Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони тоҷик аз муносибат ба онҳо дар Русия нигаронанд


Як низомии рус дар наздикии "Крокус Сити Ҳолл"
Як низомии рус дар наздикии "Крокус Сити Ҳолл"

Муҳоҷирони тоҷик дар Русия шикоят доранд, ки пас аз ҳамлаи террористӣ дар толори консертии Крокус Сити Ҳолл ҳарчи бештар ҳадафи бегонаситезӣ қарор мегиранд

Дар шаҳри Благовешенски вилояти Амур, Шарқи Дури Русия, як қаҳвахонае, ки ба муҳоҷирон тааллуқ дошт, оташ зада шудааст.

Се шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Калуга аз тарафи як гуруҳ дар кӯча латукӯб шуда, як нафари онҳо дар бемористон бистарӣ гаштааст.

Аз чанд шаҳри Русия шикоят мерасад, ки муштариён аз хидмати таксиронҳои тоҷик даст мекашанд. Онҳо пас аз қабул шудани фармоиши худ талаб мекунанд, агар ронанда тоҷик ё аз Тоҷикистон аст, супориш бекор карда шавад.

Як сокини ноҳияи Восеъ гуфт, нисфирӯзии 23-уми март ду бародар ва писарашро дар Маскав боздошт карданд ва то кунун ҳеч хабаре аз сарнавишташон нест.

"Онҳо ба таъмири хонаҳо машғул буданд ва писарам ягона ноновар аст. Фақат фаҳмидем, ки онҳоро бо чанд тоҷики дигар қапидаанд. Намедонем куҷо бурданд ва бо онҳо чӣ шудааст,"--гуфт ӯ.

Ин дар ҳолест, ки пас аз даъвати Сафорати Тоҷикистон дар Русия аксари муҳоҷирон аз манзилҳои худ берун намераванд.

Канали телеграмии “База” хабар дод, ки баъд аз воқеаи Крокус дар ниҳодҳои умури дохилии Русия гуруҳҳои махсуси тафтиши иловагии муҳоҷирон таъсис ёфтаанд. Ин дастаҳо хобгоҳҳои умумӣ, ширкатҳо, масирҳои гуногунро ҳадафи тафтиш қарор дода, ҳамроҳ бо кормандони пулиси роҳ аснод ва ҳувияти муҳоҷиронро месанҷанд. Муҳоҷирони тоҷик эҳсоси инро доранд, ки онҳо ҳадафи асосии ин санҷишҳо қарор хоҳанд гирифт.

Як шаҳрванди Тоҷикистон аз шаҳри Пенза ба Радиои Озодӣ гуфт, бисёре аз ҳамватанони ӯ нақшаи бозгашт ба Тоҷикистонро доранд. Дар ҳамин ҳол садҳо ҳазор тоҷике дар Русия бо аҳли хонаводаашон зиндагӣ мекунанд, ки шаҳрвандии ин кишварро гирифта ва сарнавишти худро ба он пайвастаанд.

Мавридҳои тоҷикситезӣ дар Русия дар ҳоле густариш меёбанд, ки чандин чеҳраи маъруфи ин кишвар нисбати тоҷикон суханони нек гуфта, ҷомеаи Русияро аз лағжидан ба умқи нажодпарастӣ ва ақидаву аъмоли шадиди ростгароӣ ҳушдор додаанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG