Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин чархболи ҳомили кумак ба зарардидагони Рӯшон расидааст


Масъулони ҳукумати ноҳияи Рӯшон мегӯянд, ки субҳи 9 декабр нахустин чархболи ҳомили кумак ба зарардидагони зилзила аз Хоруғ ба маркази ин ноҳия расида, аз маводи ғизоӣ ва либос ибора аст.

Баъд аз се рӯзи заминларзаи шадид дар Тоҷикистон, ки даҳҳо хонавода дар вилояти Бадахшонро бе сарпаноҳ гузошт, нахустин чархболи ҳомили кумак ба зарардидагон ба маркази ноҳияи Рӯшон расидааст. Худоёр Худоёров, раиси ноҳияи Рӯшон, 9 декабр дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки ин кумакҳо аз орду шакар, равғану биринҷ ва либос иборат буда, тариқи чархболи Вазорати дифоъ ба дасти онҳо расидааст.

Тайи ду рӯзи гузашта чархболҳо ба далели номусоидии ҳаво натавониста буданд, ки кумакҳоро ба зарардидагони заминларзаи 7 декабр дастрас кунанд. Раиси ноҳияи Рӯшон дар идома гуфт, ки ҳанӯз резиши санг аз куҳҳо идома дорад ва 15 булдозеру трактор барои тоза кардани роҳҳо машғуланд.

“Дирӯз чанд бор санг фаромад ва роҳҳоро барои ҳаракати нақлиёт мушкил кард. Аммо роҳсозон талош мекунанд, ки зуд роҳҳоро аз санг тоза карда, барои ҳаракати мошинҳо шароит фароҳам оранд,” -- афзуд ӯ.

Худоёр Худоёров мегӯяд, ҳайати ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини нахуствазир Азим Иброҳим феълан ба ноҳияи Ванҷ расидаанд ва дертар ба ноҳияи Рӯшон низ хоҳанд рафт. Ба қавли ӯ, мардуми зарардида аз заминларзаи рӯзи душанбе дар бинои мактаб-интернатҳо ҷой гирифтаанд ва онҳо ба кумаку пуштибонӣ ниёз доранд.

Нилуфар Асламшоева, мудири бахши иттилоот ва таҳлили ҳукумати Бадахшон ба Озодӣ гуфт, аммо ба далели номусоидии ҳаво натавонистаанд ёриҳоро ба ҷамоати Бартанг интиқол бидиҳанд. Ӯ гуфт, каме интизор мешаванд ва сипас бо роҳи заминӣ кумакҳоро ба Бартанг мефиристанд.

Ин масъули ҳукумати Бадахшон афзуд, рӯзи чоршанбе аз Душанбе ду чархболи дигари ҳомили кумакҳо ба Рӯшон меравад ва баъдан афроди серпаноҳ ба маркази Рӯшон, Ванҷ ва Хоруғ интиқол дода мешаванд.

Рӯзи 7 декабр як заминларзаи шадид Тоҷикистонро такон дод. Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон маҳалли вуқӯи ин заминларза дар наздикии Мурғоб буда, нерӯяш ба 7-8 дараҷа мерасид. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бино ба ҳисобҳои пешакӣ дар пайи ин заминларза ҳудуди 700 хонаи сокинон тахриб шуда, 2 нафар ҳалок ва даҳ тани дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

Тайи беш аз як моҳи охир ин бори севум аст, ки зилзилаи шадид Тоҷикистонро меларзонад. Нимаи дувуми моҳи ноябр заминларзаи 2-3 дараҷаи Рихтер дар қаламрави кишвар сабт шуд, ки маркази асосии он дар 327-километрии ҷанубушарқи Душанбе, дар ҳудуди Афғонистон гуфта мешуд.

Пештар аз ин, 26 октябр дар Тоҷикистон заминларзаи шадид рух дод, ки ҳарчанд бе талафоти ҷонӣ гузашт, аммо хисороти зиёде аз худ боқӣ гузошт. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфта буд, дар пайи ин заминларза дар ноҳияҳои Ишкошим ва Роштқалъа, ки ба маркази зилзила, яъне Афғонистон, наздикӣ доштанд, чанд хона хароб шуда ва дар ҳолати садамавӣ қарор гирифтаанд. Дар худи Афғонистону Покистон аз ин заминларза тақрибан 300 нафар ҷон бохтанд.

XS
SM
MD
LG