"Дар тӯли даҳ соли гузашта наздик ба 100 000 шаҳрванди Бритониёву Фаронса исломро қабул кардаанд ва агар ин раванд давом кунад, эҳтимол дар 50 соли оянда симои Аврупо ба қадре тағйир ёбад, ки онро "Аварабо" ном кунанд".
Ин аст натиҷагирии профессор Рафаэл Исраэлӣ аз Донишгоҳи Ҳибруи Исроил, ки моҳҳои наздик зери унвони "Сеюм истилои исломии Аврупо" нашрро хоҳад шуд. Вай менависад: Дар байни 380 миллион сокини Аврупо тахминан 30 миллион мусулмон аст ва бо назардошти мизони бузурги таваллуд дар оилаҳои мусулмонӣ метавон гуфт, ки дар 25 соли оянда шумораи мусулмонони Аврупо камаш ду баробар афзоиш меёбад.
Исраэлӣ илова мекунад, аврупоиҳо аз афзоиши шумораи муҳоҷирони мусулмон ва эҳтимоли қабули Туркия ба Иттиҳоди Аврупо дар ташвишанд, зеро дар чунин ҳол теъдоди умумии мусулмонони аврупоӣ аз 100 миллион нафар бештар шуда, овози онҳо дар интихоби вакилони мардумӣ ва таъйини сиёсати ҳукуматҳо вазн мегирад.
Ба фикри профессор Исраэлӣ сабаби асосии рӯй овардани аврупоиҳо ба ислом издивоҷҳои омехта, эътиқоди хаёлӣ дар бораи ислом ва мафод дар тиҷорат аст: "Дар ҳоле ки нуфузи дини насронӣ рӯ ба коҳиш ниҳодааст, баъзеҳо исломро "дини оянда" меноманд." Ӯ хулоса кардааст, ки мардуми Аврупо бояд таҳаввулоти ин қораро дарк намуда, ба он вокуниши зарурӣ нишон диҳанд.
Аврупоиҳои зиёд, ба вижа баъди ҳамлаҳои моҳи сентябри соли 2001-ум дар Амрико, исломро бо даҳшатафканӣ, бисёрзанӣ ва мавқеи беҳуқуқи зан дар ҷомеа марбут медонанд. Ба ақидаи аврупоиҳо издивоҷ бо мусулмонон онҳоро ба қабули ислом водор мекунад. Вале Батул Ат-Тома хонуми британиявӣ, ки 25 сол пеш дини Исломро қабул кардааст мегӯяд: барои афроде монанди ӯ на пайрави ба касе ва ё фишор, балки "мантиқи ислом" омили ҳалкунанда будааст:
"Ман дар оилаи огаҳи католики боахлоқ ба воя расидаам. Тақрибан то синни 20-солагӣ худам ҳам ибодат мекардам, вале баъд дар илоҳиёти насронӣ бо суолҳое мувоҷеҳ шудам, ки посухи онро пайдо накардам. Аснои ҷустуҷӯи ҷавоб ман бо мусулмонон вохӯрдам. Ман бо онҳо бар пояи комилан иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шудам. Онҳо маро бо ислом ошно карданд. Ва ин ошноӣ бинобар суолҳову таҳқиқоти ман сурат гирифт. Мехостам, фикр, рафтор ва мулоҳизаи онҳо дар бораи баъзе рӯйдодҳоро бароям ошкор кунам. Дар ниҳоят худам пурра ба он фурӯ рафтам."
Дар масъалаи бисёрзанӣ дар Ислом хонум Ат-Тома мегӯяд: "Ин рӯйдод истисноӣ буда, дар баъзе ҳолатҳо ба нафъи занон аст." Ӯ мисол меорад, ки дар ҷомеаҳои ҷангзада одатан шумораи мардон нисбат ба занон ба қадри кофӣ камтар аст. Коршиноси улуми динӣ аз Донишгоҳи Глазгои Шотландия хонум Никол Бурк мегӯяд, баръакси ақидаи аврупоиҳо бисёре аз занони мусулмоншуда пиромуни эҳтироми зан дар ислом ҳарф мезананд.
"Як чизе, ки ин занон аснои муқоисаи ислом бо фарҳанги муосир ба ёд меоранд, эҳтироми бештар ба занон мебошад. Як зан гуфта буд, Ӯ фақат баъди қабули ислом фаҳмид, ки мусулмонон тани занро эҳтиром мекунанд. Мард ҳақ надорад занони бегонаро аз назар гузаронад. Аммо дар Ғарб занон ҳамчун моли мавриди ниёзи ҷинсӣ истифода мешавад. Агар Шумо мошин фурӯхтанӣ шавед, Шумо зани бараҳнаеро рӯи он ҷо медиҳед".
Баъзан қабули ислом занони аврупоиро дар вазъи ногувор мегузорад. Падарону модарон аз тағйири дини фарзандонашон нороҳат шуда, суоле матраҳ мекунанд, ки чаро фарзандонашон дини саркӯбкунандаи ҳуқуқи занонро ихтиёр намудаанд? Анна София Роалд, исломшиноси скандинавӣ бар ин назар аст, ки занони аврупоӣ асосан баъди издивоҷ бо насли аввали муҳоҷирони мусулмон ба ислом рӯ овардаанд. Ба қавли Роалд мавқеи иҷтимоии ин занон барои шавҳарҳои ояндаашон хеле муҳим будааст:
"Насли аввал одатан забонҳои аврупоиро хуб намедонад. Ва вақте сухан дар ҷамъият меравад, онҳо намедонанд, ки чӣ гуна ақидаи худро ошкор намоянд, то он мавриди фаҳмиш, дастгирӣ ва дилсӯзии мардуми Скандинавия қарор гирад. Ин маънои онро дорад, ки занони мусулмоншуда барои онҳо ҳамчун сухангӯй лозим ҳастанд. Дар воситаҳои ахбори умум, радио ва телевизион ба ваҷҳи умум занони скандинавиии мусулмоншуда дар бораи ислом ва мусулмонон суханронӣ мекунанд, на мардони ин гӯшаи олам." Занони мусулмоншуда мегӯянд, ки агар аврупоиҳо дар бораи ислом маълумоти бештар дарёфт намоянд, ақидаи бисёриҳо ба самти мусбат майл хоҳад кард.
Маҷаллаи олмонии Шпигел" менависад, ки сарфи назар аз тасаввурҳои манфӣ дар бораи ислом соли гузашта шумораи олмониҳои мусулмоншуда чор баробар афзоиш ёфт. Ба қавли ин маҷалла дар Олмон одатан ислом дар канори истилоҳоте ба мисли терроризм, издивоҷҳои маҷбурӣ ва куштор бо ҳадафи ҳифзи шараф хотирнишон мешавад, вале дар ҳамин ҳол аз мооҳи июли соли 2004-ум то июли соли 2005-ум чор ҳазор олмонӣ ба ислом рӯ оварданд.
Пажӯҳишгоҳи Бойгонии Исломии Олмон, ки сармоягузории Вазорати умури дохилии ин кишвар таҳқиқотро амалӣ намудааст, менависад, то соли пеш солона тахминан 300 олмонӣ исломро қабул мекард. Вале се сол пеш ин рақам афзоиш ёфта, соли гузашта шумораи олмониҳои мусулмоншуда ба чор ҳазор мусовӣ гашт. Ба қавли Муҳаммад Салим Абдуллоҳ аз Пажӯҳишгоҳи Бойгонии Исломӣ то солҳои пеш асосан занони ба мусулмонрасида, исломро қабул мекарданд. Ҳозир мардум бо хоҳиши худ ба ислом рӯ меоранд ва дар байни онҳо мардон низ кам нестанд.
Вақте табиби олмонӣ Кайл Лур бо шими ҷинсу костюми хокистарӣ дар тан дар Масҷид шаҳри Кёлн пайдо мешавад, баъзеҳо фикр мекунанд, ки кадом роҳиби насроние барои танзими муколамаи динҳо ба ин ҷо омадааст. Вале ин тавр нест. Якуним сол пеш Кайи 43 сола ҳамроҳ бо ҳамсараш Катрин исломро қабул намуда, Алӣ, Рашид ва Оиша ном гирифтаанд. Кай мегӯяд, "вақтҳои охир олмониҳои дар оилаҳои мусулмон ба дунё омада, зиёд ба масҷид намеоянд".
Кай дар оилаи насронии баптист ба воя расидааст. Баъди издивоҷ бо Катрин онҳо бо муаммоҳои мантиқии зиёде мувоҷеҳ шуда, посухи онро на дар дини насронӣ, на дар бутпарастӣ пайдо накарданд. Сипас ин ҷуфт ба ислом рӯ овардааст. Ба гуфти имом-хатиби масҷиди Берлин Муҳаммад Ҳертсог гаравиши Лур ба ислом мушобеҳи гаравиши ӯ ва ҳазорҳо насронии дигар аст. Номбурда соли 1979 исломро қабул кардааст. То он замон ӯ роҳиби калисои протестант буд.
Ҷомеашинос Моника Волраб-Сар мусулмоншавӣ дар Амрикову Аврупоро таҳқиқ кардааст. Ӯ мегӯяд, ки падидаи мусулмоншавии насрониҳоро наметавон бо чанд ҷумла шарҳ дод. Сабаб зиёд аст: "Аз як тараф, бӯҳрон дар ҳаёти шахсӣ, аз сӯи дигар, кӯшиши фарқ доштан аз дигарон, ва ё тағйири тарзи зиндагиву ғайра." Ҷойнамози Кай Лур доимо ҳамроҳаш мебошад. Ӯ мегӯяд, қоидаҳои возеҳи ахлоқӣ, ки дар Қуръон дарҷ гаридааст, барои ӯ хеле ҷолиб мебошад. Ба гуфти Кай дар ҳоле, ки арзишҳои ислом ҳоло ҳам барои бисёриҳо азиз мебошанд, аз байн рафтани арзишҳо ҷомеаи ғарбиро дар ҳоли душвор қарор додааст.
Баъзан вобаста ба тафсири Каломи Шариф арзишҳои ба тозагӣ қабулшудаи исломӣ бо арзишҳои ҷомеаи либералии Аврупо дар ҳоли ихтилоф қарор мегиранд. Шореҳ Волраб-Сар мегӯяд, ки одатан шахсони мусулмоншуда поктарин роҳи ибодатро пеш мегиранд. Онҳо сари вақт намози худро мегузоранду на бо нӯшидани алкоҳол ва на бо тановули ғизои мамнӯъ ва на чизи дигаре созиш намекунанд.
Дар кишварҳои Аврупои Ғарбӣ садҳо ҳазор муҳоҷири мусулмон аз мамолики Осиёву Африқо ба сар мебаранд ва сокинони ин мамолик имкони зиёди таомул бо мусулмонон доранд. Аммо дар Аврупои Шарқии собиқ коммунист ҳам ҷараёни қабули ислом аз тарафи насрониҳову мардуми бедин мушоҳида мешавад. Муҳандиси 47 солаи чех Владимир Санка 12 сол пеш мусулмон шудааст. Ӯ бори аввал дар Сурия бо дину оини исломӣ рӯбарӯ гашта бошад ҳам, баъди пажӯҳиши дақиқ ва муқоиса бо динҳои дигар ба ислом рӯ овардааст.
" Ман дар ҷустуҷӯи посух ба суолҳое будам, ки ҳамчун атеист ҷавоби онрҳоро надоштам. Масалан, дунёву охират. Ҳамин тариқ ба худо имон овардам. Сипас машғули таҳқиқи динҳо шудам, ки кадоме аз онҳо ба суолҳоям посухи возеҳтар медиҳад. Ман динҳои яҳудӣ, насронӣ ва исломро пажӯҳидам. Бароям пайвастагии ин динҳо ошкор шуд. Усулу оини зиёд ва решаи ҳар се дини ёдшуда як аст. Ва ислом охирин дини яккахудо аст, ки динҳои пештараро такмил мекунад. Мо бояд аз он пайравӣ кунем, зеро бидуни тағйиру ислоҳ то замони расидааст. Ислом ба фикрам бештар мантиқӣ ва мутобиқ ба ҳаёт аст. аз ин рӯ ман мусулмон шудам."
Владимир тасдиқ мекунад, ки аксари хешу наздиконаш баъди мусулмоншавии ӯ дар бораи мавҷудияти ин дин иттилоъ ёфтанд. Вале ин амали ӯ муносибати ҷомеаро тағйир надод:"Ба фикрам таомули мо бетағйир монд. Мусулмонон падару модар ва хешу таборро эҳтиром мекунанд ва ин амали ман ба ҳамаи онҳо маъқул аст. Дар ҷои кор ҳам аксари ҳамкоронам маълумоти олӣ доранду ман бо онҳо табодули назар ва баҳсҳои ирфонӣ дорам. Вале ҳеч эҳсос накардаам, ки мусулмон шудани ман мушкиле эҷод карда бошад."
Ин сӯҳбате бо Владимир Санка мусулмони 47 сола аз шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чех.Вақте ин мусоҳибаро бо шореҳи Фароснавӣ Оливер Руа гӯш мекардем, ӯ гуфт, ки тағйири дин дар миёни aврупоиён як ҷараёни маъмулист. Онҳо дар баробари рӯй овардан ба Ислом ба динҳои дигар ба мисли будизм ҳам таваҷҷӯҳ нишон медиҳанд, вале раванди умумӣ ин аст, ки аврупоиён ҳар чӣ бештар аттеист мешаванд.
Дар идомаи сӯҳбат Оливер Руа афзуд, ки ҷомеаи Фаронса бештар аз он нигарон аст, ки бахше аз ҷавонони ба ваҷҳи умум мусулмони маскун дар канори шаҳрҳо таҳсилу шуғли муайяне надорад ва аз мавқеии имрӯзааш қаноатманд нест, вале ин масъала бештар иҷтимоӣ буда, бо дин марбут нест.