Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо кушта ва беш аз 100 захмӣ. Ҳамла ба толори мусиқӣ дар Маскав


"Крокус Сити", Маскав, 22-юми марти 2024
"Крокус Сити", Маскав, 22-юми марти 2024

Хадамоти федеролии амнияти Русия (ФСБ) гуфт, дар ҳамла ба "Крокус Сити" дар наздикии Маскав 62 кас кушта ва беш аз 100 кас захмӣ шудаанд. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия онро "ҳамлаи хунини террористӣ", аммо бахши иктишофии Вазорати дифои Украина "иғво" номид. ДОИШ масъулиятро пазируфтааст.

Ҳодиса шоми 22-юми март, пеш аз оғози консерти дастаи мусиқии "Пикник" рӯй дод. Бино ба хабари расонаҳо, шахсони мусаллаҳ бо либоси ҷангӣ ба толори консертии "Крокус Сити" дар ноҳияи Красногорски наздикии Маскав даромада, норинҷак ё "коктейли Молотов" таркондаву мардумро аз силоҳ парондаанд.

Баъзе аз расонаҳо як мардро масъули ҳодиса медонанд. "РИА Новости" навишт, ки ҳамлаварон камаш се нафар буданд. Хабаргузории "Интерфакс" онҳоро на камтар аз панҷ нафар гуфтааст.

Бинои "Крокус Сити" аз тарафи нерӯҳои зиддиошӯби Русия муҳосира шудааст. Кумитаи тафтишотӣ парванда боз кард.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои хабаргузории "Рейтерс", гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ бо нашри баёнияе дар Телеграм масъулияти ҳамларо ба толори консертӣ дар канори Маскав ба дӯш гирифтааст. Мақомоти Русия то ҳол дар ин бора ибрози назар накарданд.

Расонаҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Sky News ва Reuters бо иқтибос аз баёнияи гурӯҳи “Давлати исломӣ” навиштанд, ки ҷангҷӯён "ба як ҷамъомади калон дар канори пойтахти Русия ҳуҷум карданд". Ба иттилои ин манобеъ, дар изҳороти ДОИШ гуфта шудааст, ки "ҳамлаварон ба пойгоҳҳои худ баргаштанд". Аз ин пеш расонаҳои Русия дар бораи ҳанӯз дар озодӣ будани ҳамлаварон ҳушдор дода буданд.

Дар наворҳои паҳншуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ дидан мумкин аст, ки аз як маҳаллаи канори Маскав чӣ гуна алангаи оташ ва дуд берун меояд. Расонаҳои Русия гуфтаанд, даҳҳо мошини “Ёрии таъҷилӣ” дар ҷойи ҳодиса ҳастанд.

"Имрӯз дар маркази тиҷоратии "Крокус Сити" як фоҷиаи даҳшатбор рух дод", - навишт шаҳрдори Маскав Сергей Собянин дар Телеграм. Вай ба наздикони қурбониён ибрози ҳамдардӣ карда, гуфтааст, ҳама гуна барномаҳои варзишӣ, ҳунарӣ ва фарҳангӣ дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар Маскав лағв шуданд.

Дмитрий Песков, сухангӯйи президенти Русия Владимир Путин, гуфт, раҳбари Кремлро "дар лаҳзаҳои аввал" аз ҳодиса хабардор карданд ва ӯ "дар бораи чораҳои андешидашуда пайваста маълумот мегирад." "Путин тамоми дастурҳои заруриро додааст," -- афзуд ӯ.

Мария Захарова, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Русия, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ин ҳамлаи, ба гуфтаи ӯ, "хунини террористӣ"-ро маҳкум кунанд.

Сафорати Амрико дар Маскав рӯзи 7-уми марти имсол аз хатари ҳамлаҳои террористӣ дар пойтахти Русия ҳушдор дода, аз шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳида хоста буд, ки ба ҷойҳои серодам нараванд. Ҳушдори ба ин монанд дертар аз ҷониби чанд кишвари дигари ғарбӣ садо дод.

Путин рӯзи 19-уми март изҳороти кишварҳои ғарбиро дар бораи эҳтимоли ҳамлаҳои террористӣ дар Русия "иғвогарона" ва ҳадафи онро "тарсондан" ва "бесубот кардани ҷомеа" номида буд.

Сарраёсати иктишофии Вазорати дифои Украина, ки тақрибан 25 моҳ боз алайҳи ҳамлаи густурдаи Русия мубориза мебарад, бе пешниҳоди далеле ҳамларо ба "Крокус Сити" иғвои сохта ва ё барқасдонаи худи режими Путин номид, ки ба дасти хадамоти махсуси ин кишвар иҷро шудааст.

Михайло Подоляк, мушовири аршади раиси ҷумҳури Украина Владимир Зеленский, гуфт, кишвараш ба ин ҳамла "ҳеч иртибот надорад" ва "ҳеч гоҳ аз усулҳои террористӣ истифода накардааст". Аммо ҳамзамон ҳушдор дод, ки ин ҳодисаи маргбор "ба афзоиши якбораи таблиғоти низомӣ, густариши сафарбаркунӣ ва дар ниҳоят васеъ кардани миқёси ҷанг мусоидат хоҳад кард".

Дабири кулли Созмони Милал Антонио Гутерриш гуфтааст, ҳамларо "ба сахттарин шева" маҳкум мекунад. Иёлоти Муттаҳида, Фаронса, Туркия, Итолиё, Иттиҳоди Аврупо низ ин ҳодисаро маҳкум карданд.

Иттиҳоди Аврупо гуфт, "аз ин хабар таконзада ва ваҳшатзада шуд" ва "ҳар гуна ҳамларо ба ғайринизомиён маҳкум мекунад".

Вазорати корҳои хориҷии Фаронса ҳодисаи охирро дар Маскав "даҳшатовар" номид ва хост, ки барои "маълум кардани сабабҳои ин амали зишт тамоми талошҳо ба харҷ дода шавад". Вазорати корҳои берунаи Тоҷикистон низ ин ҳамларо қатъиян маҳкум кард ва ба наздикони қурбониён изҳори ҳамдардӣ намуд.

Сарвазири Итолиё ҳамларо "амали нафратангези террористӣ" номид ва маҳкум кард.

XS
SM
MD
LG