Самир дар вайрона чӣ мекобад? ВИДЕО.АКС

Самир Ҷобиров бо ҳамсару се фарзандаш чанд сол боз дар як иморати нотамом, воқеъ дар маҳаллаи атрофи бинои Додситони кулли Тоҷикистон, зиндагӣ мекунанд. Самир зодаи шаҳри Душанбест, вале бо сабаби хурд будани манзили падар, баъди оиладор шудан, дар ҳар корхонае, ки кор мекард, онҷо манзили зисташон буд.

Сафар мегӯяд, ки мехоҳад дарс хонад, вале барои мактаб рафтан дафтар, қалам, китоб ва либос надорад.

Самир Ҷобиров рӯзи 28-уми июн гуфт, ки писараш то синфи панҷ ба мактаб рафта ва дарсашро бинобар бекорӣ ва мушкилоти молии хонавода, нотамом гузаштааст. Духтари калониаш Сайфура ҳам, ки бояд дар синфи 3-юм таҳсил кунад, то ба ҳол ба мактаб нарафтааст.

Сабаби аслии аз мактаб дур мондани фарзандонашро Самир Ҷобиров дар надоштани сарпаноҳ медонад. Набуди даромади хуб, сабаби дигари аз мактаб дур мондани фарзандони ӯ шудааст.

Ин хонавода чанд муддат дар идораи нигоҳдории роҳҳои ноҳияҳо кор карда, дар ҳуҷраҳои алоҳидаи ин идора зиндагӣ карданд. Вале бо бузург шудани фарзандон, дигар онҳоро иҷозат надодаанд, ки дар онҷо иқомат кунанд. Самир Ҷобиров мегӯяд, ки як муддат дар сохтмони биноҳои баландошёна кор карда, хостааст бо ин васила дар як гӯшаи сохтмон фарзандонашро ҳам ҷой кунад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Зиндагии Самир ва фарзандонаш дар иморати нотамом

Вале ҳар бор соҳибони сохтмон бо сабаби “хатарнок будани зиндагии кӯдакон дар саҳни сохтмон”, онҳоро аз онҷо берун мекарданд. Бинобар ҳамин, Самир ҳам аз кор ва ҳам аз сарпаноҳ маҳрум шудааст. Ҳоло ин макон дар маҳаллаи "Профсоюз", ягона сарпаноҳи ин хонавода аст. Танҳо дар сардиҳои зимистон барояшон дар идораи нигоҳубини роҳҳо дар назди биноҳо, барои чанд муддат ҷой медиҳанд.

Рӯзгори ин хонавода аз ҷамъовариву фурӯши ҳаргуна ашё, аз ҷумла коғазу зарфҳои пластикӣ аз партовгоҳҳо, пеш меравад. Самир ҳар субҳ бо аробае, ки дар ихтиёр дорад, партовгоҳҳои атрофи маҳаллаи маъруф ба "Профсоюз"-ро гашта, ин маҳсулотро ҷамъ мекунад ва ба нуқтаҳои қабул бурда, пули онро барои хӯроки хонаводааш сарф мекунад. Самир аз замин "лопадка"-ро бардошта ва мегӯяд, ки "ана, ҳамин асбоби ман. ҳамин ба ман нон медиҳад, кӯдаконро сер мекунад...”

Ҳамсояҳо, ки дар биноҳои баландошёнаи атрофи ин сохтмон зиндагӣ мекунанд ва ҳам шахсони саховатманд, гоҳ-гоҳе ба ин хонавода кӯмак мекунанд. Рӯзе қабл аз Иди Фитр, як нафар барои ин хонавода сару либос ва баъзе ашёи зарурии рӯзгорро харидааст. Самир мегӯяд, “барои ман ва кӯдаконам сару либоси нав оварданд ва ҳамаи чизҳои зарурии хонаро хариданд. Масалан, балони газ, сабад ва маводи хӯрока оварданд. Худованд апаи Матлубаро нигаҳбон бошад.”

Зиндагӣ дар гӯшае вайрона

Сафар -- фарзанди калонии Самир ҳар рӯз барои фаромӯш накардани ҳарфҳо, машқи хат мекунад. Ӯ бояд имсол дар синфи шаш ва хоҳараш дар синфи севум таҳсил кунанд. Вале онҳо мисли ҳамсолони худ ба мактаб намераванд. Сафар мегӯяд, ки мехоҳад дарс хонад, вале барои мактаб рафтан дафтар, қалам, китоб ва либос надорад...

Самир мегӯяд, ба ҳамаи мақомоту ниҳодҳо рафта муроҷиат кардааст то ба онҳо агар кӯмаке карда наметавонанд, ҳадди ақал фарзандонашро ба мактаб-интернат ва ятимхонаҳо қабул кунанд, то аз мактаб таҳсил дур намонанд. Вале то ба ҳол аз ҳеҷ ҷое посухи мусбат нагирифтаанд.