Ин тарҳро корхонаи воҳиди давлатии «Сохтмони манзили дастрас» бо сарпарастии Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе амалӣ мекунад. Ин ширкат дар ҳоле даст ба кор шудааст, ки нархи манзили замонавӣ дар Тоҷикистон аз хонаҳои Парижу Берлин фарқ намекунад ва худи манзил барои қишри камбизоати аҳолӣ як орзӯи дастнорас шудааст.
Тасими шаҳрдорӣ аҳли фарҳангро хурсанд кард, махсусан дар ҳоле, ки онҳо ҳамеша мушкили манзил доранд ва солиёни тӯлонӣ бо фарзандонашон дар хобгоҳ ва хонаҳои иҷора зиндагӣ мекунанд.
Муҳаммадҷон Шодиев, ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон яке аз онҳоест, ки бо корхонаи мазкур барои харидани манзили дуҳуҷрагӣ шартнома имзо кардааст. Ҷаноби Шодиев мегӯяд, «ман пеш аз он ки муштарии ин муассиса шавам, қариб ба ҳамаи ширкатҳои хусусӣ, ки ба сохтмони хонаҳо машғуланд, сар задам. Бо роҳбари ширкат ва ҳам сохтмончиён сӯҳбат кардам. Ба ман ин корхона писанд афтод. Чун дар таҳти назорати ҳукумати шаҳр аст, кафолаташ бештар аст ва ман фикр мекунам, ки сифати сохтмон низ бояд беҳтар бошанд. Нархи хонаҳо ҳам дар қиёс ба хонаҳое, ки ширкатҳои хусусӣ месозанд, арзонтар аст».
Дар Тоҷкистон ҳамагӣ якчанд ширкати хусусии сохтмонӣ ба бунёди манзилҳо машғул аст. Инҳоро умдатан ширкатҳои монополист меноманд, ки бозорро дар даст доранд ва нарху наворо муайян мекунанд.
Дар пасманзари нарху навои ин ширкатҳо, қиммати хонаҳои корхонаи воҳиди давлатии «Сохтмони манзили дастрас» хеле одилона ба назар мерасанд. Ҳоло сохтмони манзилҳои дастрас дар кӯчаи Соҳилӣ, маҳаллаи «Муҳандис» ва кӯчаи ба номи Нурулло Ҳувайдуллоеви шаҳри Душанбе ҷараён дорад ва ба гуфтаи раҳбарони тарҳ, дар баъзе биноҳо бахши умдаи корҳои сохтмонӣ анҷом шудааст.
Аммо ин манзилҳо хонаҳое ободе нестанд, ки пулро бидиҳӣ ва калидашро бигирӣ. Инҳо ба сурати умум хонаҳои ниматайёр буда бидуни андоваи девори дохили хона ва ҳаммому ҳоҷатхона ба соҳибонашон супорида мешаванд.
Масъулони корхонаи «Сохтмони манзили дастрас» мегӯянд, то охири сол дусад нафар соҳиби манзил хоҳанд шуд. Дар маҷмӯъ беш аз сесад нафар бо мақсади дарёфти манзил бо ин корхона шартнома бастаанд.
Нурулло Наимов, сарвари корхонаи «Сохтмони манзили дастрас» мегӯяд, агар як метри мураббаи хонаҳое, ки ширкатҳои хусусӣ месозанд, болотар аз 900 доллар арзиш дошта бошад, нархи як метри мураббаи хонаҳое, ки ин ширкат месозад, аз ду то се ҳазор сомонӣ, яъне аз 400 то 600 доллар аст. Наимов гуфт, «ин ба ошёнаи хонаҳо вобаста аст. Хонаҳои ошёнаи поён гаронтар ва ошёнаҳои болотар арзонтар будаанд. Масалан, хонаҳои якҳуҷрагӣ дар ошёнаи дувоздаҳум 16 ҳазор доллар арзиш доранд, дар ошёнаи якум 25 ҳазор доллар. Аммо духонагӣ бо масоҳаташ 80 метри мураббаъ, дар ошёнаи якум чил ҳазор доллар нарх дорад.»
Бо он, ки масъулони ширкати «Сохтмони манзили дастрас» арзон будани моли худро тавсиф мекунанд, иддае аз муштариён бар ин назаранд, ки арзиши ин хонаҳо барои ин қишри ҷомеа гаронӣ мекунад.
Холида, як пизишки тоҷик, мегӯяд, на ҳама имкон доранд, ки хонаҳои «Сохтмони манзили дастрас» -ро харидорӣ кунанд. «Солҳост дар хонаи хешовандон зиндагӣ дорам. Агар ҳукумати шаҳр ба ман замин ҷудо кунад, пайвандонам барои сохтмони манзил кӯмак мекунанд ва ин бароям мувофиқтар хоҳад буд. Вале ҳарчанд чанд сол пеш барои замин ариза дода будам, то ҳанӯз ба гирифтани он муваффақ нашудаам.»
Муҳаммадҷон Шодиев, ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон низ мегӯяд, пардохти маблағ барои харидории хонаҳои «ширкати «Сохтмони манзили дастрас» гаронӣ мекунад. Вале дӯстону пайвандонаш ваъда додаанд, ки ба ӯ ёрӣ мерасонад. Шодиев мегӯяд, хуб аст, ки ширкат қарзи худро моҳ ба моҳ мегирад ва хиридороро дар ҳоли ногувор намегузорад.
Дарёфти манзил барои онҳое, ки аз музофот ба пойтахт меоянд ва мехоҳанд баъди анҷоми таҳсил дар Душанбе бимонанд, ҳамеша мушкили рақами як ҳисоб мешавад. Ҳарчанд солиёни ахир аз ҷониби ширкатҳои хусусӣ сохтмони манзилҳои истиқоматӣ дар шаҳр авҷ гирифтааст, он хонаҳо на ба ҳама дастрасанд. Аксаран онҳо барои мардуми ба истилоҳ «элита» сохта мешаванд.
Сокинони зиёде мехоҳанд, замин бигиранд ва аз рӯи завқу тавони худ хона бисозанд. Вале шаҳрдорӣ наметавонад ҳамаи хоҳишмандонро бо замин таъмин кунад. Дар ҳоле, ки домани Душанбе бо хонаҳои навсохт дорад ба чанд тараф паҳн мешавад, боз ҳам теъдоди мардуми бехона коҳиш намеёбад. Мардуми бекор аз деҳаҳо ба сӯи шаҳр, ки дар онҷо мешавад як ҷойи коре пайдо кард, ҳаракат мекунанд. Ҳоло даҳҳо ҳазор нафар барои манзил ва қитъаи замин ба шаҳрдорӣ муроҷиат кардааст.
Тибқи нақшаи генералӣ, шаҳри Душанбе барои 600 ҳазор нафар пешбинӣ шудааст. Аммо дар ҳоли ҳозир бар асоси омори расмӣ, теъдоди сокинони шаҳр ба 750 ҳазор нафар баробар аст. Ин омори расмӣ аст. Аммо бар пояи омори ғайррасмӣ ва мушоҳидаи кӯчаҳои серодами метавон ҳадс зад, ки ин рақам ҳадди ақал як баробар кам нишон дода шудааст.
Ахиран шаҳрдорӣ барои корхонаи «Сохтмони манзили дастрас» дар кӯчаи Сино боз ду гектар замини дигар ҷудо кард ва сохтмони хонаҳо дар ин минтақа дар моҳи май оғоз мешавад. Интизор меравад, бо бунёди ин хонаҳо беш аз 800 нафар соҳиби манзил хоҳад шуд.
Бо ин ҳам то куҷо «манзилҳои дастрас» мушкили дастрасии сокинони Душанберо бо манзил бартараф мекунанд, танҳо вақт нишон хоҳад дод.