Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Митинги эътирозӣ як сол баъди марги Умаралӣ Назаров


Созмони ҷамъиятие дар Русия дар солгарди марги мармузи тифли панҷмоҳаи тоҷик Умаралӣ Назаров, аз ташкили намоиши эътирозӣ аз рафтори ғайриқонунии полис дар Русия хабар дод. Созмони ҷамъиятии “Ҳуқуқ барои ҳама” (“Права для всех”) хабар додааст, ки шоми рӯзи 13 октябр, дар майдони Марсово поле дар Санкт-Петербург ҳамоиши эътирозӣ баргузор мешавад ва ҳадафи он – талаби таҳқиқи мунсифон ва ба ҷавобгарӣ кашидани масъулини куштори Умаралӣ Назаров мебошад. Тифли тоҷик баъди он даргузашт, ки рӯзи 13 октябри соли 2015 ҳамроҳ бо модараш бо гумони будубоши ғайриқонунӣ ба идораи полис интиқол ёфт ва рӯзи дигараш ҷасади тифлро ба волидонаш супурданд.

Волидон мегӯянд, ки ин тифл ба ҳангоми боздошт ва аз дасти модар гирифта шуданаш саломат буд, вале дар хулосаҳои полис гуфта шуд, ки гӯё ӯ бар асари сармохӯрдагӣ шабона дар бемористони кӯдакона даргузашт. Бо вуҷуди маҳкумияти шадиди полис ва мақомот аз ҷониби созмонҳои ҷамъиятӣ, талаби муҷозоти масъулин, хулосаҳои тафтишот изҳороти аввалияти полисро тасдиқ кард. Баъди муддате модари кӯдак ҳам бо иттиҳоми нақзи муқаррароти будубош дар Русия ба Тоҷикистон истирдод шуд. Умаралӣ Назаров танҳо фарзанди хонаводаи Назаровҳо аз ноҳияи Вахш буд.

XS
SM
MD
LG