Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарварбӣ дар кӯча монд, аммо бе "хоначаи сайёр" (3 ВИДЕО)


Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ба матлаби Радиои Озодӣ, ки таҳти унвони “КОРИ САВОБ: "Хоначаи сайёр" - барои як зани бехона дар Кӯлоб” ба нашр расида буд, вокуниши расмӣ нишон додааст.

Мақомоти Тоҷикистон ба сарнавишти як зани бехона, ки одамон барояш хоначаи сайёр сохта буданд, вокуниш карданд, аммо дар ҳоли ҳозир ин вокуниш танҳо сабаби он шуд, ки Сарварбӣ Шарипова аз хоначаи худ маҳрум шуд ва дар кӯча ба сар мебарад. Рӯзи 9-уми январ вай дар наздикии бинои ҳукумати шаҳри Кӯлоб, дар маркази ин шаҳр ва дар мазҳари ом намоз гузошт ва мегӯяд, мақомоти давлатӣ ваъда кардаанд, ки барояш қитъаи замин хоҳанд дод.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ бо имзои муовини вазир Наврӯз Ҷаъфаров рӯзи 8 январ ба Дафтари Радиои Озодӣ нома фиристод. Дар он гуфта мешавад, Бахши ҳифзи иҷтимоии Кӯлоб пас аз омӯзиши ҳамаҷонибаи вазъи зани бесарпаноҳи солхӯрда Сарварбӣ Шарипова ва наздикони ӯ, маълум кардааст, ки феълан вай дар манзили писару келинаш зиндагӣ мекунад ва маъюби гурӯҳи якум аст.

Вале худи Саврарбӣ Шарипова дар ин навор ҳақиқати вазъи феълияшро чунин ҳикоят мекунад:

Апаи Сарварбӣ аз хонаи сайёр маҳрум шуд, вале ба ӯ замин ваъда кардаанд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:01 0:00

Апаи Сарварбӣ дар кӯча ба сар мебарад.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:04 0:00

Дар посухи Вазорати тандурустӣ омадааст, ин ки бародари ин пиразан Ҳ. Алиев,гуфта бошад,”наздиконаш, ки зиндагии серу пур надоранд, ба пиразан гуфтаанд, ки ба зиндагии онҳо сарборӣ нашаваду, зиндагиашро худаш ёбад, асосе надорад.” Дар ин нома аз ҷумла омадааст, ки борҳо бародарону наздиконаш ба ӯ пешниҳоди зиндагии якҷоя кардаанд, вале Сарварбӣ рад кардааст ва зиндагӣ дар хонаи сайёри худро афзалтар шуморидааст. Бахши ҳифзи иҷтимоии Кӯлоб зиндагӣ дар хона-интернатро ба ин зан пешниҳод кардааст, аммо вай рад намудааст.

Маълум нест то куҷо ин иттилоъ дуруст аст, аммо наздикони Сарварбӣ мегӯянд, вай дар соли 2013 ҳангоми сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мехост, аз вазъи худ ба сарвари давлат шикоят кунад. Аммо боздошт шуда, бо гумони ноқисулақлӣ ба бемористон бурда шудааст. Аммо пизишкон ташхис кардаанд, ки вай ягон бемории равонӣ надорад.

Сарварбӣ Шарипова рӯзи 30 декабри соли гузашта дар сӯҳбати рӯ ба рӯ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки 14 соли ахир ҳамроҳ бо ягона писараш дар хиёбонҳои Кӯлоб зиндагӣ мекунад ва тамоми талошҳояш барои гирифтани замин ва сохтани манзили зист бенатиҷа анҷом ёфтаанд. Ҷойи буду боши ӯ асосан атрофи бозори шаҳр аст ва рисқу рӯзии ӯ ба раҳгузарони саховатманд бастагӣ дорад.

Хонаи сайёри пиразани талбанда
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:50 0:00

Аммо “хонаи сайёр”-ро барои кампир ду марди барояш ношинос сохтаву тӯҳфааш карданд. Ин асосан аробаи нисбатан бузурги чаҳорчарха аст. Онҳое, ки “хонаи сайёр”-ро аз рӯи шафқат барои кампир сохтанд, ба истилоҳ “каҷкӯли гадоӣ”-и ӯро низ замонавӣ кардаанд. Қуттии хайрияи пластикӣ ба ароба васл шудааст ва ду тангае, ки мардум ба ин кампир медиҳад, аз боду борон эмин мемонад.

Ин ду мард бо анҷом ин кори савоб ҳатто номи худро ошкор накардаанд ва худи пиразан мегӯяд, ки онҳоро ҳатто намешиносад. Танҳо як чиз маълум аст, ки он ду нафар тоза аз сафари Ҳаҷ баргаштаву ҳоҷӣ будаанд. Кори хайри ду марди ношинос тоҷирони бозорро низ ба кори хайр таҳрик дод ва яке аз онҳо ба "хона"-и кампир нерӯи барқ гузаронд.

Сарварбӣ Шарипова мегӯяд, ки то соли 1994, то замони кушта шудани ҳамсараш, ки ходими пулис буд, дар Қӯрғонтеппа зиндагӣ мекард, вале баъдан ба Кӯлоб ба хонаи хешовандонаш омад ва он қадар барои дарёфти як порча замин даводав кард, ки билохира аз пой афтод.

XS
SM
MD
LG