Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӣ танҳо дар кунҷи хона нишастану насиҳат кардан нест. ВИДЕО


Гурӯҳе аз бознишастаҳо дар Тоҷикистон рӯзи худро бо машқи бадан, сайру сайёҳат ва рақсу шӯхиву сӯҳбатҳои самимӣ, сипарӣ мекунанд. Онҳо ба ин боваранд, ки пирӣ фақат дар кунҷи хона нишастану насиҳат кардан иборат нест. Ин гурӯҳи занону мардон ахиран дар як маҳфил ё клубе гирди ҳам омадаанд, то зиндагии худро рангинтару зебо кунанд.

Зулайхо Эгамова, таъсисдиҳандаи ин бошишгоҳ, ки чаҳор сол қабл ба нафақа баромадааст, мегӯяд, ки аз бекорӣ ва гӯшанишинӣ хаста шуда, тасмим гирифт, ки ба кори наве шурӯъ кунад, аммо фарзандон монеъ шуда, барои истироҳат ӯро ба шаҳри Маскав фиристоданд. Аммо Зулайхо аз онҷо бо идеяи нав баргашт.

Бошишгоҳи бознишастаҳои фаъол, ки як моҳ қабл таъсис ёфт, айни ҳол ҳамагӣ 12 нафар аъзо дорад, вале муассисонаш умедворанд, ки теъдодашон ба зудӣ меафзояд.

Зулайхо Эгамова мегӯяд, "онҷо афроди ба нафақа баромада бекор намешинанд, клуб мераванд, консерт мераванд, аслан ягон ҷое мераванд, ки бо дигар одамон сӯҳбат карда, вақташонро хуб гузаронанд. Ман ҳам тасмим гирифтам, ки ба Душанбе баргашта, чунин клубе ташкил мекунам. Одамони Шарқ бояд, ки бо ҳам сӯҳбат кунанд, бе одам буда наметавонем, зиқ мешавем."

Бошишгоҳи бознишастаҳои фаъол як моҳ қабл таъсис ёфтааст ва айни ҳол ҳамагӣ 12 нафар аъзо дорад, вале муассисонаш умедворанд, ки теъдодашон ба зудӣ меафзояд. Аъзои бошишгоҳ ҳафтае як маротиба ҷамъ меоянд. Онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳфаи худро доранд ва тариқи эълон дар ин саҳфа, гирди ҳам меоянду барномаҳои мухталиф ташкил мекунанд.

Ба гуфтаи Зулайхо Эгамова, дар Рӯзи Ғалаба ба ду нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ кӯмак карданд ва як миқдор маблағ ба онҳо супурданд. Ӯ мегӯяд, ки 1-уми июн дар Рӯзи байналмилалии кӯдакон ба ду хонаводае, ки кӯдакони ноболиғ ва маъюб доштанд, кӯмак намуданд.

Пирӣ танҳо дар кунҷи хона нишастану насиҳат кардан нест
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:11 0:00

Наврӯзмоҳ Умарова, яке аз аъзоёни ин маҳфили бознишастаҳои фаъол мегӯяд, ки ин клуб зиндагии якранги ӯро тағйир дод. Маъмулан, ҳар субҳи ӯ бо омода намудани хӯрок барои наберагонаш шурӯъ мегашт. Баъд аз пухтани хӯроки нисфирӯзӣ мунтазири наберагонаш мемонд ва саргарми тамошои "оинаи нилгун" мешуд. Ҳоло ба худ машғулияти иловагӣ пайдо кардааст.

Ӯ мегӯяд, "ман бисёр зиқ мешудам, бозор ва хонаи писарону духтаронам мерафтам. Хайр, бозор як бор меравӣ, мағоза як бор меравӣ, шояд ягон чорабинӣ даъватат кунанду он ҷой равӣ, бо ҳамин рӯзат мегузарад. Боз хонаву бармегардиву зиқ мешавӣ. Баъд ба ҳамин бошгоҳ пайвастам. Ба ман он ҷой хеле писанд аст, ба ҳамдигар унс гирифтем. Мехостам, ки шумораамон зиёд шавад. Мехостам, ки занҳои ба мисли ман низ он ҷой раванд."

Ин бошгоҳ дар ҳоле таъсис ёфтааст, ки ба гуфтаи аъзояш, дар пиронсолӣ одам бештар ниёз ба ҳамсӯҳбати ҳамсоли худ дорад ва маҳз дар чунин муҳит онҳо метавонанд ин ниёзи худро бароварда созанд.

Ба фарқ аз кишварҳои хориҷ, аз ҷумла Амрико, ки пиронсолон барои худ машғулиятҳо эҷод кардаву зиндагиашонро рангин мекунанд, дар Тоҷикистон маъмулан пиронсолон вақташонро дар хона ва асосан дар тарбияи набераву абераҳо мегузаронанд.

Нафақаи зиёд ҳам надорад ва бинобар ин, наметавонанд ба осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо барои табобату фароғат раванд. Аксари онҳо дар бознишастагӣ дастнигари фарзандонанд ва бархе ҳатто ба хонаи пиронсолон мераванд.

Тибқи омор, ҳоло дар Тоҷикистон 642 ҳазор бознишаста ҳастанд, ки нисфи онҳоро пиронсолон ташкил медиҳанд.

XS
SM
MD
LG