Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурбониҳои дунявӣ


САДДОМ ҚУРБОНӢ?

Ассалому алейкум, ҳамнафасони арҷманд.
Аҷиб аст, имрӯз ба ҳар кӣ занг мезадам, то дар бораи Иди қурбон ва қурбонӣ кардану қурбон шудан сӯҳбат кунам, дарҳол ҳадс мезаданд, ки манзур сӯҳбатест аз эъдоми Саддом Ҳусейн. Мегуфтам, на, аслан инро дар назар надорам, бовар намекарданд. Аз таассуроти куллӣ, маълум мешавад, ки фурсат барои иҷрои ҳукми қатли Саддом Ҳусейн комилан ғалат интихоб шудааст. Арафаи Иди қурбон ва ҳам арафаи Соли Нав. Ва ё шояд онҳое ки рӯзу соатро интихоб мекарданд, ҳадаф доштанд, ҳамингуна фаҳмише ба миён ояд?

Як ҳамсӯҳбати мо гуфт, агар ҷазои дигаре медоданд ва ё ҳамин ҳукми қатлро чанд рӯз дертар ба иҷро мерасонданд, ингуна таассурот ҳосил намешуд. Ба ақидаи ӯ, фурсати номуносиб имкон дод, марги як раҳбари золим, ки аз рехтани хуни ҳазорон нафар худдорӣ намекард, он гузаштаҳоро ба як бор бипӯшонад ва худи ӯро ба ҳайси як қурбонӣ ҷилвагар созад. Албатта, муҳаққиқони дигар, бештар, муҳокимаи бесарунӯг ва яктарафаи додгоҳи зоҳиран номустақилро сабаби чунин бардошт медонанд, вале боз ҳам фурсати иҷрои ҳукм ва беш аз он забти нидоҳое ки ҳангоми эъдом сар додааанд, дар зеҳни як бахши мусулмонон вожаи "қурбонӣ"-ро ба гардиш овард.

ҚУРБОНИҲОИ АБДУРОФЕЪ

Имсол дар Тоҷикистон Иди Қурбон ва иди Соли Нави милодӣ дар як рӯз иттифоқ афтоданд ва ин ҳолат баёнгари тазоде шуд, ки нимароҳиёнро рӯбарӯи интихоб гузошт. Масалан, оё имкон дошт, ки кас рӯзона дуъо хонаду намоз гузораду тавбаву надомат кунад ва шаб сари кабобу шаробу рақсу бозӣ биншинад. Тазоди бузург аст, вале онгуна ки як ҳамсӯҳбати мо гуфт, ин айни вазъи ҷомеаъи муосири Тоҷикистон аст. Дар ин робита гуфтугӯе доштам бо нависандаи тоҷик Абдурофеъи Рабеъзод. Суоли аввал ин буд, ки оё имрӯз дар ҷомеаи мо Иди қурбон ба ҳамаи маъниҳои амиқаш дарк карда мешавад?

Абдурофеъи Рабеъзод: "То ҷое дарк мешавад ва то ҷое на. Барои як қишри ҷомеъа ин воситаи муносиби худнамоӣ шудааст дар ҳоле ки ҷанбаъҳои амиқи фалсафии Иди қурбон дар канор мондаанд. Расидагӣ ба ниёзмандон, беморону дасттанҳоён фаромӯш шудааст. Дар гузашта барои он мол қурбонӣ мекарданд, ки бенавоёнро канори дастархони худ нишонанд, ҳоло бештар барои он ки ин дастхонро намоиш диҳанд ва ному обрӯ гиранд. Ин аст, ки расми наве пайдо шудааст. Бояд дар арафаи ид 600-700 дона сақич ё "жвачка" харидорӣ кард, то ба кӯдаконе ки зери дари хона меоянд, тақсим кунӣ. Инаш чандон қобили фаҳм нест. Аммо боз ҳам хуб аст, ки мардум бо василаи ин иду арафа решаҳои таърихии худро дубора кашф мекунанд, суннатҳои мазҳабӣ ва миллиро эҳё мекунанд."

Ҳамнафас: "Тоҷикон дар бомдоди истиқлолияти кишвар қурбониҳои зиёде доданд, то ба сулҳу оромӣ расиданд. Оё дастёфти онҳо ба бохташон ҳамвазн аст?"

Абдурофеъи Рабеъзод: "Суоли мушкил аст. Аз як сӯ аҷобати кор ин аст, агар ба ёд биёрем, ду тараф буд. Яке навгонӣ, истиқлолият, дин ва ватан мехост. Дигаре зидди ҳамаи ин буд. Якумиҳо қурбонии зиёд доданд, дувумиҳо соҳиби кор шуданд. Аммо ҳоло фаҳмиданд, ки ҳамон демократияро мехостаанд, ҳамон истиқлолияту дину ватанро. Пас, ин ҳама қурбонӣ чаро? Чаро он вақт ду тараф ҳамдигарро нафаҳмид, дар ҳоле ки маълум шуд, роҳе ба қафо намондааст ва роҳи пеш маҳз аз ҳамин мафҳумҳо иборат аст..."

Ҳамнафас: "Шахси Шумо дар ин давра фарзандҳо қурбонӣ дод, манзили зисту моликияти худро, магар на?"

Абдурофеъи Рабеъзод (сукут мекунад, оҳ мекашад): "Гулписари ман Давлат ном дошт ва баъди сари ӯ фикр кардам, давлатамро аз даст додам. Шамсияро барои китобҳояш, махсусан оне ки ба Халифа Ҳасан бахшида буд, латукӯб карданд ва баъд аз чанде аз дунё гузашт. Бале, хонаи маро рабуданд, вале дилам бештар на ба хонаву молу ҳоли он, балки ба дастнависҳоям месӯзад, ки шояд на сарвати ман, балки сарвати миллати ман буданд. Афродеро ки манзили маро ғасб карданд, медонанд, аммо мегӯянд, то ҳанӯз наёфтаанд ва то ҳанӯз сарнавишти дастнависҳои ман номаълум аст. Дуруст, инҳо ҳама низ қурбонӣ буданд. Ман медонам, фарзандони рафтаамро бозгардонда намешавад, вале шояд касе рӯзе дастнависҳои маро баргардонад."
XS
SM
MD
LG