Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндагӣ дар “гараж”. ВИДЕО


Зиндагӣ дар "гараж"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Як зани 35-сола аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, агар мақомот дастгирӣ накунанд, дар фасли сармо бо се тифлу модараш дар кӯча хоҳад монд. Сурайё Дадобоева гуфт, хонаводааш аз ночорӣ панҷ моҳ дар “гараж”-и сарду бетонӣ зиндагӣ ихтиёр карда буд, вале бо шурӯи хунукӣ ҳамсояҳо онҳоро дар манзили иҷораи арзонтаре ҷой намуданд.

Ҳоло хонаводаи иборат аз панҷ нафари Сурайё дар як ҳуҷраи танги иҷора зиндагӣ доранд ва ҳар моҳ 200 сомонӣ медиҳанд.

Сурайё мегӯяд, зӯраш барои саривақт пардохтани пули иҷора намерасад ва хафв дорад, ки имрӯз ё фардо дубора дар кӯча хоҳанд монд. “Дар як ошхона табақшӯӣ мекунам. Фақат барои он кор мекунам, ки модараму кӯдакон гурусна намонанд ва пули иҷораи хонаро то ҷое пардозем. Вале, намедонам, ба ин шакл то кай идома хоҳад кард”, - афзуд ӯ.

“Хоҳарам ба муҳоҷират рафт ва ду фарзандашро гузошт”

Ин сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳиби як духтари чордаҳсола аст. Вай мегӯяд, баъди онки хоҳараш барои кор ба пойтахти Русия рафт, нигоҳубини ду тифли ӯ –Абдураҳими дусола ва Фирӯзаи панҷсола – низ ба дӯшаш бор шудааст.

Маҳмурод Одинаев
Маҳмурод Одинаев

Ҳуқуқшинос Маҳмурод Одинаев гуфт, боре вазъи бади хонаводаи Сурайёро дар “гараж” дида, хост ба онҳо ёрӣ кунад. “Аз номи Сурайё Дадобоева ба ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ариза навиштам, ки ин оилаи бесарпаноҳро ҳар чӣ зудтар бо манзили муваққатӣ ё хобгоҳ таъмин кунанд. Инчунин, ба намояндагии созмони Салиби Сурх дар Душанбе муроҷиат кардам, ки ба қадри имкон ин оиларо дастгирӣ кунанд, ки бо кӯдаконашон дар зимистон азоб накашанд”, - гуфт ӯ.

Ҳоло хонаводаи иборат аз панҷ нафари Сурайё дар як ҳуҷраи танги иҷора зиндагӣ доранд ва ҳар моҳ 200 сомонӣ медиҳанд. Барои духтараш Заррина, ки бемории “припадка” дорад, ҳар ҳафта бояд ба қимати 25 сомонӣ дору бихарад. Маъруфхӯҷа, яке аз ҳамсояҳои Сурайё мегӯяд, “инҳо ҳоло ҳам ба ёрӣ муҳтоҷанд. Мо аз ҳолашон бохабар шуда меистем ва ҳар чизе аз дастамон ояд, ёрӣ мекунем.”

Маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Хонаводаи Сурайё мегӯянд, дастмузди ӯ ягона манбаи даромади онҳост ва ба ҷуз ҳимояти хайрхоҳону ҳамсоягон дигар ёрие дарёфт намекунанд ва ба ҳайси оилаи камбизоат ҳам сабт нашудаанд. Онҳо пинҳон намедоранд, ки барои дарёфти ёриву дастгирӣ боре ҳам ба мақомот муроҷиат накардаанд. Вале сабаби инро шарҳ дода наметавонанд, ки чаро аз масъулони дастгирӣ талаб накарданд?

Мақомот: Мо нав фаҳмидем

Дилбар Бобоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфт, тоза аз мушкили ин оила огоҳ шудааст. “Мо ҳозир як комиссия ташкил мекунем ва рафта вазъи зиндагии онҳоро мебинем ва ёриву дастгирӣ зарур бошад, мекунем. Аз ин пештар як зан дар дегхона зиндагӣ мекард, ки сарпаноҳи муваққатӣ додем. Агар инҳо ҳам муроҷиат мекарданд, ёрӣ мекардем”, - гуфт Бобоева. Ба қавли мусоҳиби мо, дар гузашта онҳо 5 зани хушунатдида ва танҳову бесарпаноҳро дар паноҳгоҳи муваққатӣ ҷой карда, дар коргоҳи дӯзандагӣ бо омӯзиш фаро гирифтаанд ва Сурайё ҳам метавонад аз ин имконият бархӯрдор шавад.

Мушкили занони бесарпаноҳ хоси танҳо ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нест. Дар минтақаҳои дигари Суғд низ занҳои бесарпаноҳ дар хонаҳои тангу тори иҷора ва гоҳе дар “гараж”-у таҳхонаҳо зиндагӣ мекунанд. Вале шумораи ин гуна занҳо зиёд нест. Чунки дар ҷомеаи суннатгарои Тоҷикистон ба ин гуна занони танҳову бехона ва дар хешу таборон дасти ёрӣ дароз мекунанд, сарпаноҳ медиҳанд ва намегузоранд танҳо ё бо кӯдаконашон дар кӯча монанд ва азият кашанд.

“Сурайё бо шавҳараш никоҳи қонунӣ надошт”

Модари Сурайё - Салима Турсунова мегӯяд, Сурайё соли 15 сол пеш бо шавҳараш бе никоҳи расмӣ оиладор шуда буд ва баъди ҷудоӣ дигар шавҳараш аз ҳоли онҳо бепарвост. “Онҳо пеш аз тӯй аз қайди ЗАГС нагузаштанд. Баъд 5 сол “имрӯз, пагоҳ” гуфта, никоҳашонро расмӣ накарда гаштанд. Шавҳараш шаробхор буд ва вақти зиндагии якҷоя ҳам бештари пули ёфтаашро сарфи нӯшидан мекард. Акнун баъди ҷудоӣ дигар ҳатто аз ҳоли духтари бемораш хабар намегирад.”

Ҳамсолони Зарринаи 14-сола дар синфи 7 таҳсил мекунанд, вале ӯ боре ба мактаб нарафтааст. Вай мегӯяд, ҳатто номашро навишта наметавонад ва орзу дорад мисли ҳамсолонаш паси мизи мактабӣ нишаста, хатту савод омӯзад. Модари ӯ – Сурайё Дадобоева мегӯяд, талош дорад, ки атфоли худу хоҳари муҳоҷираш солим калон шаванд ва таҳсил кардаву касбу кор омӯзанд.

XS
SM
MD
LG