Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ишқи айёми пирӣ -- охирин тапиши ҷавонӣ?


Равоншиносон мегӯяд, ҳар панҷумин мард дар авҷи бӯҳрони миёнсолӣ тасмимҳои ғалат мегирад.

Ба ақидаи равоншиносон, ин чархиш мардро дар синни 45 то 50-солагияш пеш меояд. Вай ногаҳон оилабезор ва дар фикри издивоҷ бо зани ҷавон мешавад. Як нигоҳи амиқ ба оина ва дидани ожангу чашмони ғамолуд, эҳсосеро дар замири мардҳо бедор мекунанд, ки “зиндагӣ беҳуда гузаштааст”. Ин тасвири тира гоҳо ба рӯйи ҳамаи сафедиҳои зиндагӣ хатти бутлон мекашад ва мардҳоро ба гирифтани тасмимҳои шитоболуд ва дардомез водор мекунад.

Холаи Малоҳат мегӯяд, ки фарзанди хурдиаш, ки беш аз чиҳил сол дорад, якбора ва бе ҳеҷ шарҳу тафсир зану бачаҳояшро тарк кард ва ба хонаи як зани ҷавон кӯчид: «Писарам хонаву дари ҳалоли худро партофта, бо дигар хонума гаштааст.Чаҳор фарзанд дорад. Як фарзандаш дар назди ман, дигарӣ дар назди бибии дигараш...»

Акнун писараш холаи Малоҳатро маҷбур кардааст, ки ба маҳаллаи Зарафшон, ба хонаи волидони он хонуми ҷавон ба хостгорӣ биравад.

Сабаби гирифтории мардҳо ба “бӯҳрони миёнсолӣ” мушаххас нест. Равоншиносон мегӯянд, занҳо низ дар синну соли аз 40 боло ба чунин ҳолати маъюсӣ гирифтор мешаванд. Аммо азбаски онҳо бештар ба кӯдакони худ тамаркуз мекунанд ва доираи муоширати густарда доранд, ин равандро аз мардҳо дида осонтар сипарӣ мекунанд. Мардҳо дар авҷи бӯҳрон даст ба амал мезананад ва чархи шитобони ҷавониро боздоштан мехоҳанд.

Пажӯҳишҳо нишон додаанд, ки аксари мардҳои 45-50 сола вақте хонаводаи худро тарк мекунанд, мекӯшанд, ки бо занҳои аз худ 10-20 сол ҷавонтар издивоҷ кунанд. Агар дар кишварҳои дигар “бӯҳрони миёнсолӣ” ба талоқу тақсими амвол анҷом шавад, дар Тоҷикистон марди гирифтори “бӯҳрон” аз хона батамом намеравад. Ӯ гоҳ-гоҳ ба хонаи зани аввал сар мезанад ва талош мекунад, ки ҳамсар аз назораташ хориҷ набошад.

Равоншиносони тоҷик низ дар шарҳи ин гирифторӣ назарҳои шабеҳи ҳамтоҳои хориҷиро доранд. Онҳо мегӯянд, теъдоди мардҳои миёнсол, ки баъди солҳо зиндагӣ бо як зан ба моҷарои ишқу ошиқӣ меафтанд, афзоиш ёфтааст. Ҳарчанд оморе дар ин замина вуҷуд надорад, вале гуфта мешавад, ки бештар ба “бӯҳрони миёнсолӣ” мардҳо дар шаҳрҳои Тоҷикистон мувоҷеҳ мешаванд. Равоншиноси тоҷик Бобоҷони Қаюм дар бораи омилҳои аслии ин гирифторӣ мегӯяд,“Занҳо дар ин синну сол, баъд аз тарбияи чаҳор-панҷ фарзанд ва хастагиҳои рӯзгор нисбат ба мард беаҳамият мешаванд, наздикии онҳо аз байн меравад. Мард ҳам дар пайи хостаҳои физиологӣ маҷбур аст аз паи зани дигар шавад. Дигар ин ки танҳо баъди расидан ба сини 40-солагӣ мард болиғ мешавад ва ҳусну қубҳи зиндагиашро хубтар мебинад. Ӯ мебинад, ки худаш рушд кардааст, аммо ҳамсараш дар ҳамон сатҳ боқӣ мондааст. Ин аст ки мард аз пайи ҳамнишини муносиб ба сатҳи худ мешавад.”

Амммо таҷрибаи бунёди оилаи нав аз тарафи марди миёнсол ва духтари ҷавон дар Тоҷикистон бебақотарин оилаҳо унвон мешаванд. Танҳо як нигоҳи дигар ба оина кофӣ аст, ки марди рӯ ба пирӣ омада камбудиҳои худро дар баробари зани ҷавон рӯшану ошкоро бубинад ва дубора ва аз пайи тасмимҳои дигар шавад. Аксари ин "навхонадорон" ҳамагӣ 4-5 солро бо ҳам ба сар мебаранд ва баъдан ҳар яке бо роҳи худ меравад. Пажӯҳишҳо дар Тоҷикистон баёнгари онанд, ки 60 дар сади ин гуна издивоҷҳо ба нокомӣ анҷом ёфтаанд. Ин иттиҳод танҳо дар ҳоле боқӣ мемонад, ки агар мард сарватманд бошад ва пириву бенамудии худро бо пул ҷуброн кунад.

Сарвиноз Отамбоева, як хонуми тақрибан 30-сола мегӯяд, мардҳо баъди ин ки бо занони ҷавон издивоҷ мекунанд ва дороиву саломатии худро гум мекунанд боз ба хонаводаи қадимии худ бармегарданд ва пирии худро дар канори оилаи аввал истиқбол мегиранд.

Равоншиносони тоҷик дар роҳи ҷилавгирӣ аз гирифторӣ ба “бӯҳрони миёнсолӣ”, ки боиси оворагиву сарсонии фарзандони онҳо мегардад, пешинҳод мекунанд, ки дар ҳоли бурузи чунин ҳолат ба табиби равоншинос муроҷиат кунанд. Онҳо ҳамчунин ба зарурати таҳияи барномаҳои хонаводагӣ ё равобити инсонҳо дар радиову телевизионҳо таъкид мекунанд. Ҳарчанд мутахассисони равоншиносӣ дар Тоҷикистон кам нестанд, вале истифода аз кӯмаки равоншинос ҳанӯз роиҷ нашудааст. Бо ин ҳол мардуми гирифтори мушкил дар аксар ҳолат сӯҳбат бо муллоро авлотар аз гуфтугӯ бо равонпизишк медонанд.
XS
SM
MD
LG