Бо қарори додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, 21 бошандаи хобгоҳи воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ-28 рӯзи чаҳоршанбеи 16 март аз манзилҳояшон ронда шуданд. Қарор аст, сокинони дигари ин хобгоҳ рӯзҳои оянда ба таври иҷборӣ манзилҳои худро тарк кунанд.
Дар ин хобгоҳ 140 хонавода аз 10 то 30 сол зиндагӣ мекарданд. Акнун қарор аст, дар он донишҷӯёни донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистондон маскун шаванд. Бошандагони қадимӣ, ки ба гуфтаи мақомот, ба таври ғайриқонунӣ дар ҳуҷраҳои хоҳбгоҳ бо фарзандони худ ба сар мебурданд, то лаҳзаи ахир аз ҷой наҷумбиданд, вале намояндагони додгоҳ кори худро идома доданд.
Қурбонгул Шарипова, истиқоматкунандаи хобгоҳ як сокини ин хобгоҳ гуфт: -Тамоми ҷиҳози хонаамонро ба берун партофта истодаанд. Ҳамин судҷиҷрочиён.Ҳарчанд аз онҳо талаб дорем, ки дар ин боронӣ ҷои рафтан надорем, аммо моро гӯш кардан намехоҳанд.
Раҳима, сокини дигари хобгоҳ меафзояд: - Мо ба судиҷрочиён мехоҳем фаҳмонем, ки хона надорем, аммо онҳо мегӯянд, дар ин қадар сол чаро хона нахаридед? Магар бо маош мешавад, ки хона харид?
Аксари бошандагони хобгоҳ мегӯянд, онҳо қурбони ваъдаву фиреби собиқ роҳбарони корхонаҳояшон шудаанд, ки дар вақташ ваъдаи бо хона таъмин кардани кормандон карданд ва аз як хобгоҳ ба хобгоҳи дигар кӯчониданд. Акнун, ки онҳо бознишаста шудаанд, ҳам аз кори доимӣ ва ҳам аз манзили зист маҳрум мешаванд.
Майрам, яке аз сокинон мегӯяд: - Хона намедиҳанд, аз ин хобгоҳ ба як хобгоҳ ва аз як хобгоҳи дигар... ҳамин тариқ ҷанг сар шуд ва мо ҳам бе хонаву дар мондем.
Майрам Ҷабборова, ки 20 сол дар сохтмонҳои пойтахт кор карда, дар ниҳоят худ бехона мондааст, чунин изҳори алам кард: -Давоми 20 сол дар Душанбесохтмон кор кардем. Аз Деҳотӣ-9 ба ҳамин хобгоҳ кӯчонида оварданд. Ҳамааш бо ҳалномаҳои судӣ буд ва онҷо гуфта мешуд, ки дар наздиктарин фурсат Шуморо бо хона таъмин мекунем. Аммо ҳамеша дурӯғ мегӯянд.
То истиқлолияти Тоҷикистон давлат аҳолии бехонаро аз рӯи навбат ва имтиёз бо манзил таъмин мекард. Рӯхати бехонаҳои Душанбе дар он замон низ дар муқоиса бо манотиқи дигар тӯлонитар буд. Бошандагони ин бино бо онки медонанд навбати хонагирӣ аз байн рафтааст, вале мегӯянд, ки ҷойи рафтан надоранд. Мақомот мегӯянд, онҳо барои харидории як хона даҳсолаҳо фурсат дошатанд. Ҳоло маълум нест, ки ин одамон, ки бисёраш кӯдакони ноболиғ доранд, ба куҷо паноҳ мебаранд?
Аммо Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат, ректори донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, ки ҳамакнун хобгоҳи мазкур бо қарори ҳукумати Тоҷикистон мутааллиқ ба ин донишкада шудааст, даъвои истиқоматкунандагонро беасос хонд. Ба гуфтаи ӯ, хобгоҳ тибқи фармони ҳукумати Тоҷикистон, аз 9-уми августи соли 2014 ба тавозуни донишкадаи мазкур гузаштааст.
Ӯ афзуд: - Дар доираи ин санади меъморӣ, мо чанд маротиба ба нишастагоне, ки дар хобгоҳ зиндагӣ мекунанд, муроҷиат карда, огоҳ кардем. Аз соли 2014 боз инҷониб боз огоҳ мекунем, ки хонаро холӣ кунанд. Мутаассифона онҳо хонаро холӣ накарданд ва мо маҷбур шудем, ки ба Суд муроҷиат намоем. Айни замон судиҷрочиён онҷо кор карда истодаанд.
Тибқи қонун ва тасмими додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ аз охири моҳи феврали соли равон, 140 бошанди ин бино марҳила ба марҳила иҷборан биноро тарк мекунанд. Ихроҷи бахши навбатии сокинон ба остонаи Наврӯз рост меояд.