Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКХ: Хабари ҳамлаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия "дурӯғин аст"


Мақомоти Тоҷикистон хабарҳоеро "дурӯғин" номид, ки гӯё дар ҳамлаи 22 март ба толори консертӣ дар Маскав шаҳрвандони Тоҷикистон даст доранд. Ин дар ҳолест, ки бархе аз Телеграм-каналҳои Русия ҳамлаваронро шаҳрванди Тоҷикистон номидаанд.

Мақомоти Тоҷикистон аз расонаҳо даъват карданд, ки дар пахши хабарҳои тасдиқношуда оид ба ин ки гӯё дар ҳамла ба толори консертие шоми 22 март шаҳрвандони Тоҷикистон даст доранд, “бомасъулият рафтор кунанд”. ВКХ Тоҷикистон бо пахши хабаре дар саҳифаи фейсбукии худ хост, ба иттилои расмии мақомоти Русия такя кунанд.

“Таъкид мекунем, ки ҷониби Тоҷикистон аз мақомоти Русия ҳеҷ итилое расмие дар бораи хабари дурӯғини даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин ҳамла, ки ҳоло паҳн мешавад, дарёфт накардааст”, мегӯяд ВКХ Тоҷикистон. Ин вазорат гуфтааст, паҳн кардани хабари тасдиқношуда метавонад ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷа қарор доранд, осеб расонад.

Дар бораи ин ки гӯё ҳамла кори дасти шаҳрвандони Тоҷикистон ва узви гурӯҳи даҳшатафкани ДОИШ мебошанд, чанд вебсайти наздик ба хадамоти ҳифзи қонуни Русия хабар нашр карданд. Дар ин расонаҳо аксу маълумот дар бораи шаҳрвандони Тоҷикистон чоп шудааст, вале дақиқ нест, онҳо дар ин ҳамла даст доштаанд ё не. Ҳамчунин, раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба сиёсати иттилоотӣ Александр Хинштейн дар як изҳороташ дар Телеграм канал навишт:

"Ходимони ҳифзи қонун ду гумонбари эҳтимолии масъули ҳамлаи террористӣ ба "Крокус сити холл" дар вилояти Маскавро боздошт карданд, дигаронро ҷустуҷӯ доранд. Дар дохили мошин тапончаи ПМ, тирдони автомати АКМ ва шиносномаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ошкор шуд».

Ба навиштаи ӯ: "Аз рӯи иттилои пешакӣ, мошини "Рено", ки дар он гумонбарон ҳаракат мекарданд, шабона дар атрофи деҳаи Хатсуни ноҳияи Карачински вилояти Брянск ошкор шуд. Мошин амри полисро гӯш накарда фирор намуд". Ба навиштаи Хинштейн, дар ҷараёни фирор гӯё тирандозӣ сурат гирифт ва мошин чаппагардон шуд. "Як террорист дар ҷои ҳодиса боздошт ва дигарҳо дар ҷангал пинҳон шуданд. Дар паи ҷустуҷӯ тахминан соати 3:50 дақиқаи субҳ гумонбари дуюм боздошт гардид. Ҷустуҷӯи дигарон идома дорад".

Феълан тасдиқи ин хабарҳо тавассути манобеъ мӯътамади расмӣ имкон надорад.

Хадамоти федеролии амнияти Русия (ФСБ) гуфт, дар пайванд ба ҳамла 11 нафар, аз ҷумла 4 ҳамлавар боздошт шудаанд. Аммо ӯ тафсилоти бештар надод.

Дар ҳамла ба "Крокус Сити" дар наздикии Маскав 62 кас кушта ва беш аз 100 кас захмӣ шудаанд. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия онро "ҳамлаи хунини террористӣ", аммо бахши иктишофии Вазорати дифои Украина "иғво" номид. ДОИШ масъулиятро пазируфтааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG