Кумитаи тафтишотии Русия ҳамаи ин чаҳор нафар – Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсиддин ва Муҳаммадсобир Файзовро ба роҳандозии ҳамлаи террористӣ дар толори консертии "Крокус Сити Ҳолл" дар наздикии Маскав гунаҳкор медонад. Ҳамла шоми 22-юми март сурат гирифт.
Далерҷон Мирзоев (Баротович) дар ҳоле ба додгоҳ оварда шуд, ки беҳол ва сардаргум намудор шуда, дар сару рӯяш осори латукӯб дошт ва дар гарданаш боқимондаи пакети селофанӣ овезон буд. Вай, ба гуфтаи дафтари матбуоти додгоҳ, айбномаро қабул кард ва худро гунаҳкор донист.
Маргарита Симонян, мудири шабакаи давлатии "Russia Today" ва яке аз мубаллиғони ҳукумати Русия, Далерҷон Мирзоевро раҳбари ҳамлаварон номид, вале ин иттилоъ расман тасдиқ нашудааст.
Далерҷон Мирзоев 32-сола ва падари чаҳор кӯдаки ноболиғ буда, дар шаҳри Новосибирск номнавис гаштааст.
Шаҳрванди дигари Тоҷикистон Саидакрам Раҷабализода (Муродалӣ) 30-сола буда, зан ва як фарзанд дорад. Ӯ гуфтааст, дар ёд надорад, ки кай ва дар куҷои Русия сабтином шудаааст.
Ҳангоми боздошт як гӯши ӯро буридаанд ва тарафи рости сараш докапеч буда, дар рӯяш осори зарбулат ҳаст. Дафтари матбуоти додгоҳи Басманнии Маскав навишт, ки ӯ низ айбномаро пазируфт. Азбаски мурофиа паси дарҳои баста гузашт, ҷузъиёти он дастрас нест.
Додгоҳи ноҳияи Басманнии шаҳри Маскав гумонбар Фаридуни Шамсиддинро низ то 22=юми майи имсол ба ҳабси пешакӣ гирифт. Навори "бозпурсӣ”-и ӯ, ки дастонаш баста ва дар замин ба зону зада буд, рӯзи 23-юми март дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашру паҳн шуд.
Вай дар он видео гуфта буд, ки 4-уми март аз Туркия ба Русия рафт ва барои иҷрои ҳамлаи террористӣ аз "ёрдамчии рӯҳонӣ" 500 ҳазор рубл гирифтааст. Дертар каналҳои русӣ дар Телеграм акси шиканҷа шудани ӯро бо барқ нашр карданд. Ӯ 25-сола ва падари як фарзанд аст.
Муҳаммадсобир Файзовро рӯзи 24-уми март бо аробача ба толори додгоҳ оварданд. Вай ба тан либоси тиббӣ дошт. Ба гузориши расонаҳо, як рӯз пеш дар шуъбаи эҳё буд ва дар ҳамонҷо бозпурсӣ шуд. Гуфта мешавад, ҳангоми боздошт муқовимати мусаллаҳона нишон дода, чашмаш сахт осеб дидааст.
Додрас Тимур Вахрамеев пизишкони ҳамроҳи ӯро аз ҷаласаи додгоҳ берун кард.
Файзови 19-сола дар моҳи ноябри соли 2023 ба барбершоп ё сартарошхонаи Тейково дар шаҳри Иваново ба кор даромада, ба қавли соҳибонаш дар онҷо ҳамагӣ се моҳ кор кардааст.
Бо вуҷуди он ки вакилони гумонбарон хоҳони муҳокимаи боз шуданд, додрасон муҳокимаро махфӣ эълон карданд. Онҳо дархости тафтишотро қабул карданд, ки гуфт, муҳокимаи ошкор "метавонад сабаби фош шудани сирри тафтишот гардад" ва ҳамчунин "ба амнияти ширкатдорони раванд ва наздикони онҳо таҳдид кунад".
Мақомоти Русия шоми 23-юми март хабар дода буданд, ки ба сурати умум 11 нафар боздошт шудааст. Бино бар хабари Би-би-сӣ ду гумонбари ҳамла кушта шудаанд. Яке дар худи толори консертӣ ва дигаре ҳангоми боздошт дар вилояти Брянски Русия. Аз сарнавишти 5 боздоштшудаи дигар мақомоти Русия хабаре надодаанд.
Ҳамлаи маргбор ба толори мусиқии “Крокус Сити Ҳолл” шоми 22-юми марти имсол рӯй дод. Мақомоти Русия гуфтанд, ки 137 нафар кушта шуда, беш аз 180 тани дигар маҷрӯҳ ҳастанд.
Пас аз чанд соати ҳамла шабакаҳои наздик ба мақомоти Русия баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистонро дар ин кор гумонбар донистанд, вале Душанбе даст доштани камаш се нафари онҳоро рад кард. Мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, ки ду нафари онҳо дар Тоҷикистон ва як нафар дар Самара ҳастанд.
Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ бо нашри наворе масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифт. Мақомоти Русия талош доранд, ин ҳодисаро кори дасти Украина намоиш диҳанд. Владимир Путин рӯзи 23-юми март дар суҳбаташ ба ин ишора кард ва гуфт, Украина дар ин ҳодиса кумак кардааст. Ин ҳарф ҳарчанд, таблиғи расонаҳои Русияро ба дигар самт бурд, вале ҳамлаи расонаӣ ба муҳоҷирони тоҷикро кам накард.
Ҳанӯз паҳлӯҳои зиёде дар ҳодисаи террористии "Крокус Сити Ҳолл" дар канори Маскав норӯшананд, вале аз шаҳру навоҳии ин кишвар хабар мерасад, ки тафтишу боздошти муҳоҷирони тоҷик оғоз шудааст. Дар Русия зиёда аз як милллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд.