Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норозигиҳо аз тарҳи нави қонуни дин


Ширкаткунандагони як ҳамоиш дар Душанбе ағлаби дастурҳои тарҳи нави қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои диниро ғайриқобили қабул шумориданд.

Дар он намояндагони ҳукумат, порлумон, коршиносон, рӯҳониёни исломӣ ва намояндагони адёни мухталиф иштирок карданд.

Нишасти мазкур бо дархости ҳукумати Тоҷикистон ва пуштибонии маркази САҲА дар Тоҷикистон баргузор гардид. Сафири САҲА гуфт, ҳукумати Тоҷикистон расман хостааст, ки ин лоиҳа мавриди арзёбии коршиносони дохилӣ ва байналмилалӣ қарор бигирад. Аксари ширкатдорони нишаст тарҳи қонуни мазкурро ноқис ва мухолиф бо қонуни асосӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ арзёбӣ карданд.

Ин барои аввалин бор аст, ки лоиҳаи Қонун дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ бо ширкати васеъи коршиносон мавриди баррасӣ қарор мегирад. Зеро лоиҳаи қонун, ки ҳанӯз ду соли қабл таҳия шуда буд, танҳо дар дастрасии доираи маҳдуди мақомоти расмӣ ва бархе аз созмонҳои байналмилалӣ қарор дошт. Аммо ба муҷарради арзёбии нисбатан васеъ аз сӯи коршиносон ва афроди зисалоҳ, тарҳи қонун мавриди интиқоди шадид қарор гирифт.

Номуайянӣ ва норӯшании ҳадафи лоиҳаи қонун, афзоиши мудохилаи давлат бар умури дин, эҷоди мавонеъ ва маҳдудиятҳо дар роҳи фаъолиятҳои қонунии созмонҳои динӣ ва сабти расмии масоҷид аз ҷумлаи навоқиси он унвон шуд. Шерзод Абдуллозодда - як тан аз олимони исломшиноси тоҷик зимни арзёбии ин тарҳ гуфт, бархе аз бандҳои он бо Қонуни асосӣ ихтилофи ҷиддӣ дорад. Оқои Абдуллозода таъкид кард, дар ҳоле, ки дар қонуни асосӣ фаъолияти аҳзоби хислати динидошта иҷоза дода шудааст, дар пешнависи қонуни ҷадид чунин ҳақ ба созмони сиёсӣ дода намешавад.

Ин нуктаро Муҳиддин Кабирӣ - раиси ҲНИТ ва вакили ин ҳизб дар порлумони кишвар низ таъкид кард. Оқои Кабирӣ гуфт, қабули ин лоиҳа заминаро барои нооромӣ ва ноамнӣ дар кишвар фароҳам карда боиси барҳам задани субот дар ҷомеа хоҳад шуд. Аз сӯи дигар, тарҳи мазкур, ки амали ташкилот ва созмонҳои расмии диниро маҳдуд ва ҳатто ғайримкон мегардонад, доираи фаъолияти равия ва ҳаракатҳои тундгарои мазҳабиро васеъ месозад.

Аммо Абдураҳмон Холиқов-сардори раёсати танзими маросим ва расму оинҳои дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ бар ин назар аст, ки қонуни мазкур ба ҳеҷ ваҷҳ фаъолияти аҳзоби хислати динидоштаро маҳдуд намекунад.

Ҳарчанд намояндагони Шӯрои уламои Тоҷикистон дар изҳори назар аз лаҳни тунд кор нагирифтанд, вале Ҳоҷи Ҳусейн Мӯсозода - масъули ин Шӯро дар вилояти Суғд бар камбуд ва навоқиси ин тарҳ таъкид кард ва афзуд, ба ҳангоми тасвиби он ислоҳи онҳо ҳатмист.

Намояндагони ақаллиятҳои динӣ низ зимни баррасӣ лоиҳаи Қонуни мазкурро ғайриқобили қабул донистанд. Ба гуфтаи Игор Самиев, намояндаи мазҳаби баптистҳои Тоҷикистон, ин тарҳ озодиҳои динии мардум ва махсусан ақаллиятҳои динро сарфи назар кардааст. Ӯ гуфт, ин тарҳ асноди замони сталини Шӯравиро пеши назар меоварад, ки ҳама ҷо ва ҳама чиз мавриди шубҳа ва гумон қарор дошт.

Ба ин тартиб, ҳам намояндагони ҳукумат ва порлумон ва ҳам диншиносон ва намояндагони Шӯрои уламои исломӣ ва намояндагони ақаллиятҳои динӣ таъкид бар он доштанд, ки лоиҳаи қонуни дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ ниёз ба бознигарии ҷиддӣ дорад.

Ва сафири САҲА дар Тоҷикистон низ эълом кард, ки рӯзи 21 ноябр низ як нишасти васеъ ҷиҳати баррасии ин пешнавис баргузор хоҳад шуд.

Аммо лоиҳаи мазкур танҳо баъди тасвиби он аз сӯи порлумон ва имзои президент ба ҳукми қонун хоҳад даромад.

XS
SM
MD
LG