"Ишқи пирӣ гар биҷунбад". Ақди никоҳи калонсолон афзудааст. ВИДЕО

Ба Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (ЗАГС)-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ахиран аризаи зану марде барои бастани ақди никоҳ ворид шуд, ки аввалӣ 65 ва дувумӣ 60 сол доранд. Ҳамсари аввали мард фавтидааст ва зан ҳам аз бахти аввал бо сабабе ҷудо шуда, акнун мехоҳад зиндагии навро оғоз кунад.

Маросими хоксоронаи издивоҷ

Шавҳар кардани занони бузургсол бо марди ҷавон дар ҷомеаи тоҷик як ҳодисаи нодир аст, аммо мардҳо дар пиронсолӣ ҳам бо баҳонаи парастор ёфтан, ба занҳои ҷавон рӯ меоранд.

Хонаҳои ақди никоҳ дар Тоҷикистон дар баробари ҷуфтҳои ҷавон ҳамарӯза риштаи зиндагии чандин нафари бузургсолро низ ба ҳам мепайванданд. Маросими никоҳи расмии зану мардони миёнсоли тоҷик, ки баъд аз шикасти бахти аввал талоши бунёди оилаи дигарро мекунанд, маъмулан хоксорона ва танҳо бо ҳузури худи домоду арӯс ё баъзан бо ширкати ду шоҳид сурат мегирад.

Масъулони Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Фирдавсӣ мегӯянд, теъдоди зан ва мардҳои бузургсоле, ки издивоҷи худро расмӣ мегардонанд, ба фарқ аз солҳои пеш афзудааст. Дар ин муассиса, дар як моҳ беш аз 6 ҷуфти аз 50-сола боло ақди никоҳ мебанданд.

Аз никоҳи исломӣ ба никоҳи расмӣ

Саёҳат Достизода, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе.

Саёҳат Достизода, мудири бахши сабти асноди шаҳрвандии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯзи 5-уми октябр гуфт, "синни бархеи онҳо аз 70 зиёд ҳаст. Ҳам зан ва ҳам мард мехоҳанд, ки никоҳи худро ба расмият дароранд. Мақсади онҳо ҳимоят аз оилаҳои худ аст. Яъне баъд аз сари якеи онҳо фарзандон онҳоро пушти по накунанд."

Талоши ба расмият даровардани издивоҷи калонсолон дар ҳолест, ки қаблан мардон дар синну соли калонтар дигар бо никоҳи исломӣ иктифо карда, оромона ба зиндагии нав шурӯъ мекарданд. Занҳо ҳам одатан дар ин син аз тақозои никоҳи расмӣ шарм мекарданд ва бо умеди бунёди як оилаи хубу дарёфти сарпаноҳ, аз мардон талаби зиёд надоштанд. Аммо, ба гуфтаи таҳлилгарон, бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши баҳсҳои оилавӣ ва ҷанҷолҳое, ки баъди сари мардони пиронсол байни ҳамсарони нави онҳо ва фарзандон сар мезанад, тақозои расмӣ кардани издивоҷ дар пиронсолӣ ҳам бештар шудааст.

"Занмурда ба қадри зан намерасад"

Шарофат Ҳалимоваи 39-сола, ки 2 сол пеш бо марди 66-сола никоҳ кард, мегӯяд, шавҳари нав барои ба даст овардани дили ӯ аввал ваъдаи издивоҷи расмӣ ва бунёди хонаро кард. Аммо пас аз никоҳ ин ваъдаҳо фаромӯш шуданд ва бо хости яке аз фарзандони шавҳараш, ки ӯро қабул надошт, аз хона берун карда шуд.

Шарофат Ҳалимова.

“Аз шаҳр ба як ноҳияи дурдаст рафтам. Гуфтам, ки ҳама корро ба гардан мегирам, фақат ба хотири бахту зиндагии осуда. Бо фарзандонаш муносибати хуб доштам. Аммо писараш нахост, ки ман онҷо бошам. Маро соати 11-и шаб оварда, дар хонаамон монданд. Мегӯянд, занмурда ба қадри зан мерасад, лекин ин тавр набудааст. Азоб кашидам, ҳатто омода будам, худкушӣ кунам. Аммо Худо нигаҳ дошт", - нақл кард Шарофат Ҳалимова.

Шарофат мегӯяд, писари шавҳараш аслан аз он ҳарос дошт, ки зани нави падар фарзанд таваллуд кардаву хонаро соҳибӣ мекунад. Дар Тоҷикистон садҳо зани миёнсол ва бузургсол сарнавишти Шарофатро доранд. Онҳо бо мардҳои бузургсол шавҳар мекунанду дар сурати фавти мард ё норозигии узве аз хонаводаи шавҳар, бе ҳаққу мерос мемонанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Ишқи пирӣ гар биҷунбад". Ақди никоҳи калонсолон афзудааст

Покизамоҳ, зани дигар дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон, хеле ҷавон ба марди солдида расид. Аммо баъд аз сари мӯйсафед фарзандон ӯро ҳам ҷавоб доданд. "Чанд сол истодам, хидмат кардам, вале писараш гуфт, ба хубӣ баромада рав. Ҳоло саломатиам хуб нест ва дар хонаи наздиконам зиндагӣ дорам", - гуфт ӯ.

"Инҷо масъалаи шарм нест, масъалаи ҳуқуқ аст"

Масъулони созмонҳои кор бо занон мегӯянд, ки издивоҷи мард ё зан новобаста ба син, муҳим аст. Ба гуфтаи онҳо, фарзандон ҳам бояд вазъи волидони худро дарк намуда, набояд ба зиндагии онҳо дар пиронсолӣ монеа эҷод кунанд. Мавлуда Ҳусейнова, вакили маркази буҳронии “Боварӣ ба фардо” рӯзи 5-уми октябр гуфт, маъмулан онҳо ба занон тавсия медиҳанд, ки новобаста ба синни худ, ҳангоми бунёди оилаи нав аз талаби издивоҷи расмӣ ё ақди никоҳ шарм надоранд.

Мавлуда Ҳусейнова, адвокати маркази бӯҳронии "Боварӣ ба фардо"

“Зане ба мо муроҷиат карда буд. Ӯ гуфт, никоҳи мусулмонӣ кардем, вале шарм медорам, ки рафта дар ЗАГС ба расмият дарорем. Мо шавҳарашро даъват карда, бо ҳарду сӯҳбат намудем. Гуфтем, ҷои шарм нест. Дар кадом ҳолат, ки набошад, бояд Шумо издивоҷро расмӣ кунед. Ин ба манфиати Шумо ҳаст. Онҳо ҳам розӣ шуданд", - гуфт Мавлуда Ҳусейнова.

"То охир бегона мемонад"?

Дар Тоҷикистон омори никоҳи бузургсолон вуҷуд надорад. Аммо маъмулан баъд аз 1 ё 2 соли фавт ё ҷудо шудан аз ҳамсарони худ, мардон дар ҷустуҷӯи оилаи нав мешаванд. Занон ҳам, аксаран онҳое, ки шароити хуби зиндагӣ надоранд, ба бунёди оилаи нав бо мардони бузургсол, розӣ мешаванд.

Шавҳар кардани занони бузургсол бо марди ҷавон дар ҷомеаи тоҷик як ҳодисаи нодир аст, аммо мардҳо дар пиронсолӣ ҳам бо баҳонаи парастор ёфтан, ба занҳои ҷавон рӯ меоранд. Теъдоде аз фарзандон оилаи нави падарро пас аз вафоти ӯ парасторӣ карда, ба сарпаноҳ таъмин мекунанд. Аммо барои теъдоди дигар ҳамсари нави падар то охир бегона мемонад.