М. Ҳимматзода: "Тарҳи қонуни дин мухолифи конститутсия аст"

Ахиран, лоиҳаи Қонун дар бораи озоди виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ миёни аҳли назар ва донишмандон баҳсу баррасиҳои мухталифро ба бор овард. Гурӯҳе бар ин ақидаанд, ки тарҳи мазкур як низоми нави муносибати давлат бо динро ба танзим даровардааст, аммо бештари онҳое, ки ҳамарӯза иртиботи мустақим бо масҷид ва созмонҳои диниро доранд, ин тарҳро талоше барои тангтар кардани ҳалқаи фаъолияти муассисаҳои динӣ ва таҳти назорати давлат даровардани онҳо арзёбӣ мекунанд. Мусоҳибаи ихтисосии Абдуқаюми Қаюмзод, хабарнигори радиои «Озодӣ» бо Муҳаммадшарифи Ҳимматзода-раҳбари рӯҳонии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили ин ҳизб дар Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон.

Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки тарҳи омодашудаи Қонун дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ як низоми нави муносибати давлат бо динро ба танзим дароварда ва принсипи адами дахолати давлат ба умури динро аз байн бурдааст. Шумо дар ин бора чи назар доред?

Мутобиқи лоиҳаи пешниҳодшуда бардошти ман он аст, ки принсипи адами дахолати тарафайн дар умури якдигар аз байн меравад. Дар ин ҷо адами дахолати ташкилотҳои динӣ дар умури давлат маълум аст, инро конститутсия-Сарқонуни Тоҷикистон таъйид ва сабт кардааст. Аз он бармеояд, бояд, ки дар давлати дунявӣ давлат низ дар умури дохилии ташкилотҳои динӣ дахолат надошта бошад. Яъне, ҳамин адами дахолати тарафайн дар умури якдигар бояд ба таври мутабодил бошад-аз ду ҷониб. Валекин, агар ин лоиҳаи қонун амалӣ шавад, яъне, мудохилаи аз ҳад зиёд дар тамоми ҷузъиёт умури ташкилотҳои диниро барои мақомоти давлатӣ, зинаҳои мухталифи мақомоти давлатӣ таъмин мекунад, ки ин ба назари ман мухолифи принсипи адами дахолати тарафайн дар умури корҳои дохилии якдигар мебошад.

Оё бо қабули тарҳи мазкур фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон чи гуна сурат хоҳад гирифт? Зеро бархе аз донандагони ҳуқуқ мегӯянд, ин тарҳ фаъолияти аҳзоби диниро номумкин мегардонад, бад-ин маъно, ки ҳизб наметавонад идеологияи диниро ба сифати идеологияи худ муаррифӣ кунад.

Аслан, ман ин тавр бардошт накардам аз ин банди лоиҳаи қонун. Фаъолияти аҳзоби сиёсиро қонун дар бораи аҳзоби сиёсӣ таъйин мекунад. Аз тарафи дигар, фаъолияти ҳизби сиёсии характери динӣ дошта дар ҶТ кафолати конститутсионӣ дорад. Дар ин лоиҳаи қонун ишора ба он аст, ки ҳизбҳои сиёсӣ дар фаъолияти худ аз идеологияи динӣ истифода бурда наметавонанд. Албатта, ҳеҷ ҳизби сиёсӣ бидуни идеология фаъолият карда наметавонад. Чун Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ҳамчун ҳизби сиёсии харакатери динӣ дошта эътироф мекунанд ва ин ҳизб мутобиқи оинномааш фаъолият мекунад, бо меъёрҳои конститутсия мувофиқ аст, пас чаро вай аз ин идеологияе, ки дорад, истифода накунад. Гузоштани ин банд дар қонун, агар инро дар назар дошта бошанд, ки фаъолияти ҳизби характери динӣ дошта мамнӯъ мешавад, ин ба конститутсия мухолиф аст. Агар инро дар назар дошта бошанд, ки ҲНИТ дар фаъолиятҳои худ аз идеологияи динӣ истифода бурда наметавонад, ин ҳам мухолифи талаботи қонуни асосӣ аст, ки чунки ҲНИТ ҳизби харакатери динӣ дошта аст ва идеологияаш ҳам идеологияи динист.

Шумо дар бораи мухолифатҳои тарҳи қонун бо қонуни асосӣ ишора кардед ва оё боз чи гуна мухолифатҳоро метавон бо қонуни асосӣ ном бурд?

Дар як моддаи лоиҳаи ин қонун омадааст, ки ташкилотҳои динӣ барои баргузор кардани маросимҳои динӣ ва дигар ҷамъомадҳо, мисле, ки қонун дар бораи танзими роҳпаймоиҳо тақозо мекунад, бояд иҷозаи қаблӣ аз мақомот дошта бошанд, ки чунин талабот бо талаботи конститутсия мухолиф аст. Чунки дар конститутсия омадааст, ки шаҳрвандон метавонанд маросимҳои диниро дар якҷоягӣ ва ба шакли танҳоӣ озодона баргузор кунанд. Пас, баргузории маросимҳои диниро, бидуни ин ки аз кадом мақомоте иҷозати қаблӣ дарёфт кунанд, розигӣ ба даст биёранд, бояд анҷом диҳанд. Валекин агар ин лоиҳа ба ин шакл қабул шавад, пас ин мухолафат ба он меъёрҳои сарқонун дорад.

Яке дигар аз навоқисе, ки коршиносон дар ин лоиҳа таъкид кардаанд, муносибати духӯра ё бархӯрди дугоник ба тарзи таълиму тарбия дар макотиби дунявӣ ва динӣ мебошад, яъне, дар ин лоиҳа таъкид шудааст, ки фаро гирифтани кӯдакон бо таълимоти динӣ бояд бо хоҳиш ва иҷозаи худи кӯдакон сурат бигирад. Ин дар ҳолест, ки таълим дар мактаби дунявӣ ҳатмист.

Табиист, ки ин ҳам мухолафат дорад ба анъанаҳо ва суннатҳои гузаштаи мо ва урфу одатҳои миллии мо ва ҳам бо мантиқ ва ақл. Зеро агар тифли мактабхонро ихтиёр ба дасти худ гузошта шавад, бозиро авлотар медонад аз рафтан ба мактабу машғул шудан ба хондан. Вақте ҳар падару модар ва ҳар оила мехоҳад, ки фарзандаш мадраса бихонад, мактаб бихонад, соҳиби илму маърифат шавад, пас бояд ӯ ихтиёр кунад, на ин ки хондан ба ихтиёри тифл гузошта шавад. Агар рафтан ба мадраса ё мактаб ба ихтиёри тифл гузошта шавад, тифл на мадрасаро мехоҳад ва на мактабро, балки мехоҳад, ки соатҳо ва рӯзҳои дароз дар кӯча бозӣ кунад. Бозиро авлотар медонад аз рафтан ба мактаб ва мадраса.

Оё метавон гуфт, ки ҳоло давлат талош дорад, нуфузи рӯҳониёнро дар ҷомеа коҳиш диҳад ва ҷилавгирӣ шавад аз нуфузи исломи сиёсӣ?

Албатта давлат кӯшиши зиёд дорад, ки нуфузи диндоронро дар ҷомеа маҳдуд

"Давлат кӯшиш мекунад, ки пеши роҳи нуфузи дин ва рӯҳониён гирифта шавад дар ҷомеа. Валекин ин иштибоҳ ва ғалат аст"

кунад. Ва ҳатто баъзеҳо ҳам дар он қонуне, ки қабул шуд, барои танзими расму анъана - аввал мардум нияти хайр доштанд ва гумони нек ҳам доштанд, ки қонун ба фоидаи мардум аст, валекин баъдтар мардум дарк карданд, ки қабули он барои маҳдуд кардани нуфузи диндорон нигаронида шуда будааст. Давлат кӯшиш мекунад, ки пеши роҳи нуфузи дин ва рӯҳониён гирифта шавад дар ҷомеа. Валекин ин иштибоҳ ва ғалат аст. Иштибоҳу ғалат барои он аст, ки низоми атеистии шӯравӣ ин корҳоро кард ва натиҷаи дилхоҳ ҳам надод.