар Русия тавассути додгоҳи Страссбург Русияро ба пардохти 15 000 евро товон маҷбур кард.