Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Калтаки муҳоҷиратро кӯдакони тоҷик мехӯранд"


Созмони "Мемориал", як созмони ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия, дар як гузориши тозаи худ гуфтааст, ки муҳоҷирати корӣ беш аз ҳар каси дигар ба вазъи кӯдакон дар Тоҷикистон таъсир гузоштааст. Масъулони ин созмон мегӯянд, ба далели муҳоҷирати волидон, кӯдакон аз дидори онҳо барои моҳҳо ваё солҳо маҳрум буда, "аз таҳсил дур мешаванд", "хушунат мебинанд" ва гоҳо аз тангдастии аъзои дигари хонавода ба хона-интернат меафтанд. Созмони "Мемориал" ин гузориши худро ҳамчун "алтернатива" ба ҳисоботи ҷониби Тоҷикистон дар иҷлосияи 76-уми Кумитаи ҳуқуқи кӯдаки Созмони Милали Муттаҳид омода кардааст. Ин иҷлосия моҳи сентябри имсол баргузор шуда, тарафи Тоҷикистон дар бораи вазъи кӯдакон дар солҳои 2010 – 2015 гузориш хоҳад дод.

"Гузориши алтернативӣ"

Бояд ҷониби Тоҷикистон аз Русия талаб кунад, ки ҳаққи кӯдакони муҳоҷирро риоя карда, ба таҷрубаи ҷудо намудани кӯдак аз волидонашон хотима диҳад. Бояд Душанбе ба таҳқиқи марги Умаралӣ Назаров пойфишиорӣ кунад"

Аммо ҷаласаи машваратии пеш аз ин нишаст то ду ҳафтаи дигар баргузор мешавад. Дар вебсайти Созмони Милали Муттаҳид таъкид шудааст, ки гузориши аввалияи ҷониби Тоҷикистонро аз 6 то 10 феврали имсол баррасӣ хоҳанд кард. Мақомоти тоҷик нагуфтанд, ки дар бораи вазъи кӯдакон дар кишвар чӣ гузориш хоҳанд дод, вале созмони "Мемориал" мегӯяд, дар гузориши "алтернативӣ" таваҷҷӯҳи худро бештар ба таъсири муҳоҷирати тоҷикон болои кӯдаконашон равон кардааст.

"Вазъи кӯдакони тоҷик дар Русия ҳам хуб нест"

Масъулони ин созмон гуфтанд, бино ба таҳқиқи онҳо, муҳоҷирати хонаводаҳо ба никоҳҳои барвақтӣ ва афзоиши талоқи духтарони ҷавон дар Тоҷикистон ҳам сабаб шудааст. Аммо, ба гуфтаи онҳо, вазъи бисёре аз кӯдакони муҳоҷир, ки ҳамроҳи волидонашон дар Русия ҳастанд, низ "чандон хуб нест". Ба қавли онҳо, "кӯдаконе, ки ҳамроҳи волидон ба муҳоҷират рафтаанд, аз меҳрубонӣ ва нигоҳубин маҳруманд, чун волидонашон маҷбуранд, ки тамоми рӯз кор кунанд. Онҳо дар шароити риққатбор зиндагӣ доранд."

Ин созмони ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар идома гуфтааст, агар волидон дар қаламрави Русия қоидаҳои будубошро риоя накунанд ваё ба ягон мушкил печанд, боз калтаки аввал ба сари кӯдаконашон зада шуда ва ҳатто дар баъзе ҳолат бо марги онҳо хоҳад анҷомид. Дар ин маврид ҳомиёни ҳуқуқ аз марги Умаралӣ Назарови панҷмоҳа ёдоварӣ кардаанд, ки ба далели риоя накардани қоидаи будубош модараш боздошт ва ӯ аввал ба идораи пулис ва сипас ба бемористон интиқол ёфта, ҷон додааст.

Чанд тавсияи "Мемориал" ба мақомоти тоҷик

Созмони "Мемориал" дар бахши охири гузоришаш ба мақомоти Тоҷикистон тавсия додааст, ки ба нақзи ҳуқуқи кӯдакони муҳоҷири тоҷик дар Русия бетараф набошад ва вокуниш кунад. "Бояд ҷониби Тоҷикистон аз Русия талаб кунад, ки ҳаққи кӯдакони муҳоҷирро риоя карда, ба таҷрубаи ҷудо намудани кӯдак аз волидонашон хотима диҳад. Бояд Душанбе ба таҳқиқи марги Умаралӣ Назаров пойфишиорӣ кунад", - таъкид кардааст созмони "Мемориал".

Дар ҳоли ҳозир то як миллион сокини Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ ҳастанд ва фарзандони аксари онҳо ё ҳамроҳи модари худ дар кишвар истодаанд, ё ҳамроҳи бобову бибӣ. Қаблан, Бунёди кӯдаки Созмони Милали Муттаҳид ё ЮНИСЕФ бо анҷоми як таҳқиқот фарзандони муҳоҷиронро ба далели дурии падар аз хонавода "саркаш, осебпазир ва таҳдиде ба ояндаи субот дар ҷомеа" унвон карда буд.

Дар ин таҳқиқоти ЮНИСЕФ, ки чор соли қабл анҷом шудааст, вазъи 5 ҳазор нафар аз хонаводаҳои муҳоҷирон пурсида шудааст. Аксаран фарзандони то 15-сола гуфтаанд, ки худро танҳову азёдрафта ва бепуштибон эҳсос мекунанд ва азият мекашанд. 33 дарсади хонаводаҳои пурсидашуда гуфтаанд, ки муҳоҷират ба рӯҳияи кӯдаконашон таъсири бад гузоштааст. Вале мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, солҳои охир бозгашти муҳоҷирон ба Тоҷикистон афзуда, ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар, соли гузашта ин рақам ба тақрибан 50 ҳазор нафар баробар будааст. Яъне, 12 дар сад камтар аз омори соли 2015.

XS
SM
MD
LG