Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдбуд аз марги Умаралии панҷмоҳа дар Санкт-Петербург


Дар майдони Марсовои шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба хотири ёдбуди Умаралӣ Назаров, тифли панҷмоҳаи тоҷик, ки як сол пеш вафот кард, гирдиҳамоие барпо шуд.

Бештар аз 30 нафар барои гиромидошти ёди Умаралӣ гирди ҳам омаданд. Як сол пеш ин тифлро кормандони пулис ва хадамоти муҳоҷирати Русия аз модараш ҷудо карданд ва вай дар ҳолати мармузе дар бемористон фавтид. Модари ӯро ба нақзи қоидаи истиқомат айбдор намуданд ва кӯдакро ҳамчун бепарастор ба хонаи кӯдакон бурданд.

Дар гирдиҳамоӣ вакили Маҷлиси Петербург Борис Вишневский, ки барои пешбурди парвандаи марги Умаралӣ талош карда буд, гуфт, мақомот то ҳол сабабҳои аз модар ва падару модаркалонаш ҷудо кардани Умаралӣ ва марги ин тифлро шарҳ надодаанд. Ба гуфтаи Вишневский, ҳамаи талош ба он равона шудааст, ки ин ҷиноят бе ҷазо монад ва намунаи баррасии чунин парвандаҳо ба миён наояд.

Вакилони дифои волидайни Умаралӣ талаб доранд, ки ташхис дубора анҷом шавад. Онҳо мегӯянд, парвандаро то Додгоҳи ҳуқуқи башари Шӯрои Аврупо хоҳанд расонд.

XS
SM
MD
LG