Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Олмон хостори пажуҳиши марги Умаралӣ шуданд


Барои ҳимоят аз парвандаи марги тифли тоҷик Умаралӣ Назаров, дар назди бинои консулгарии Русия дар шаҳри Мюнхени Олмон пикет ё ҳамоиш баргузор шудааст.

Як гурӯҳ шаҳрвандон рӯзи 5 декабр дар ҳамоиш ё пикете дар канори консулгарии Русия дар шаҳри Мюнхени Олмон хостори идомаи тафтиши парвандаи марги тифли панҷмоҳаи тоҷик Умаралӣ Назаров шуданд, ки ҳудуди дувуним моҳ қабл дар як бемористони Санкт-Петербург ба таври мармуз аз олам даргузашт.

Ҳамоиш бо ибтикори Мадина Муҳаммадова, як хонуми доғистониасли сокини Олмон роҳандозӣ шудаааст. Барои баргузории ин эътироз Мадина Муҳаммадова аз мақомоти шаҳрдорӣ иҷозаи расмӣ гирифта ва дӯстони худро тавасути шабакаи иҷтимоии Facebook аз ин ҳамоиш огаҳ карда буд.

Дар як навори видеоӣ, ки аз ҷараёни баргузории ин ҳамоиш дар сафҳаи "Фейсбук"-и хонум Мадина Муҳаммадова нашр шудааст, ӯ мегӯяд, ки ин ҳодиса амалан куштори як наврас буд. Ба гуфтаи вай, ҳангоме ин кӯдаки ширхорро дида ва дониста аз модараш ҷудо карданд, маълум нест, ки баъдан ба ӯ чӣ ҳодиса рух додааст ва Умаралӣ вақте фавтид, ки дар дасти мақомоти пулис ва кормандони бемористон буд.

Мадина Муҳаммадова мегӯяд, ҳоло ки тафтишот ба анҷом нарасидааст, онҳо хостори муҷозоти афроди гунаҳкор дар ин ҳодисаи ба қавли ӯ, "бераҳмона" ҳастанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, ин як ҷинояти зидди ҷомеа мебошад ва агар дар ин маврид пофишорӣ нашаванд, чунин ҷиноятҳо идома хоҳанд ёфт. Ва на танҳо шахсони беҳуқуқ мисли муҳоҷирон, балки худи сокинони ин кишвар низ ба чунин ҷиноятҳо рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Мадина Муҳаммадова қаблан дар суҳбат ба Радиои Озодӣ дар мавриди тасмими баргузории пикет дар назди консулгарии Русия дар Мюнхел гуфта буд, ки вақте аз ин ҳодиса огаҳ шуд, "ба худ гуфтам, ки бояд ором нанишинам ва ба садои қалби худ гӯш диҳам. Фикр кардам, ки шояд одамоне ҳастанд, ки мисли ман фикр мекунанд ва муқаддасоти инсонӣ барои онҳо ҳам азиз аст. Агар ман дар танҳоӣ коре карда наметавонам, дар якҷоягӣ бо чунин одамон шояд таваҷҷуҳи ҷомеаро ба ин мушкил ҷалб кунем. Нишастам ва ба идораҳои дахлдори шаҳр нома навиштам. Аз мусибати модари ноком, ки вайро дар чунин вазъ дар Санкт-Петербург одами навъи дуввум қабул мекунанд ва ҳуқуқҳояшро на танҳо чун модар, балки чун як шахси оддӣ поймол мекунанд, “дарди дил” кардам ва хостам, ки ба ман иҷозаи баргузории ҳамоиши эътирозӣ дар назди бинои консулгарии Русия дар шаҳри Мюнхенро диҳанд."

Шаби 14 октябри соли ҷорӣ Умаралӣ Назаров, ки чанд соате қабл ӯро иҷборӣ аз модараш Зарина Юнусова ҷудо карданд, дар шароити мармузе дар бемористон даргузашт. Аввал кӯдаки ширхорро ба ихтиёри кормандони умури ноболиғон гузошта ва пас аз бад шудани саломатиаш ба бемористон интиқол додаанд.

Дар мавриди марги Умаралӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар хулосаи тиббию додгоҳӣ гуфта шудааст, ки вируси тситомегалӣ, ки ба узвҳои муҳим, ба мисли узвҳои нафаскашӣ, ҷигар, меъда, талхадон, рӯдаю мағзи сар осеб мерасонад, боис ба марги нобаҳангоми ин кӯдак шудааст. Вале табибони мустақил ин хулосаро зери шубҳа мегузоранд, зеро ин гуна таҳаввулот дар бадани кӯдак на якбора, балки бояд дар як муддати тӯлонӣ ба мушоҳида мерасид. Аммо Умаралӣ пеш аз ба зӯр аз модар ҷудо кардан солим буда ва дар муддати ҳамагӣ 12 соати ҷудоӣ аз модар дучори марг шудааст.

Марги Умаралӣ Назаров мавҷи то кунун бесобиқаи эътирозу маҳкумиятҳо дар Русияву Тоҷикистон ва берун аз он ба бор овард. Бо талаби таҳқиқи одилонаи ин қазия ва ба муҷозот кашондани гунаҳкорон мақомоти баландпояи ҳарду кишвар, бо шумули раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҳарду маҷлиси парлумони ин кишвар Шукурҷон Зуҳуров ва Муҳаммадсаид Убайдуллоев, сарвазири Русия Дмитрий Медведев, вакили Шӯрои Федератсия Елена Мизулина, як гурӯҳи вакилони маҷлиси шаҳри Санкт-Петербург ва даҳҳо тан аз намояндагони шинохтаи ҷомеаи шаҳрвандии ҳарду кишвар изҳори назар кардаанд.

XS
SM
MD
LG