Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

7 масҷидро дар Кӯлоб ба оилаҳои бехона додаанд


Мақомоти шаҳрдории Кӯлоб мегӯянд, ки ҳафт бинои масҷиди, ба қавли онҳо, ғайриқонуниро барои зиндагӣ ба сокинони бехона додаанд.

Мақомоти шаҳри Кӯлоб аз аввали соли ҷорӣ 7 ҷои намозгузории сокинонро, ки ба қавли онҳо сохтмонаш ғайриқонунӣ будааст, барои зиндагӣ ба аҳолии бехона супурдаанд. Онҳо мегӯянд, ки дар маҷмӯъ дар Кӯлоб 54 масҷиди ғайриқонунӣ сабт шуда, баъзеашон алакай ба ҷойҳои фароғатӣ табдил ёфтаанд.

Яке аз ин масҷидҳои, инак, собиқ дар маҳаллаи "Хатти роҳ"-и шаҳри Кӯлоб воқеъ аст ва ҳуҷраҳои он ба зани 45-сола Савсан Ҷонова насиб кардааст. Ҷононова се моҳ боз ҳамроҳи писараш дар хонаи нав зиндагӣ мекунад.

Ӯ рӯзи 20 апрел дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки солҳои охир дар яке аз ҳуҷраҳои танги бинои Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар Кӯлоб зиста, ҳатто духтарашро дар он ҷо ба шавҳар додааст. Ҳоло ӯ аз пайдо кардани сарпаноҳи нав хушҳол аст: "Аз ин ки мақомот барои ман ин биноро доданд, хушҳолам. Чун 15 сол пеш аз шавҳарам бо ду кӯдак ҷудо шудам ва ҳеч кас маро ба хонааш роҳ надод. Чандин бор ба мақомот ва парлумон барои ёфтани сарпаноҳ муроҷиат карда будам."

Савсан Ҷонова
Савсан Ҷонова

Маҳалли иқомати ҳозираи Савсан Ҷонова ду сол пеш аз сӯи сокинони "Хатти роҳ"-и шаҳри Кӯлоб барои намозгузорӣ бунёд шудааст. Ин бино мисли масоҷиди дигар бузург набуда, гунбад ҳам надорад. Аммо сокинонаш мегӯянд, азбаски ин бино ба нияти намозгузорӣ сохта шудааст, дар онҷо зиндагӣ кардани одамонро қабул надоранд.

Савсан Ҷонова мегӯяд, ин аст, ки сокинони гирду атрофи "хонаи наваш" намегузоранд, ки ӯ ором ба сар бибарад. "Ҳатто рӯзе шуд, маро фашист гуфтанд," – нақл кард Ҷонова ва афзуд, ки ҳоло аз болои баъзе ҳамсояҳояш ба додситонӣ шикоят бурдааст. Ӯ иддао дорад, онҳо гоҳе нерӯи барқашро қатъ мекунанд ва гоҳе мушкили дигар пеш меоранд.

7 масҷидро дар Кӯлоб ба оилаҳои бехона додаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00

Кенҷамо Маҷидова, муовини шаҳрдори Кӯлоб, дар сӯҳбат бо Озодӣ ин қазияро шарҳ дод. Ӯ гуфт, ки пеш аз маскун кардани Савсан Ҷонова дар бинои масҷиди собиқ бо сокинони он маҳал сӯҳбат карда, дар ин бора онҳоро огоҳ карда будаанд.

Дохили бино
Дохили бино

Вай афзуд: "Аввал аз худи сокинон хостем, то ягон одами наздик ба худашонро, ки замину хона надорад, дар он ҷо маскун кунанд. Ё пешниҳод кардем, ки толори варзишӣ кунанд, аммо гапро нагирифта ва гуфтанд, ки дар масҷид кӣ омада бозӣ мекунад? Баъд мо бо кормандони мақомоти интизомӣ ин занро бурда дар онҷо ҷо кардем. Ҳоло онҳо бедор шуда, барои гирифтани бино даъво доранд, ки алакай ба номи Ҷонова ҳуҷҷатгузорӣ шудааст."

Шарифхон Талабов, раиси маҳаллаи “Хати роҳ” мегӯяд, аз ин ҷойгиршавии Савсан Ҷонова дар бинои масҷид як гурӯҳи хурди сокинон норозиянд, ки дар сохтмони бино саҳм гирифтаанд. Вале худи сокинон расман дар сӯҳбат бо мо изҳори назар накарданд.

Ин барои аввалин бор нест, ки дар минтақаи Кӯлоб масҷид ба хонан сокинон мубаддал мегардад. Соли гузашта дар ноҳияи Ховалинг низ панҷ масҷид ба сокинони камбизоат, ки дар як хона чанд оила ба сар мебурданд, ҳамчун хона супурда шуд ва ин сокинон бо машварати ҳамдеҳагонашон соҳиби хона шуданд.

Қаблан Савсан Ҷононова ҳамроҳи кӯдаконаш дар як ҳуҷраи кӯчаки бинои ҳизби коммунист дар Кӯлоб мезист
Қаблан Савсан Ҷононова ҳамроҳи кӯдаконаш дар як ҳуҷраи кӯчаки бинои ҳизби коммунист дар Кӯлоб мезист

Табдили масҷидҳои ғайрирасмӣ ба маконҳои тафреҳӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ дар соли 2010, баъди мавриди иҷро қарор гирифтани қонуни нави озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ оғоз шуд. Дар ин муддат беш аз ҳазор масҷид дар гӯшаҳои Тоҷикистон ба ҷои ҷамъиятӣ табдил дода шудааст.

Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки чунин рафтор бархӯрди номуносиби мақомот бо диндоронро ба намоиш гузошта, эҳтимол дар дили бархе аз сокинони Тоҷикистон, ки беш аз 90 дарсадашон мусалмонанд, доғ бигузорад. Онҳо мегӯянд, мақомот бояд тахриби масоҷид ва ё табдили онҳо ба корхона ва ё чойхонаро тавре анҷом бидиҳанд, ки "на сих сӯзаду на кабоб".

XS
SM
MD
LG