Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикоят аз нафақаҳои ночиз. Ҳукумат бозбинӣ мекунад


Нафақаи бознишастагоне, ки аз оғози соли 2017 тибқи қонуни нав ба нафақа баромада буданд, аз нав ҳисоб карда мешавад. Масъулони Оҷонсии нафақа мегӯянд, тибқи тартиби нав тамоми нафақаҳое, ки баъд аз моҳи январи соли равон ҳисоб шудаанд, аз нав бозбинӣ ва то 20-25 дарсад зиёд хоҳанд шуд. Бозбинии нафақаҳо дар пайи шикояти зиёди нафақахӯроне сурат мегирад, ки иддао доштанд баъди 25-30 соли кор, ба онҳо нафақаи ночиз таъин кардаанд.

Феълан дар Тоҷикистон зиёда аз 660 ҳазор нафар нафақагир ҳастанд ва ҳаҷми миёнаи нафақа 272 сомонӣ ва ё 30 доллари амрикоӣ аст.

Дар соли 2017 дар Тоҷикистон қонуни нав ба иҷро даромад, ки тартиби таъини нафақаро дигар кард. То соли 2017 маоши ду соли охири корманд ҳисоб ва ба 120 моҳ тақсим мешуд ва аз рӯи он нафақаро таъин мекарданд.

Аммо тибқи қонуни нав, маблағҳое, ки корманд дар тӯли тамоми фаъолияташ аз маош ба фонди нафақа фиристодаст, ҳисобӣ шуда, ба 180 моҳ тақсим карда мешавад. Дар натиҷа нафақаи бисёре аз бознишастагоне, ки дар соли ҷорӣ бо қонуни нав ба нафақа баромаданд аз пешиниён камтар аст.

"217 сомонӣ барои 43 сол собиқаи корӣ"

Гулмаҳмад Қосимов, сокини 64-солаи вилояти Суғд чанд моҳ аст, ки барои зиёд кардани нафақаш дар ба дари идораҳо сарсон аст. Ӯ мегӯяд, бо собиқаи 43-солаи корӣ, барои ӯ ҳамагӣ 217 сомонӣ нафақа таъин карданд. Қосимов нафақаи худро дар шароити имрӯз бисёр ночиз меҳисобад ва мегӯяд, ҳамкорони ӯ, ки соли гузашта ва тибқи қонуни қаблӣ ба нафақа баромаданд, аз 630 то 700 сомонӣ ҳаққи бознишастагӣ мегиранд.

Ба гуфтаи Гулмаҳмад Қосимов, ӯ аз соли 1964 дар соҳаи хоҷагии қишлоқ ва аз соли 1996 дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор кардааст. Мегӯяд, камбуди асоси ӯ ин буд, ки бо сабаби корҳои саҳроӣ натавонист ҳуҷҷатҳояшро пеш аз моҳи январ барои нафақа пешниҳод кунад ва тибқи қонуни нави нафақа, ки аз соли 2017 ба иҷро даромад, ӯ аз ҳамсолонаш се баробар камтар нафақа дарёфт мекунад.

Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, "нафақаи маро моҳи март муайян карданд. Ба мақомоти вилоятӣ муроҷиат кардам, ки нафақаи маро баланд кунанд, аммо гуфтанд, ки ягон илоҷ нест ва агар нафақаи шуморо зиёд кунем, онро мебуранд ва ба мо гап мерасад. Собиқаи корӣ ва маошамон ҳам хуб буд, сад афсӯс, ки нафақаи моро тибқи қонуни нав ҳисоб карданд."

Гулмаҳмад мегӯяд, шукронаи 4 фарзандашро мекунад, ки ӯро дар дами пирӣ танҳо нагузоштанд, вагарна ба гуфтаи ӯ, бо ин нафақа зиндагиро пеш бурдан ғайриимкон аст. Ба қавли ин ҳамсӯҳбати мо, дар сохторҳои нафақаи вилояти Суғд ба ӯ гуфтаанд, ки агар пеш аз моҳи январ муроҷиат мекард, нафақааш 638 сомонӣ мешуд.

Қонуни нави нафақа: "Чӣ киштӣ ҳамонро медаравӣ"

Бар асоси ислоҳот, дар қонуни нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатии Тоҷикистон барои муайян кардани ҳаҷми нафақаи шаҳрванд, на ҳаҷми миёнаи маоши ду ва ё панҷ соли ахири ӯ, балки саҳмгузориаш дар давраи фаъолият дар низоми суғуртаи давлатӣ ба эътибор гирифта мешавад. Яъне бар асоси Қонун “Дар бораи нафақа”, бознишастагон ҳар чӣ қадар бештар маош гирифта ва андоз супурда бошанд, ҳамон андоза нафақаи зиёдтар мегиранд.

Тибқи қонуни нав, маблағи ҷамъкардаи нафақахӯр, ки дар давоми солҳои кориаш ба фонди нафақа ирсол кардааст, ба 180 моҳ тақсим мешавад ва аз рӯи он ҳаҷми нафақа муайян карда мешавад. Бар асоси қонуни Тоҷикистон дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ, агар шаҳрванд баъди 15 соли гузаштан аз синни нафақа нафавтад, пардохти маоши нафақа идома мекунад. Аммо дар сурати фавт қабл аз 15 сол пардохти маоши нафақа қатъ карда мешавад. Ин муқаррарот ба хотири нигоҳ доштани тавозун дар пардохти нафақа таъин шудааст.

Як марди нафақахӯр аз шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ.
Як марди нафақахӯр аз шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ.

Аз тартиби нави ҳисоб кардани нафақа бештар бознишастагоне норозӣ шуданд, ки баъди солҳои зиёди кор умед доштанд бо нафақаи бештар даврони пирӣ меронанд. Мақомоти Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ниҳоди назораткунанда дар бахши нафақа дар Тоҷикистон тасдиқ мекунанд, ки баъди қабули қонуни нав ҳаҷми нафақа дар кишвар поён рафт.

Абдулҳаким Исматов, сардори Раёсати назорати нафақаи Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа қаблан зимни як нишаст дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, то моҳи январи соли равон ҳаҷми сармояи шартии нафақахӯр ба 120 моҳ тақсим мешуд. Аммо қонуни нав инро 180 моҳ муқаррар намуд, ки ба ин тартиб ҳаҷми нафақаҳо то андозае коҳиш ёфтанд.

Ҷаноби Исматов мегӯяд, "нафақаҳое, ки аз 1 январ дар асоси қонуни нав таъин шуданд, ҳамааш аз нав мавриди баррасӣ қарор гирифта мешавад. Яъне, бо тартиби нави индексатсия, ки Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ кард, аз нав дида баромада мешавад ва ба ҳисоби миёна аз 20 то 25 дарсади афзоиш меёбад."

Таҳлилгарон низоми баршумурдан ва таъини нафақа дар Тоҷикистонро барои шароити кишвар номуносиб медоданд. Зеро, ба қавли онҳо, ин низом барои кишварҳои пешрафта таҳия шудааст, ки сокинонаш маоши калон дарёфт мекунанд ва замони фаъолият имкони пардохтҳои бузурги иҷтимоӣ доранд.

Шамсиддин Ҷалолов.
Шамсиддин Ҷалолов.

Шамсиддин Ҷалолов, коршиноси масоили иқтисодӣ, гуфт, "фикр мекунам, ин натиҷаи ислоҳоти мутахассисон начандон дурбинона аст. Беҳтар буд, ки онҳо дар ин раванди ислоҳот ба стратегияи дурнамои рушди миллии Тоҷикистон барои солҳои 2020- 2030 такя мекарданд, ки дар онҷо ҳамаи ин баръало нишон дода шудааст. Яъне, вобаста ба инфлятсияи солонае, ки дар Тоҷикистон пеш меояд, нафақаи мардум ҳам бояд боло равад."

Феълан дар Тоҷикистон зиёда аз 660 ҳазор нафар нафақагир ҳастанд ва ҳаҷми миёнаи нафақа 272 сомонӣ ва ё 30 доллари амрикоӣ аст. Ин нишондод дар қаламрави Шӯравии собиқ пасттарин мебошад. Нафақаи бештарро дар қаламравии Шӯравии собиқ сокинони Эстония мегиранд, ки ба 434 доллар баробар аст. Узбакистони ҳамсоя бо 35 доллар музди миёнаи маоши нафақа дар зинаи қабл аз охирин қарор гирифтааст.

Бо ин ҳама қаҳрамони мо Гулмаҳмад умедвор аст, ки нафақааш баъди бозҳисобӣ зиёд мешавад. Ҳарчанд ба гуфтаи Гулмаҳмад 20-25 фоиз зиёд шудан ҳам нафақааш ба ҳамкоронаш баробар намешавад.

XS
SM
MD
LG