Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси зиёиёни дунявӣ ва динӣ


имом-хатиби масҷиди ҷомеи Пахтаободи ноҳияи Ваҳдат Мусоҳибаи Абдулқаюми Қаюмзод бо Бадриддин Каримов Таъсир ва мақоми зиёии дунявӣ ва уламои исломӣ, мавқеъ ва муносибати ин ду тоифа аз аҳли ҷомиа дар баробари арзишҳои миллӣ ҳифз ва пос доштани анъана ва расму одоти миллӣ аз сӯи ин ду гурӯҳ ҳоло ба мавзӯи баҳси расонаҳо табдил ёфтааст. Гоҳо намояндагони ақшори зикршуда ба сӯи ҳам сангандозӣ карда талош мекунанд, ки нақши тарафи дигарро камрангтар нишон диҳанд. Пайомади ин мубоҳисот чӣ хоҳад буд ва оё ин баҳсҳо замони анҷомёбӣ низ дорад? Бо ин суолот муроҷиат кардем ба як нафар аз намояндагони рӯҳонияти кишвар.

Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим
Баҳси бархоста миёни уламо ва зиёиён ин аст, ки кадоме аз ин ду қишр ё тоифа нуфуз ва таъсири бештар дар ҷомеа доранд. Хоҳ аз тарафи рӯҳониён ва хоҳ аз тарафи зиёиён ин баҳс то ҳоло идома дорад. Аввалан ҳамчун як мусалмон ва сипас чун як руҳонӣ назари ман ин аст, на ҳама онҳое, ки даъвои зиёӣ буданро доранд , зиёӣ ҳастанд. Ва ҳамон рӯҳониёнеам, ки имрӯз даъвои рӯҳоният мекунанд, на ҳамаашон рӯҳонӣ ҳастанд.
Пеш аз он ки инсон як рӯҳонӣ шавад , ё як зиёӣ шавад, бояд аввал ХУД шавад. Яъне ҳамчун як шахсияти воқеӣ худашро дарёбад, дарк кунад. Аз назари ман касоне ҳам , ки мегӯянд, нақши рӯҳоният дар пос ва нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ манфӣ аст , ин хатост. Фикр накунанд ,ки ман ба сифати як рӯҳонӣ ин ҳарфҳоро мегӯям. Ҳамчун як узви ҷомеа мутмаин бар онам, ки рӯҳониён дар ҳақиқат таъсир ва нақши бештаре, ки дар ҷомеа доранд, дар қиёс бо зиёиён.
Ҳамон хонандагоне, ки дар мактабҳо мехонанд, нисбати як муаллим ба муллои деҳа эҳтироми бештар доранд. Ба фикри ман маншаи ихтилоф аз ин ҷост, ки бархе аз зиёиён мехоҳанд, ки нақши рӯҳониятро дар нигаҳдоштани арзишҳои миллӣ ба инобат нагиранд. Рӯҳониёнро ҳамчун як омили бидуни таъсир мехоҳанд бишиносанд. Вақте ба бархе аз навиштаҷоти зиёиёни ҷомеа назар мекунӣ , мебинӣ , ки дар он чизе,к и ба дарди ҷомиа даво бошад, нест. Агар ҳам бошад андак аст.
Имрӯз хатост, ки мо ҳамон тоифа аз зиёиёне,ки худшиносанд , ҳамон зиёиёне, ки ба дараҷаи худшиносӣ расидаанд, онҳо ҳамчун рӯҳонӣ набишносем.
Баъзан баҳсҳое ҳам мешавад, ки рӯҳонияти исломӣ мониаи рушди фикрӣ дар ҷомеа ва миллат будаанд. Ва ҳамин руҳоният будаанд, ки арзишҳои миллиро хеле ночиз ва ҳақир карда ва ҳатто боиси аз байн рафтани онҳо шудаанд. Ва баръакс руҳониён бо ишора ба ҳафтод соли замони шӯравӣ мегӯянд, ки аксари зиёиён бо қабули расму русуми русӣ ҳам дар муҳити хонавода ва ҳам дар маҳалли кор ва бо қабули забони русӣ ва дигар урфи одоти ғайр, ба арзишҳои миллӣ эҳтиром қоил нашуданд ва боиси то андозае аз байн рафтани анъана ва ойинҳои миллӣ шудаанд.
Аввалан арзишҳои миллӣ ё ҳамон урфу одатҳои миллиро бояд аз бидъат ва хурофот ҷудо кард. Хурофоту одат фарқ дорад аз урфу одат ва расму русуми миллӣ. Имрӯз мутаассифона байни худи руҳониён мушкил аст. Аз онҷумла бо ин масоил дар чандин баҳсҳо гирифтор шудам, ки имрӯз баъзе аз руҳониёне ҳастанд, ки аз дарк ва маъонии Қуръон бехабар ҳастанд. Ва ҳатто фарқ намегузоранд байни як расму русуми исломӣ ва як расму русуми бидъатӣ. Дарки ҷудо кардан ва шинохти бидъату хурофотро аз як анъана ва ё одати мазаҳбӣ ва миллӣ надоранд. Ба ҳамин сабаб аст, ки баъзе зиёиён нисбати чунин рӯҳониён назари манфӣ доранд.
Баъзе аз зиёиён даъво аз арзишҳои миллӣ мекунанд ва ҳарф аз миллигароӣ мезананд вале бо забони русӣ сӯҳбат карданро барои худ ифтихор медонанд. Ва баъзеашон низ ҳастанд, ки аз ба забони модарии худ ҳарф задан хиҷолат мекашанд. Инҳо ҳама воқеият доранд.


Воқеан чунин суол ҳам матраҳ шуд, ки шумо аввал тоҷик ҳастед ё мусалмон . Оё ҳамин гуна масъалагузорӣ ва ҳамин гуна суолгузорӣ чӣ пайомад ва таъсироте дар ҷомеа дошта метавонад?

Имрӯз вақте ба дунё менигарем, мебинем, ки миллиятҳо , нажодҳо ва қавмҳои мухталифе ба сар мебаранд. Вале вақте ояти Қуръон ба инсон таълим медиҳад ва дар ҳадиси расули акрам низ омадааст, ки ҳар инсоне, ки ба дунё меояд, ӯ фитратан мусалмон аст. Пеш аз он ки ӯ -инсон- дар ҳар ҷомиае, ки ба дунё меояд дар қалб ва вуҷуди ӯ нури илоҳӣ аст. Худованд инсонро фитратан ҳамчун як мусалмон ба дунё меорад. Барои чӣ ман мегӯям, ки аввал мусалмон ҳастам баъд тоҷик? Беҳтарин далелеро меорам, ки вақте инсон аз дунё мегузарад, дар қабр ӯро аз миллат ва ё нажод намепурсанд, ӯро аз дин мепурсанд. Барои ҳамин имрӯз касоне, ки мегӯянд, аввал мо тоҷик ҳастем , баъд мусалмон онҳо ба ин тарафи масъала боварӣ надоранд.. Назари ман ин нест, ки набояд миллигаро набуд. Миллигароӣ ё ҳамон тоҷик будан ва ифтихор доштан ба миллати худ ин бояд бошад. Вале ин марҳалаи баъд аз имон, марҳалаи баъд аз ин ки Худованд ӯро ба инчунин неъмат сазовор гардонидааст ва дар чунин миллате ӯро ба дунё овардааст, мебошад.

Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ки дар ду-се соли ахир аз ҳисоби ҷавонон сафи намозгузорон дар масоҷид афзоиш меёбад. Вале ин раванд то андозае ба мухолифати мақомот ва масъулин дучор шудааст?

Бо худи ман низ ин масъала пеш омад. Дар ҳақиқат агар имрӯз гумони мо ин бошад, ки афзоиш ёфтани шумори ҷавонон дар масоҷид сабаби хатарест, ё барои ҷомиа дар оянда хатаре ба вуҷуд хоҳад овард , ин фикри пуч ва иштибоҳи маҳз аст. Инсонҳое, ки фикр доранд афзоиши ҷавонони намозгузор хатар аст онҳо дар ҳақиқат нисбат ба дин кина доранд. Вақте Расулуллоҳ саллалоҳи алайҳи вассалам ба паёмбарӣ расид, аввалин касе, ки ба ӯ имон овард, ҷавон буд.

Ҳамин , ки гуфта мешавад афзоиши ҷавонони намозгузор боиси хатар хоҳад буд, шояд кадом далеле буда бошад,шояд дар масоҷид ташвиқоте алайҳи давлат бурда мешавад?

Воқеан, агар далелашон ҳамин мебуд, ки имрӯз баъзе аз рӯҳониён зидди сиёсати давлат ҳарф мезананд , дар расонаҳо пахш мекарданд. Онҳо ба фикри ман бидуни далел ҳарф мезананд.Чунки имрӯз ифтихори ҳар як рӯҳонӣ баъд аз дин ба миллаташ ва ба давлаташ аст. Имрӯз ман ҳамчун як рӯҳонӣ аввалан ба дин ифтихор кунам , дуввум ба давлату миллатам фахр мекунам. Баъзеҳо ҳастанд, ки нисбати озодиҳои динии инсонҳо, нисбати озодиҳои эътиқодӣ мониаҳо эҷод мекунанд. Ин нишонаи ноэҳтиромӣ ба эътиқодот ва муқаддасоти ҳамон шахс мешавад. Ҳамчун як ҷавон медонам, ки агар мо маҳдудият эҷод кунем ва ҷавонони сездаҳ- чаҳордаҳсоларо аз рафтан ба масҷид ҷилавгирӣ кунем , нагузорем, ки ба масҷид бираванд маҳз чунин амалкард дар оянда хатар хоҳад буд. Бубинед , ҳатто намегузоранд либоси миллиро худро пӯшида ба мактаб бираванд. Ин худаш нишон медиҳад, ки на фақат ин иқдоми муғойир бо дин аст, ҳатто аз ҳамон арзиш ва сунани миллӣ берун аст. Онҳо мехоҳанд аз либоси миллӣ муҳассилинро бегона кунанд. Чаро зиёиён дар ин бора ҳарфе намегӯянд?
Ҳар чизе, ки маҳдуд шудан гирифт, хатари пош хӯрданаш , хатари хароб шуданаш бештар мешавад. Ҳар чизеро, ки дар ҷомеа маҳдуд карданӣ мешавем ташнагони он зиёдтар мешаванд. Барои ҳамин агар имрӯз аз масҷидравӣ ҷавононро маҳдуд кунем онҳо ба ин андеша меафтанд, ки масҷид чӣ ҷое аст, ки моро манъ мекунанд. Яъне онҳо бештар ташвиқ мешаванд, бештар алоқаманд мешаванд, бештар иштиёқ пайдо мекунанд ва таваҷҷӯҳу тааҷҷуботашон зиёд мешавад, ки чӣ чизест масҷид , ки моро аз рафтан ба он бозмедоранд? Дар ҷомеае, ки ҳама чиз озод гузошта шуд ва ҷанбаи мусбат ва манфиаш барои мардум шиносонида шуд он вақт воқиан ҳаркӣ ақл дорад, чизе, ки манфист ӯро намегирад ва чизе, ки мусбат аст, ба дарди ҷомеа мехӯрад, ӯро мегирад.
Нооромиҳои ҷомиа на аз тарафи рӯҳоният мешавад вале ҳамзамон бархе аз рӯҳонияте ҳам ҳастанд, ки сабаб бар ин чиз низ мешаванд.


Дар бисёре аз масоҷид ва мадорис афроде низ ба фаъолият шурӯъ кардаанд, ки дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ таҳсили илм кардаанд. Чунин фикр дар ҷомеа мавҷуд аст, ки онҳое, ки дар хориҷа таҳсил кардаанд, масалан ҷараёноте ба мисли салафия, ваҳҳобия , акрамия ва байъатро бо ин ё он роҳҳое ташвиқ мекунанд. Оё Шумо бо ҳамин гуна равия , ҷараёнҳо ва ё намояндагони онҳо дар масоҷид бархурд кардаед?

Ин андеша , ки касоне, ки дар хориҷ аз кишвар таҳсил мекунанд , сабаби ба вуҷуд омадани кадом як фитна, сабаби ба вуҷуд омадани як ноамнӣ дар ҷомиа мешаванд, хато аст. Ман низ дар хориҷ таҳсил кардаам. Аз вақте, ки дар ин масҷид на ҳамчун макони даромад, ҳамчун як ходими дин, ба хотири Худо ва ба андозаи дониши худ чизе, ки аз Ислому Қуръон медонам ба мардум расонидам ва хоҳам расонд нисбати ман низ чунин суханҳо шуд. Гуфтанд, ки ин аз дин берун аст наъузубиллиоҳ. Ё гуфтанд аз мазҳаб берун аст , гуфтанд ин як шиъа аст , баъзан вақт гуфтанд як ваҳҳобӣ аст, як салафӣ аст. Чунин сӯҳбатҳо, чунин лақабҳо нисбати ман шуд. Касонеро, ки чунин ҳарфҳоро заданд ба сӯҳбат даъват кардам ва гуфтам биёед собит бикунед, ки кадоме аз суханони ман боис ба чунин номгузориҳо шудааст? Онҳо танҳо як далел доранд. Онҳо мегӯянд чаро то имрӯз бобоҳои мо чунин корро накарданд , чаро то имрӯз пешвоёни мо чунин ҳафрҳоро назаданд?
Мо гуфтем, замоне, ки гузашта шуд , мушкилоте, ки тайи беш аз ҳафтод сол мавҷуд буд, ҳамроҳ бо маҳдудиятҳое буд, ки мумкин боис шуд онҳо аз илми исломӣ бехабар монданд. Баъзе ҷойҳову маҳаллаҳое ҳаст, ки баъзе нафарон бо азёд кардани чанд сура унвони руҳониро гирифтанд. Албатта онҳо аз чизе, ки асли Ислом аст бехабар ҳастанд. Имрӯз бархе аз ҷавононеро, ки дар ҷомеа ба унвони салафӣ мешиносанд ё ба унвони ваҳҳобӣ мешиносанд, нисбати онҳо , ки гумонҳои бад мекунанд ин хато аст. Биёед ҳамон гурӯҳҳоеро , ки ҳоло ба унвони ваҳҳобӣ ё салафӣ мешиносем даъват карда бо онҳо сӯҳбат ороем, аз лиҳози илмӣ. Яъне як мавзуъ ё баҳсе сурат бигирад нисбати онҳо , ки оё онҳо то чӣ ҳад дар ҷомеа таъсир гузошта метавонанд ва то чӣ ҳад онҳо дар ҷомиа хатар хоҳанд буд. Бинобар ин ҳоло нисбат ба онҳо бо назари манфӣ нигаристан хато аст.
Манбаъ ва сарчашмаи ихтилофот нисбати онҳое, ки дар хориҷ таҳсил кардаанд, руҳониёне ҳастанд, ки аз роҳи дин зиндагии худро таъмин мекунанд. Яъне василаи дин соҳиби пулу молу ҷоҳу ҷо шудаанд.
Нисбати ман чандин фишорҳо дар ҳамин замина сурат гирифт, ки чаро ту ба баъзе аз одоту анъанот зид мебароӣ? Гуфтам, ки ман зид набаромадаам. Худои ман нисбати инҳо зид аст. Расули Худо нисбати ин бидъатҳову хурофотҳо зид аст. Ҳатто аз ҷониби баъзе аз рӯҳониён ман таҳқирҳо шунидам. То дараҷае расид, ки маро ба чандин ҷоҳо ва идораҳо даъват карда аз ман баёнотҳо гирифтанд. Ман нисбати суханҳое,к и гуфтам баёнот додам.
Аммо вақте ба таҳқиқи ин вазъ афтодам ба чунин нукта расидам, ки баъзан рӯҳониёне низ ҳастанд, ки намехоҳанд мардум аз ҳақиқати Ислом бохабар шавад. Чунки имрӯз ин гурӯҳи руҳонӣ Исломро васила қарор додаанд.


Ба ҳар сурат мубоҳисоте, ки миёни зиёиён ва руҳониён идома дорад то кай давом меёбад ва чи гуна мешавад ба ин баҳс нуқта гузошт?

Ҳамон вақте, ки зиёиён рӯҳониёнро ҳамчун шахсияти иҷтимоӣ бишиносанд, яъне эътироф кунанд. Хушбахтона давлати мо озоду демократӣ аст. Ҳамон зиёиёне, ки нақши руҳониятро дар ҳифз ва интиқоли арзишҳои миллӣ аз насл ба насл инкор мекунанд ҷуръате доштанд , даъват кунанд руҳониёни бедорро , зеро бештари рӯҳониёни мо хобанд ва аз қафои зиндагии худ ҳастанд, агар он қадар гуфтанӣ доранд, он қадар агар ҳаққ будаанд сари ин масоил баҳсҳо ташкил кунанд ва ин баҳсҳои худро таври мустақим аз тариқи расонаҳо ба мардум пешкаш кунанд. Рӯҳониён зиёиёнро ҳамчун шахсият мешиносанд, вале имрӯз бештар зиёиёнанд, ки нисбати руҳониён назари манфӣ доранд. Ҳатто нақши онҳоро дар ҷомеа шинохтан намехоҳанд. Сабаби ихтилоф ҳам ҳамин аст. Ва сабаби ихтитом, яъне ба охир расидани ин баҳс ҳам ҳамин хоҳад буд, ки ба ҳайси як фарди огаҳи ҷомиа як шахси таъсиргузор руҳониёнро эътироф кунанд, ба фикри ман он вақт ин мубоҳиса ба охир мерасад.
XS
SM
MD
LG