Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падари Умаралӣ Назаров ҷабрдида эътироф шуд


Рустам Назаров, падари Умаралӣ Назаров, дар парвандаи марги ин тифли панҷмоҳаи тоҷик дар Санкт-Петербург расман ба ҳайси ҷабрдида эътироф шудааст.

Рустам Назаров, падари Умаралӣ Назаров, дар парвандаи марги писараш расман ба ҳайси ҷабрдида эътироф шудааст. Дар ин бора мақомоти Кумитаи тафтишотии Санкт-Петербург 3 декабр ба расонаҳо хабар додаанд.

Қаблан Зарина Юнусова, модари Умаралӣ Назаров, дар қазияи марги писараш ба ҳайси ҷабрдида баромад мекард ва аммо баъди ихроҷаш аз ҳудуди Русия аз ҳаққи иштирок дар ҷараёни тафтишот маҳрум шуд. Вакилони мудофеи хонаводаи Назаровҳо тайи ду ҳафта боз талош доштанд, то Рустам Назаров ҷабрдида шинохта шавад.

Рӯзи 2 декабр Юрий Серов - яке аз вакилони мудофеи наздикони Умаралӣ Назаров санадеро имзо гузоштааст, ки бар асоси он ҳақ надорад, ҷузъиёти парвандаи марги ин тифли панҷмоҳаи тоҷик дар Санкт-Петербургро ошкор кунад. Серов дар ин бора 2 декабр расман иттилоъ дода ва гуфтааст, "зери як санад имзо гузоштам, ки ифшои ҷузъиёти парвандаи марги Умаралиро манъ мекунад".

Аз ҳаққи наздикони Умаралӣ Назаров дар Русия чор вакил дифоъ мекунанд ва то кунун фақат як нафари онҳо дар бораи махфӣ шудани парвандаи марги Умаралӣ сӯҳбат кардааст.

Умаралӣ Назаров 14 октябри соли ҷорӣ, баъди як рӯзи боздошти модараш Зарина Юнусова дар бемористони Тсимбалинаи Санкт-Петербург даргузашт. Мақомоти Русия эълон карданд, ки дар робита ба марги ин тифли тоҷик бар асоси моддаи 109-и қонуни ҷиноии он кишвар, яъне "аз беэҳтиётӣ ба марг расондан" парванда боз кардаанд.

Юрий Серов охири ҳафтаи гузашта дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Озодӣ гуфта буд, ки ихроҷи Зарина Юнусова ба ҷараёни расидагии парвандаи марги писараш халал ворид кардааст. “Акнун имконоти ҷониби ҳимоят маҳдуд шудааст. Ин охирин имконе буд, ки мо метавонистем рӯ ба рӯ ба таври қонунӣ дар чаҳорчӯбаи расидагӣ ба парванда мустақим ба кормандоне, ки кӯдакро гирифта буданд, суол диҳем,” – гуфта буд Серов.

Худи Зарина Юнусова рӯзи 16 ноябр, вақте бо хабарнигорон дар фурудгоҳи Душанбе сӯҳбат мекард, низ чунин изҳори ақида кард: "Онҳо хостанд, ки ҳарчӣ зудтар ба Тоҷикистон биёям ва барои таҳқиқи қазияи марги писарам пофишорӣ накунам."

Зарина Юнусова шаби 13 ба 14 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт-Петербург аз сӯи маъмурони пулис ва Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия барои нақзи қоидаҳои будубош боздошт шуд. Ҳамон шаб кӯдаки панҷмоҳааш Умаралиро аз ӯ ҷудо карданд ва ин тифл рӯзе баъд дар бемористони ба номи Тсимбалина даргузашт.

Марги мармузи ин кӯдак якҷо бо ҳукми ихроҷи модараш Зарина Юнусова аз қаламрави Русия мавҷи эътирозҳову маҳкумиятҳоро дар Тоҷикистону Русия ва хориҷ аз он ба бор овард. Ҳомиёни ҳуқуқ, намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ ва сиёсатмадорон дар ҳарду кишвар хостори таҳқиқи ин қазия ва ба ҷавобгарӣ кашондани афроди гунаҳкор дар марги Умаралӣ Назаров шуданд.

Бо талаби таҳқиқи одилонаи ин қазия ва ба муҷозот кашондани гунаҳкорон мақомоти баландпояи ҳарду кишвар, бо шумули раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҳарду маҷлиси парлумони ин кишвар Шукурҷон Зуҳуров ва Муҳаммадсаид Убайдуллоев, сарвазири Русия Дмитрий Медведев, вакили Шӯрои Федеросиюн Елена Мизулина, як гурӯҳи вакилони маҷлиси шаҳри Санкт-Петербург ва даҳҳо тан аз намояндагони шинохтаи ҷомеаи шаҳрвандии ҳарду кишвар изҳори назар кардаанд.

XS
SM
MD
LG