Аз тарма як нерӯгоҳи хурд дар Бартанг аз кор монд

Сокинони “Бартанг” дар яке аз гӯшаҳои баландтарин ва зебое дар кураи Замин зиндагӣ мекунанд. Ин водии воқеъ дар баландии бештар аз дувуним ҳазор метр аз сатҳи баҳр, яке аз маҳаллаҳои дилкаш барои сайёҳон ба ҳисоб меравад. Ҳар хориҷие, ки ба Бартанг рафтааст, онро дар сафаргуфтаҳояш “водие шигифтангез ва бо сокинони фавқулода меҳмоннавоз” номидааст.

Худи мардум дар инҷо масале доранд, ки “Бартанг марав, ки роҳи Бартанг хатар аст”, вале ин дара ҳар сол садҳо сайёҳро аз Амрикову Аврупо ба худ мекашад. Онҳо роҳҳои пурпечутобу хатарнокро тай мекунанд, то ин гӯшаи баланду зебои Тоҷикистонро бубинанд.

Чизе, ки шояд мардумро дар ин водӣ нигаҳ медорад, ҳамин зебоист, чун зиндагӣ дар байни кӯҳҳову санги хоро осон нест. Аммо имсол зимистони сарду барфи зиёд зиндагии мардуми Бартангро сахттар кард.

Роҳҳо ба сӯи Рӯшон ва Хоруғ – маҳалли харидории маводи ғизоӣ – аксаран бастаанд ва ягона нерӯгоҳи хурд, ки сокинони як ҷамоати калони водиро бо нерӯи барқ таъмин мекунад, аз кор мондааст.

Бунёди нерӯгоҳи хурд дар Бартанг. Акс аз бойгонӣ.

Чанде пеш тарма маҷро ва роҳи оби нерӯгоҳи хурд дар деҳаи Пасори ҷамоати Савноби водиро зери барф кард ва чархаҳои нерӯгоҳ ҳам аз ҳаракат монданд. Ҳоло 137 хонавода дар деҳаи Пасор шабҳо хонаҳояшонро бо шамъу чароғ рӯшан нигаҳ медоранд. Хонаҳои онҳое, ки генератори дизелӣ доранд, рӯшантар аст ва имкони тамошои телевизор вуҷуд дорад.

Нерӯгоҳи хурди бо иқтидори 125 киловат-соат нерӯи барқро моҳи июни соли 2016 ҳангоми сафари Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар деҳаи Ғудара ба кор андохтанд. Зимистону барф кори онро қатъ кард. Тақрибан як ҳафта аст, ки мардум, шабро дар торикӣ сипарӣ мекунанд, азбаски тобистон ҳезум ҷамъ карда овардаанд, хонаҳояшон гарм аст. Мунтазири касе ҳам нестанд, ки биёянд ва маҷрои обро боз кунанду нерӯгоҳро ба кор андозанд ва худашон дасту остин барзадаанд.

“Нерӯгоҳ рӯзи панҷум аст, кор намекунад. Мутасаддиёни “Помир Энержӣ” занг зада ва гуфтанд, ки каналро покиза кунед, аммо нерӯгоҳро ба кор надароред. Мумкин мардум каналро аз барф пок кунанд, аммо роҳ баста аст ва намедонем, кормандони “Помир Энержӣ” аз маркази Рӯшон кай мерасанд”, –мегӯяд Малабек Малабеков, раиси ҷамоати деҳоти Савноб.

Резиши барфи шадид дар Рӯшон.

Бо вуҷуди сармои қаҳратун, чаҳор рӯз аст, ки мардум маҷрои оби нерӯгоҳро аз барф покиза мекунанд. Дарозии наҳр 1 километр аст ва маълум нест, кай мардум онро бо каланду бел аз барф пок мекунанд ва об дигарбора ба нерӯгоҳ ҷорӣ мешавад. Дар ҷамоати деҳоти Савноб, ки аз 10 деҳа иборат аст ва 3 ҳазор ҷамъият дорад, ҳоло танҳо 4 деҳа бо нерӯи барқ таъмин аст.

Таҳаммули бебарқӣ барои сокинон шояд осонтар бошад, аммо баста будани роҳҳои таъминотӣ ва рӯз ба рӯз камтар шудани захираҳои маводи ғизоӣ онҳоро ба изтироб андохтааст. Дар фасли зимистон умдатан роҳҳои водӣ барои ҳаракат хатарнок мешаванд ва овардани маводи ғизоӣ ва молу коло ба инҷо душвор аст. Ба далели дурии роҳ аз марказ қимати молу мавод дар инҷо гаронтар аст.

Вале Додхудо Сайнаков, раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Рӯшон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мақомот ғами мардумро мехӯранд. “Бо назардошти баста шудани шудани роҳ дар зимистон, Оҷонсии захираҳои давлатӣ қабл аз сардӣ дар моҳи ноябр дар водии Бартанг озуқаворӣ захира кардааст”, – мегӯяд ӯ.

Ҳоло 137 хонавода дар деҳаи Пасори водии Бартанг бинобар осеб дидани нерӯгоҳи хурд бар асари фаромадани тарма, шабҳо хонаҳояшонро бо шамъу чароғ рӯшан нигаҳ медоранд.

Малабек Малабеков, раиси ҷамоати Савноб мегӯяд, феълан дар ҷамоти онҳо равған, макарон, биринҷ ва орд бо нархи нисбатан арзон фурӯхта мешавад: “Як халта орд 165 сомонӣ, 1 кило шакар ва биринҷ 6 сомонӣ ва макарон 5 сомонӣ нарх дорад. Ҳозир 12 тонна орд захира дорем.”

Дигар инки, ба гуфтаи Додхудо Сайнаков, покиза кардани роҳи Бартанг-Рӯшон ҳам идома дорад, ки роҳи наздиктарин ба бозорҳои молу маводи ғизоӣ дар маркази ноҳия аст. Аммо сокинони деҳаи Рошорв дар сӯҳбат бо “Радиои Озодӣ” гуфтанд, бим доранд, ки роҳҳои пурбарф ба наздикӣ боз намешаванд ва шояд захираҳои Оҷонсии захираҳои давлатӣ ҳам хотима ёбад. Сокинон мегӯянд, ҳарчанд ба зимистону барфи зиёд дар водӣ одат кардаанд, вале интизор надоштанд, ки имсол барфи зиёд меборад ва зиндагиву кори онҳоро сахт мекунад.

АКСҲО АЗ РЕЗИШИ БАРФИ ШАДИД ДАР РӮШОН:

Барфбории шадид дар Рӯшон дари мактабҳоро баст

Дар водии Бартанг, ки ба ҷуз ҷамоати Савноб ду ҷамоати дигар низ ҳаст ва аҳолии ҳар се ҷамоат аз 7 ҳазор нафар ҳам бештар аст. Мардуми инҷо асосан аз ҳисоби кишоварзиву чорводорӣ ва аз ҳисоби пули муҳоҷирони корӣ дар Русия зиндагӣ мекунанд. Агар наздикони муҳоҷирашон пул ҳам бифристанд, ба далели дурии роҳҳо дар фасли зимистон наметавонанд, зиндагии роҳат дошта бошанд. Танҳо чизе, ки онҳоро инҷо нигаҳ медорад, зебоии Бартанг аст ва ҳам зодгоҳашон, ки аз он дил канда наметавонанд.