Лӯлиҳо Ҳанифа Сабзаеваро аз соли 1995 мешиносанд, чун ҳамеша ҳангоми таваллуд ба кӯмаки занони ин қавм мерафт. Аз рӯзе, ки муовини собиқи сартабиби ноҳияи Восеъ ба сакта дучор шуд ва бемори бистарӣ шуд, аксаран лӯлиҳо ба аёдаташ меоянд. Ҳанифа Сабзаева, ҳангоми таваллуди Ривоят Бекризоева ба ӯ кӯмак кардааст. Ин зан рӯзе, ки ба аёдати момодояи шинохтаи ноҳия омад, ба Радиои Озодӣ гуфт, номи писарашро, ки рӯи дастони апаи Ҳанифа аввалин бор гиря кард, Зиёвуддин гузоштааст.
"Мо барои он ин занро ҳурмат мекунем ва фаромӯш накардаем, ки ӯ барои пул не барои ҷони одам мубориза мебурд. Шабу рӯз агар кори мо меафтод ва ё касе аз қавми мо таввалуд мекард, ба назди ин зан меомадем ва ӯ намегуфт, ки шумо кӣ ҳастед ҳамроҳамон мерафт" - гуфт мусоҳиби мо.
Одатан сокинони маҳаллӣ зиёд бо лӯлиҳо рафтуомад намекунанд. Мекӯшанд, аз онҳо дуртар бошанд, вале барои момодояи шинохтаи Восеъ онҳо мисли ҳама буданд, инсоне, ки ба кӯмаки табиб эҳтиёҷ дорад.
Ҳанифа Сабзаева, муовини собиқи сартабиби Бемористони марказии ноҳияи Восеъ ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди хатми Донишгоҳи тиббӣ дар соли 1985 корро ба ҳайси момадоя оғоз кард. Баъди кори чандсола ӯро муовини сартабиб гузоштанд ва дар ин мақом 11 сол кор кар. Ӯ мегӯяд, ки баъди сакта гирифтану бемори бистарӣ шуданаш, ки ба ҷуз лӯлиҳо ӯро касе аз мақомот напурсидааст.
Ҳоло танҳо хабаргири ман ҳамин лӯлиҳо ҳастанд, ки хизматамро қадр карданд.
"27 сол дар беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ ба ҳайси момадоя фаъолият кардам ва 11 соли дигараш муовин будам. Соли 2012 сакта гирифта маъюб шудам. Баъди маъюб шуданам касе маро аз ҳамкорон ва мақомот суроғ намекунад. Ҳоло танҳо хабаргири ман ҳамин лӯлиҳо ҳастанд, ки хизматамро қадр карданд. Аммо мақомот хизмати чандин солаи маро нодида гирифтанд" гуфт ӯ ба Радиои Озодӣ.
Апаи Ҳанифаро аз қавми лулиҳо касе нест, ки нашиносад. Хурду бузург ӯро эҳтиром мекунанд ва ба навбат ба аёдаташ меоянд. Мирзоалӣ Раҷабзода, сардори Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб рӯзи 17-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин зан чанд сол пеш ҳамчун муовини ӯ ҳам фаъолият кардааст ва ӯ дастур додааст, ки хидматҳои ин момодояи шинохтаро фаромӯш накунанд. Вале намедонад, ки дастураш иҷро шудааст, ё не.
Ҳанифа Сабзиева аз он ки заҳмати ӯро мардум қадр мекунанд, хушнуд аст. Гоҳо боифтихор тасвирҳои овони корашро нишон медиҳад, аммо беморӣ ва пирӣ ӯро эҳсосӣ кардааст, ки ҳар вақт агар дар бораи ҳамкорону аёдати мақомот пурсед, беихтиёр ашк мерезад.