Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо гумони ҳамла ба “Крокус Сити ҳолл” тоҷикон боздошт шудаанд


Боздошти яке аз гумонбарони эҳтимолии ҳамла ба "Крокус Сити ҳолл", ки онро Телеграм-канали База нашр кардааст
Боздошти яке аз гумонбарони эҳтимолии ҳамла ба "Крокус Сити ҳолл", ки онро Телеграм-канали База нашр кардааст

Бар пояи наворҳои видеоӣ, ки чандин канали русӣ дар Телеграм пахш кардаанд, рӯзи 23 март бо гумони даст доштан дар ҳамлаи террористӣ ба маҷмааи “Крокус Сити Ҳолл” ба камияш 4 хориҷӣ  боздошт шудаанд, ки эҳтимолан шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд ваё тоҷикони шаҳрванди Русия.

Мақомоти Русия аз дастгир шудани 11 нафар, аз ҷумла 4 иҷрокунандаи бевоситаи ҳамла хабар доданд, вале ҳувияти онҳоро эълон накардаанд. Аммо онҳо хабарҳои шаҳрванди Тоҷикистон будани ҳамлаваронро низ тасдиқ ё рад намекунанд. Танҳо ахиран гуфтанд, ки ҳамаи ҳамлаварон хориҷиёнанд ва боздошт шудаанд.

НОМҲОИ ТАСОДУФӢ

Аз феҳристи нахустин, ки номи шаш нафарро дошт, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ширкати се шаҳрванди Тоҷикистонро дар ҳамлаи “Крокус Сити ҳолл” рад кард. Аз се номи боқимонда, акси як нафар мунташир шуд, ки шабакаҳои русӣ гуфтанд, дар вилояти Брянск боздошт шудааст.

Бино бар хабарҳо ӯ ҳангоми боздошт захмӣ шуда, дар бемористони вилоятии Брянск аввал дар бахши бемориҳои роҳи нафас ё пулмонология ва сипас эҳё ё реаниматсия будааст, аммо нимирӯзии 23 март маъмурони амниятӣ ӯро бо худ бурдаанд. Эҳтимол меравад, ҳоло дар боздоштгоҳи Маскав бошад.

Муҳаммадсобир Файзови 19-сола, зодаи шаҳри Душанбе, маълум шудааст, ки аз моҳи ноябри соли 2023 дар як сартарошхона дар шаҳри Ивановои Русия кор мекардааст.

Бино бар маълумоти саҳифаи ӯ дар шабакаи иҷтимоии “ВКонтакте”, ба каналҳои динӣ обуна буда, дастнависҳое ба забони арабӣ нашр кардааст, ки аз эҳсосоти динии ӯ дарак медиҳад. Ӯ менависад, ки “ошиқи Аллоҳу парвардигор” аст, аз Қуръон ёд мекунад. Ҳамчунин ба саҳифаҳои “Ман ошиқи дини Ислом”, “Ислом – ҳаёти ман”, “Тоҷикони дунё” ва ҳам саҳифаҳое дар бораи гирифтани шаҳрвандии Русия узв аст.

Аммо сафҳаи нав боз кардааст ва дар он аксҳое нашр намудааст, ки яке аз онҳо аз соли 2016 дар соҳилҳои маҳаллаи Краснохолмская дар Маскав дар муқобили Хонаи мусиқӣ гирифта шудааст. Инчунин аксҳое аз шаҳри Иваново дорад, ки он ҷо дар як сартарошхона кор мекард. Дар саҳифаҳои наву кӯҳнаи ӯ дар шабакаи иҷтимоӣ исми як гурӯҳи муайяни одамон такрор мешавад. Дар видеое рӯйи кати бемористон бо сарурӯи аз зарбулат варамида мепурсад, ки "ман чӣ кор кардам?" Тарҷумон ба ӯ посух медиҳад, ки намедонад, зеро ҳоло ба назди вай оварда шудааст.

БАРОИ 500 ҲАЗОР РУБЛ

Дар бораи номи дигар дар ин рӯйхат Сафолзода Шоҳинҷон Абдуғаффоровичи 22-сола танҳо ин маълум аст, ки дар ноҳияи Файзободи Тоҷикистон зода шудааст. Хабар, акс ё видеои боздошти ӯ нашр нашудааст.

Бино ба наворҳои дигаре, ки чанд канали русии Телеграм нашр кардаанд, шахси дигаре ба воситаи тарҷумони забони тоҷикӣ ба суолҳои бозпурс ҷавоб медиҳад ва қазияи бо мадади Абдулло ном ҳамдиёраш харидани мошинро мегӯяд.

Навор пурра нест ва танҳо мешавад, ҳадс зад, ки сухан аз мошини “Рено” меравад. Дар ин мошин гумонбарони ҳамла гӯё хостаанд, ба Украина фирор кунанд.

Нафари дигар, ки худро шаҳрванди Тоҷикистон Фаридуни Шамсиддин меномад, дар назди ҷангал, дар иҳотаи афроди мусаллаҳ, ки эҳтимолан аз ниҳодҳои интизомии Русияанд, таҳти фишор, бо дастони баста ва тани ларзон ба суолҳо посух медиҳад ва ширкаташ дар ҳамларо ба гардан мегирад. Барои ин гӯё ба ӯ наздики як миллион рубло ваъда карда, то ҳол 500 ҳазорашро ба корташ гузарондаанд.

Нафари дигар бо сару рӯйи пурхун ва гӯшу манаҳи докапеч худро Раҷабализода ном мебарад. Дар наворҳои дигар дида мешавад, ки сарбозе гӯши рости ӯро мебурад ва ба даҳони ӯ меандозад, то бихӯрад.

БЕ ДАЛЕЛ ВА ИСБОТ

Дар ҳамаи ин ҳолатҳо далеле дида намешавад, ки ин боздоштшудаҳо дар ҳамла ба толори консертӣ даст доштаанд. Санҷидани воқеияти ба ҳамла рабт доштани ин афрод низ номумкин аст.

Ҳамчунин ба истиснои бархе аз навиштаҳои сафҳаи Муҳаммадсобир Файзов дар “ВКонтакте” то куҷо ба гуруҳи “Давлати Исломӣ” пайванд доштани ҳамаи ин афрод низ далеле дар даст нест. Блогери маъруф Ислом Белокиев мегӯяд, ҳатто дар сурати тасдиқ шудани пайванди ҳамла бо “Давлати Исломӣ” пурсишҳои зиёде беҷавоб мемонанд, аз ҷумла чӣ гуна ҳамлаварон тавонистанд ҷойи воқеаро тарк кунанд, дар ҳоле ки дафъатан амалиёти басташавии ҳамаи роҳҳо сар шуда буд.

Сониян, “дар толор ва тамоми атрофи он дурбинҳои назоратӣ васл шудаанд, вале чаро мақомоти Русия сару рӯйи ҳамлаваронро нишон намедиҳанд? Агар инҳо шаҳрвандони Тоҷикистон бошанд, чаро онҳо гӯё ба самти сарҳади Украина, кишваре рафтанд, ки дар он ҷанги комил ҷараён дорад?"

Суоли дигари ӯ низ бо видеоҳои паҳнкардаи каналҳои русӣ мувофиқат намекунад. Ҳамлаварон хеле хунсардона ва ҳирфаӣ амал карданд, аммо чаро ин гуна осон ба даст афтоданд ва фарзияи мақомоти русиро комилан тасдиқ мекунанд?

РАДДИЯИ ШАХСИ ЧАҲОРУМ

Нашрияҳои электронии русӣ ҳамчунин як шаҳрванди дигари Тоҷикистонро низ ба ширкат дар ҳамла айбдор кардаанд. Вале дертар худи ӯ дар наворе гуфтааст, ки ин иттиҳом ягон ҳақиқат надорад, вай дар лаҳзаи воқеа дар хонааш буд ва ҳоло ба идораи полис меравад, то ин маълумотро расонад.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар посух ба иттилои пахшкардаи даҳҳо шабакаҳои Русия гуфт, чунин хабарҳо бояд танҳо ба маълумоти расмӣ такия кунанд. Дар ҳоле ки мақомти Русия шаҳрванди Тоҷикистон будани ҳамлаваронро зикр намекунанд, аз ин каналҳои бешумори шабакаҳои иҷтимоӣ фазое сохта мешавад, ки ин фарзияро ниҳодина мекунад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG