ФСБ ё Хадамоти федеролии амнияти Русия қаблан гуфта буд, ки 11 нафар бо гумони ҳамлаи террористии рӯзи 22-юми март дар канори Маскав боздошт шудаанд.
Вазорати корҳои дохилии Русия гуфтааст, ки чор тан аз онҳо шаҳрвандони хориҷӣ ҳастанд, вале аз кадом кишвар буданашонро расман зикр накардаанд.
Матуботи Русия наворҳои лаҳзаи боздошти чанд тан аз гумонбаронро нашр кард, ки ному насаби тоҷикӣ доранд ва бархе бо забони тоҷикӣ суҳбат мекунанд. Ба қавли расонаҳои ин кишвар, гумонбарон тоҷикистонӣ ҳастанд, вале инро расман мақомоти русу тоҷик тасдиқ накардаанд.
“Аъмоқ”, пойгоҳе, ки хабарҳои ДОИШ-ро нашр мекунад, навори ҳамлагаронро дар дохили бинои “Крокус Сити Ҳолл” нашр кардааст, ки бо автомату корд ба одамон ҳамла мекунанд.
Бар асоси охирин хабарҳо теъдоди қурбониёни ҳамла ба 137 нафар расидааст. Даҳҳо нафари дигар дар ин ҳамла маҷрӯҳ шудаанд.