Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хисороти зилзила дар Рӯшон беш аз 24 млн сомонӣ будааст


Акс аз хабарнигори маҳаллӣ дар Рӯшон Маҳмадалӣ Бахтиёров.
Акс аз хабарнигори маҳаллӣ дар Рӯшон Маҳмадалӣ Бахтиёров.

Мақомоти ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон, хисороти заминларзаи 7-уми декабрро беш аз 24 миллион сомонӣ ҳисоб кардаанд.

Мақомоти маҳаллӣ дар Бадахшон зиёни заминларзаи 7-уми декабр дар ноҳияи Рӯшонро беш аз 24 миллион сомонӣ ҳисоб кардаанд. Ин маблағ ҳанӯз ҳисоби пешакӣ буда, дар маҷмӯъ зарареро, ки ба манзилҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, мактабу муассисаҳои фарҳангиву давлатӣ, роҳҳои мошингарду пулҳои тахрибшудаи чанд деҳаи ноҳия расидааст, дар бар мегирад.

Додхудо Сайнаков, раҳбари дастгоҳи ноҳияи Рӯшон дар сӯҳбат бо хабарнигорони маҳалӣ гуфтааст, ки дар пайи заминларзаи шадиди рӯзи 7-уми декабр, қисмати зиёди манзилҳои истиқоматии сокинони деҳоти Ғудара, Нисур, Рухч тахриб шуда, ҳамчунин дар маркази ноҳия низ деҳоти Дерзуд, Баррӯшон, Деррӯшон ва Вамд хонаҳои мардум зиён дидаанд. Дар маҷмӯъ, дар қаламрави ноҳия беш аз 200 манзил комилан хароб ва 832 хонаи дигар қисман хароб шудаанд.

Маҳмадалӣ Бахтиёров, хабарнигории маҳаллӣ аз ноҳияи Рӯшон, рӯзи якшанбеии 13-уми декабр дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “ба маблағи хисороте, ки дар пайи заминларза ба ноҳия расидааст, аз ҷумла 170 километр роҳҳои маҳаллии ноҳия, нерӯгоҳҳо, ҷуйбору каналҳо ва ҳатто оғилҳо низ дохил мешавад. Ва эҳтимол аст, ки шояд маблағи зиён боз ҳам бештар бошад, чунки ин ҳанӯз ҳисоби пешакист."

Ин мусоҳиби мо гуфт, чанд рӯз ба инҷониб чархболҳо мардуми осебдидаи ҷамоати Бартангро ба маркази ноҳия интиқол медиҳанд. Нахустин гурӯҳҳои зарардида, дар мактабинтернати Рӯшон ҷой карда шуданд .То имрӯз бо кӯмаки сокинони Рӯшон барои мардуми Бартанг ҷиҳозу маводҳои зарурӣ барои рӯзгор ҷамъоварии шудааст. Ҳамчунин ба гуфтаи Маҳмадалӣ Бахтиёров осебдидагон аз ҳукумати кишвар ҳамчун кӯмак маводи хурокворӣ ва сӯхт дарёфт кардаанд.

Нилуфар Асламшоева, масъули дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Бадахшон рӯзи якшанбеии 13-уми декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, танҳо дирӯз 142 нафар сокинони ҷамоати Бартанг тариқи ду чархболи Вазорати мудофиа ва "Тоҷик айр" бо дастури нахуствазир Қоҳир Расулзода ба маркази ноҳияи Рӯшон интиқол дода шуданд.

Аксҳо аз хабарнигори маҳаллӣ дар Рӯшон Маҳмадалӣ Бахтиёров.
Аксҳо аз хабарнигори маҳаллӣ дар Рӯшон Маҳмадалӣ Бахтиёров.

Ба гуфтаи вай, “мардумро асосан дар бинои лагер, дар хона-интернати маъюбон ва мактаб-интернат ҷо ба ҷо карданд. Худи шаб мо ҳамроҳ бо муовини нахуствазир Азим Иброҳим аз ҳоли ин мардум хабар гирифтем. Ҳамчунин Коҳир Расулзода низ бо ин сокинон сӯҳбат дошт ва гуфт, ки дар арафи Соли нав аз сӯи президент барои кӯдакон тӯҳфаҳо оварда мешаванд.”

Хонум Асламшоева, афзуд, ”дирӯз Азим Иброҳим, муовини нахуствазир ситодро баргузор кард ва ба масъули Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ супориш дод, ки то бегоҳи имрӯз ҳисоби аниқи хисороти расидаро аз заминларза пешниҳод намоянд.”

Нилуфар Аслашоева ҳамчунин гуфт, тибқи маълумоти онҳо имрӯз 190 нафар осебдидагони дигар интизори интиқол ба ҷойи амн ҳастанд. Кӯч додани хонаводаҳои осебдида аз Бартанг дар ҳолест, ки аксари сокинони бесарпаноҳмондаи ин минтақа намехоҳанд зодгоҳ ва молу чорвои худро гузошта, барои зиндагӣ ба ҷои дигар раванд.

Аммо ҳайати ҳукуматӣ дар мулоқот бо осебдидагони заминларзаи Бартанг тақозо кардаанд, ки барои бехатарии худи онҳо ва зимистонгузаронӣ, мувақаттан ба минтақаҳои амн кӯч банданд. Онҳо ваъда додаанд, ки бо гармтар шудани ҳаво, масъалаи сарнавишташон барои зиндагӣ дар зодгоҳ баррасӣ хоҳад шуд.

Рӯзи 7 декабр як заминларзаи шадид Тоҷикистонро такон дод. Ба иттилои Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон, маҳалли вуқӯи ин заминларза дар наздикии Мурғоб буда, нерӯяш ба 7-8 дараҷа мерасид. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, бино ба ҳисобҳои пешакӣ дар пайи ин заминларза ҳудуди 700 хонаи сокинон тахриб шуда, 2 нафар ҳалок ва даҳ тани дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

XS
SM
MD
LG