Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бомжи тоҷик дар Маскав: "Ба масҷид роҳам надоданд"


Ғафур, оворае, ки мегӯяд, аз Тоҷикистон аст (Акс аз Михаил Кончитса)
Ғафур, оворае, ки мегӯяд, аз Тоҷикистон аст (Акс аз Михаил Кончитса)

Шахсе бе ҷои муайяни зиндагӣ ё БОМЖ ба Хадамоти хайрияи православии «Милосердие» дар Маскав гуфтааст, ӯро ба масҷид роҳ надоданд, вале калисо барояш ғизо ва либос тақдим намуд.

Ғафури 50-сола, марде бе ҷои муайяни зиндагӣ, зодаи Тоҷикистон ва устоди навъи варзиши киксбоксинг ба Хадамоти хайрияи православии «Милосердие» дар Маскав гуфтааст, 17-уми ноябри соли гузашта ӯро шадидан латукӯб карда, пул ва ҳуҷҷатҳояшро рабудаанд. Аз он вақт то ҳоло ӯ ба як бехона ё БОМЖ табдил ёфтааст.

Ин марди овора мегӯяд, зодаи шаҳри Хуҷанд буда, факултаи энергетикии Донишгоҳи политехникии Душанбе хатм кардааст, аммо 20 соли охир дар Русия муҳоҷир аст.

«Дар Калининград дар сохтмон кор мекардам. Дар Чита ҳам будам ва ҳам дар Новокузнетску Иркутск. Ин қадар биное ман сохтам!»

Ғафур гуфтааст, ӯро хеле сахт, то аз ҳуш рафтан задаанд ва баъд аз ин пизишкон ду дафъа ҷарроҳияш кардаанд. «Аз ҷарроҳии савум даст кашидам. Вале зинда мондам.»

Бино бар маълумоти Хадамоти хайрияи православии «Милосердие», Ғафур, ки номи хонаводагияш оварда нашудааст, танҳо шумораи телефони духтарашро дорад ва гоҳе аз раҳгузарон телефон қарз гирифта, дар ивази 15 рубл бо духтар ва модари худ сӯҳбат мекардааст. Фақат мехостааст, ки онҳо зинда буданашро донанд.

«Колхоз буд. Ангурзор. Аз ҳафтсолагиям кор мекунам. Модарам колхозчӣ, падари худораҳматиям тракторчӣ буд. Модарам ҳамаи мо, бачаҳоро ба ангурзор мебурд, мо ангур мечидем ва ба қуттиҳо мегузоштем. Дар қуттиҳо рақам мечаспондем. Рақами модарам, дар ёдам ҳаст, ки 270 буд. Мечапсондему мечаспондем,» -- нақл кардааст Ғафур ба хабарнигори портали«Милосердие», Ирина Сечина.

Ғафур гуфтааст, ки раҳгузарони зиёде ба ӯ ғизо медиҳанд, аммо телпак ва борониро барояш дар калисои русӣ додаанд. «Як бор ба масҷид рафтам. Дарбон маро роҳ надод. Бисёр чиркин будам. Аммо калисо маро қабул кард, либоси нав дод, вале масҷид маро роҳ надод.»

Бехонае, ки худро Ғафур номидааст, меафзояд, барояш коре ваъда додаанд, ки моҳонааш 50 000 рубл аст. Вай афзудааст, ба пул ниёз дорад, шояд ба қарзе барои як ҳафта, ки ба ватан баргардад ва духтарашро ба шавҳар диҳад. Аммо кордиҳанда гуфтааст, ки Ғафур аввал бояд ҳуҷҷатҳояшро ба тартиб дарорад.

Рӯшан нест, оё ӯ ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия муроҷиат кардааст ва ҳамдиёру ҳамватанеро дар Маскав мешиносад, ё на, аммо мегӯяд: «Ҳамаи вокзал, ҳамаи бомжҳо дӯстони мананд. Намемурам, зинда мемонам.» Ғафур мегӯяд, хабарнигори ҳамсӯҳбаташ шахси даҳумест, ки ба ӯ ваъдаи кӯмак мекунад. «Аммо агар ёрӣ дода наметавонед, ваъда ҳам надиҳед.»

XS
SM
MD
LG