Маросими муаррифиии нахустин барномаи таълимӣ дар мадориси мутавасситаи мазҳабӣ дар як нишаст бо ширкати масъулин, уламои динӣ ва имом- хатибони бархе аз масоҷиди кишвар дар Душанбе доир шуд. Оё ин барнома аз чӣ ҷузъиёте иборат аст ва ҳадаф ва зарурияти таҳияи он дар чист?
Ин ҷо сухан дар бораи худи ташкилотҳои динӣ ва Шӯрои уламо меравад. Азбаски ташкилотҳои динӣ чун дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ҳастанд, онҳо тамоми фаъолияти худро дар асоси оинномаҳои худ ва мувофиқи дарку фаҳмиши худ бино месозанд. Аз ин ҷиҳат барнома доир ба таълими динӣ ё барномаи намунавӣ доир ба ислоҳоти таълими динӣ ба вуҷуд омадааст. Ин бо хоҳиши худи ташкилотҳои динӣ ва бо иштироки онҳо сурат гирифтааст ва фақат мо як чанд нафар аз мақомоти иҷроияи ҳукмат дар ин барнома иштирок дорем. Зеро баъзе масъалаҳое ҳастанд, ки бо машварат бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ бояд сурат гирад вале асли масъала ин аст, ки оё ислоҳоти таълими динӣ Тоҷикистон зарур аст ё на? Агар ислоҳот зарур бошад дар кадом самт ва чӣ тавр бояд сурат мегирифт. Бояд гӯем, ки зарурати ислоҳоти таълими динӣ пеш аз ҳама аз он иборат буд, ки дар мо то кунун таълими динӣ кадом як барномаи мушаххас надошт:- ҳам мазмуни таълими динӣ ва дараҷабандии таълими динӣ дар шакл ва қолаби муайян надорад. Мадрасаҳое, ки вуҷуд доранд, ҳамаи онҳо барномаҳои мухталиф доранд. Ва ҳар кадоми онҳо мутобиқу оинномаашон ҳар чанде, ки дар бораи мадрасаи мутавассита буданашон, ё дар бораи мадрасаи олӣ буданашон, ё дар бораи мадрасаи ибтидоӣ буданашон изҳорот дода бошанд, ҳам аммо аксари вақт барномаашон бо мӯҳтавои оинномаашон мувофиқат намекард. Яъне дар он ҷо, ки масалан мадрасаи мутавассита аст, шояд таълими ибтидоӣ дода мешуд ва дар баъзе ҷойҳо, ки мадрасаи мутавассита аст, таълими олӣ ё олии нопурра дода мешуд, бинобар ин дар як низоми муайян набуд. Баъзеҳо мутобиқи хоҳиши худашон, масалан мударрисон дарс медиҳанд ва мутобиқи хоҳиши худашон аз китобҳои динӣ истифода бурда таълим медоданд. Бинобар ин ҳамин гуна зарурият ба вуҷуд омад ва ба мо муроҷиат карданд ки мутобиқи он барномае , ки дар системаи таълими давлатӣ аст аз он истифода бурда барои мактабҳои динӣ ҳам ягон барномаи мушахас ба вуҷуд биёяд.
Нукоти аслии ин барнома аз чӣ иборат аст?
Аввал он ки таълими диниро ба як мизони муайян медорад ва ҳамаи он мазмуни диние, ки дар таълимгоҳҳои динӣ истифода бурда мешавад , аз рӯи барномаи муаяйн пешниҳод мешавад, ки чӣ таълим дода шавад. Дуюм нуктаи муҳим ин аст, ки дар ин барнома як миқдор фанҳои дунявӣ ҷорӣ мегардад. Яъне ҳоло эҳтиёҷе аст, ки хонандагони мадориси динӣ як миқдор дониши дунявӣ ҳам дошта бошанд то ин ки дар замони ҳозира ба масъалаҳои мухталифи он ҷавоб дода тавонанд. Мақсади дигари барнома дар он аст, ки доир ба ягон соҳаи мушаххас мадрасаҳо ихтисос диҳанд, ихтисосе диҳанд, ки ба дарди ҷомеъаи муосири Тоҷикистон бихӯрад ва тавонад мактабҳо ё системаҳои маорифи кишвар аз ин гуна кадрҳо истифода барад. Мутобиқи қонун ва конститутсияи Тоҷикистон таълимгоҳҳои динӣ ҳам яке аз муассисаҳои динӣ ҳисоб мешавад. Ва ҳамаи муассисаҳои динӣ дар асоси озодии эътиқод фаъолияти худро ба танзим медарорад ва ҷорӣ мекунад. Ва таълими динӣ гирифтан ҳам албатта ҳам аз нигоҳи динӣ ва аз нигоҳи эътиқодӣ зарур аст. Шарт нест касе, ки таълими динӣ гирифта бошад танҳо аз ӯ дар муассисоти динӣ истифода шавад. Ин ҷо дигар масъала аст, ки бисёр хатмкунандагони мадорис ихтисоси дигар надоранд ва қисман бекор мемонанд ва қисман муассисаҳои диние, ки эҳтиёҷ ба имом -хатибҳо доранд, барои кор ба он ҷо мераванд. Албатта, чунин ташкилотҳо хеле каманд ва аксари онҳо, албатта ходимони худро доранд. Бинобар ин бисёрии онҳо умуман ба ҳеҷ ҷо аз рӯи он таълиме, ки диданд ба кор гирифта намешаванд. Вале чун онҳо ҳам аъзои ҳамин ҷомиа ҳастанд , ҷамъият бояд нисбати онҳо ғамхорӣ зоҳир кунад , то ки онҳо ақаллан дар он соҳае, ки дониш доранд ва ихтисос доранд, тавонанд, ки онро истифода бурда ба манфиати ҷомеъа кор кунанд. Бинобар ин барнома ҳамин ҷиҳатҳоро низ дар бар мегирад. Имкон дорад, баъди он ки муҳассилин бо усули нави таълим дониш мегиранд , илми педагогика ва шеваи нави таълимро низ аз бар мекунанд. Аз ин хотир ба вазорати маориф низ пешниҳод хоҳад шуд, ки доир ба ягон фанни мушаххас, ки дар таълимгоҳҳо ё системаи вазорати маориф таълим дода мешавад, ба хатмкунандагони ин мадорис ихтисос дода шавад.
Дар қадами аввал таълими ҳуруфи ниёгон дар макотиб дар назар аст. Мақсади барнома низ аз ҳамин иборат аст хатмкунандагони ин мадрасаҳо, ки мутобиқи барномаи нав таълим мегиранд ба вазорати маориф пешниҳод шаванд ва аз тарафи вазорати маориф литсензия ва стандартизасия шавад то ин ки имконияти ба онҳо тахассуси муаллими хатти ниёгон дода шавад ва дар ин асос як ҳуҷҷате дошта бошад, ки вазорати маориф онро эътироф карда бошад. Дар барнома ба ғайр аз таълими динӣ ва фаннҳои дунявӣ инчунин методикаи таълим ва педагогика ба назар гирифта шудааст. Мутобиқи барнома ҳамчунин курсҳо ё давраҳои такмили ихтисос низ дар назар гирифта шудааст, ки мударассин аз он баҳравар хоҳанд шуд. Баъд аз он ки курси такмили ихтисосро як қисми мударрисон мегузаранд онҳо имконият меёбанд, ки дар мадрасаи интихоб шуда, ки ин барнома ҷорӣ мегардад фаннҳои аз рӯи ихтисосро дарс диҳанд.
Ҳоло дар Тоҷикистон теъдоди мадориси мутавассита ва олӣ чӣ қадар аст?
Дар Тоҷикистон 20 мадрасаи мутавасситаи мазҳабӣ фаъолият дорад. Як донишгоҳи олӣ. Донишгоҳи ба номи Имом Тирмизӣ ,ки дар марказ аст. Ба ғайр аз ин , гурӯҳҳои таълимие, низ ҳастанд, ки дар назди масоҷид маълумоти ибтидоии динӣ мегиранд - дар назди масҷидони ҷомеъ. Теъдоди муҳассилини ин мадорис мухталиф аст. Зеро доимӣ нест. Ба ин маъно, ки инҳо мудом каму зиёд мешаванд. Баъзеҳо як сол ё ду сол мехонанд, боз каси дигар меояд. Яъне дар бораи миқдори собити онҳо сухан рондан душвор аст. Ҳамаи ин макотиб аз 200 то наздики 800 толибилм доранд. Бинобар ин ин миқдори онҳоро мо танҳо метавонем тахминӣ муайян кунем. Агар 20 мадраса бошад метавон боз ҳам тахминӣ ҳисоб кард, ки дар маҷмӯъ чӣ теъдод муҳассил дар ин макотиб вуҷуд доранд.
Дар ин барномаи таҳияшуда замон ва мӯҳлати таълим низ нишон дода шудааст?
Бале, мушаххас нишон дода шудааст. Чунки ба ин мадорис онҳое қабул карда мешаванд, ки то андозае тайёрии илми диниро дошта бошанд. Сипас се сол дар ҳамин мадрасаи мутавассита таълим мегиранд.Тақрибан агар онҳо маълумоти ибтидоӣ дошта бошанд дар ин ҷо маълумоти миёна мегиранд.
Дар таҳияи ин барнома киҳо ширкат доштанд? Оё шахсиятҳои маъруфи мазҳабӣ ё созмон ва ташкилотҳои динӣ ширкат доштанд? Ин барномаро кӣ таъмини молӣ кардааст?
Барнома бо мусоидати молии вазорати умури хориҷии Швейсария ва махсусан сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон сурат мегирад. Дар таҳияи барнома тамоми рӯҳониёни маъруфи Тоҷикистон ширкат варзидаанд. Аз ҷумла аз раиси Шӯрои улламои дини Тоҷикистон қорӣ Амонуллохон Неъматзода сар карда, эшони Сайидҷон, Ҳусайн Мусозода-раиси Шӯрои уламои вилояти Суғд, Ҳоҷиҳайдар Шарифзода, Исмоил Пирмуҳаммадзода ва роҳбарони ҳама мадориси мавҷуд дар ҷумҳурӣ ширкат варзидаанд. Яъне ҳамон бист мадрасае, ки ҳаст дар ин кор дар шакли муайян иштирок кардаанд. Аз омӯзиш то таҳияи барнома мо метавонем онро ба ду марҳала тақсим кунем. Давраи аввал давраи омӯзишии барнома ва зарурияти таҳияи он буд, ки тақрибан як сол давом кард .Ва баъди он қарор бар ин шуд, ки ин барнома таҳия шавад, ки ин давра 8 моҳро дар бар гирифт.
Аммо аз масъулини ҲНИТ ва аз домуллоҳои ин ҳизб низ касе дар ин кор ҷалб шуда буд?
Барои таҳия, яъне ҳамчун шахсе, ки пешниҳод дошта бошад ва барномаро омӯхта бошад афрод аз Наҳзати исломӣ ҳам буданд ва ҳастанд. Чунки онҳо дар ин муколима иштирок мекунанд ва бевосита дар муҳокимаи ин барнома ва дар тағйиру таҳавулоти ин барнома ширкат доранд.
Донишҷӯёне, ки дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд бо стипендия ва ё идрорпулӣ аз сӯи давлат таъмин мешаванд. Оё дар ин барнома барои толибилмини мадорис чунин имтиёзот дар назар гирифта шудааст?
То онҷое, ки вазорати умури хориҷаи Швейсария ва сафорати ин кишвар ин лоиҳаро маблағгузорӣ мекунанд , дар он албатта идрорпулӣ барои муҳассилини ин мадорис пешбинӣ шудааст. На танҳо идрорпулӣ ҳамчунин хуроки севақтаи бепул ва барои муаллимине, ки давраҳои такмили ихтисосро мегузаранд тамоми шароит ва пули муайян дода мешавад. Барои он ки ҷойи корашонро тарк мекунанд ва муддате дар ин ҷо машғули таълим ва таҳсил мешаванд. Чунин имтиёзот дар назар дошта шудааст.
Ин барнома аз кай ба иҷро гузошта мешавад?
Мувофиқи ҳамон лоиҳае, ки ба тасвиб расидааст иҷрои амалии он аз соли оянда яъне аз соли 2008 шурӯъ мешавад аммо тайёрии он такмили ихтисоси муаллимону омодасозии мадрасае, ки барои ин кор омода бошад ва инчунин таҳияи маводҳои зарурӣ дар ҳамин соли 2007 дар назар гирифта шудааст.
Баҳси ҷудоии давлат аз дин як баҳси хело доманадор аст. Ба ҳайси як коршинос, ки дар ин арса таҷрибаи зиёд ҳосил кардаед, оё бар ин андеша ва назар , ки боястӣ дар ин замина таҷдиди назар сурат бигирад, яъне ин ду- давлат ва дин дар ҳамоҳангӣ дар рушди ҷомиа саҳмгузор бошанд, чӣ назар доред?
Назари ман ҳамин аст, ки ҷудоии ташкилотҳои динӣ аз давлат, чуноне дар Қонуни асосии кишвар низ таъкид шудааст, зарурияти воқеӣ ва зарурати зиндагӣ аст. Ин ҷо баъзеҳо кӯшиш мекунанд муқобилгузорӣ кунанд. Чунин баён мекунанд, ки як ҷумҳурие, ки аксарияти кулли сокинони он мусалмон аст, оё ҷудоии дин аз давлат ё ҷудоии ташкилотҳои динӣ аз давлат ба ҷудоии гурӯҳи калони одамон аз давлат бурда намерасонад? Албатта не. Мувофиқи конститутсия дин кори хусусии ҳар шахс аст. Вақте кори хусусии ҳар шахс шуд ӯ наметавонад як маъмурият ё масъулияти давлатӣ дошта бошад. Аз ин нуқтаи назар ин ҷудоӣ ҳам барои рушди дин ва ҳам барои фаъолияти бемамониати давлат зарур аст. Барои рушди дин аз он хотир, ки дин бисёр арзишҳои баландро дар бар мегирад, арзишҳое, ки дар бисёр маворид тағйирнопазир ҳастанд ва онро ба доираи маҳдуди сиёсат тобеъ кунонидан дар натиҷа қимати ин арзишҳоро паст кардан аст. Ва аз ин ҷиҳат мо метавонем бигӯем, ки рушд ва фаъолияти бемамониати ташкилотҳои динӣ дар озодии онҳо аст , дар мустақилияти онҳост. Аз ин нуқтаи назар ҳамин дидгоҳ ё ҳамин тезис нуқтаи мувофиқ ҳаст. Имрӯз ҳам талабот барои он ки дин мустақиман бо арзишҳои худ пеш равад, такмил ёбад ва доираи доманаи он вусъат пайдо кунад ҳоло ҳам ҳаст, вуҷуд дорад. Ба ғайр аз ин вақте мо дар бораи ҷудоӣ гап мезанем ин маънои зиддияти байни онҳоро надорад. Давлат ҳамеша, дар ҳар маврид ба ташкилотҳои динӣ муроҷиат мекунад ва дар он масоиле, ки доир ба ахлоқ , тарбияи ахлоқӣ , фарҳангӣ, тамаддун ва масоили ҳаёти маънавӣ тааллуқ дорад, ҳамкорӣ мекунад.