Фоҷеаи Крокус Сити Ҳолл. Сояи вазнини он ба рӯйи кӣ меафтад?

Расонаҳои Русия акси боздошти чанд ҷавони зоҳиран тоҷикро бо гумони даст доштан дар ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл" нашр кардаанд

Бархе сомонаҳои наздик ба гурӯҳи ДОИШ акс ва навори ҳамлагарон ба маҷмааи "Крокус Сити Ҳолл"-ро нашр кардаанд.

Дар наворе, ки ҳанӯз дуруст ё нодуруст будани он собит нашудааст, ҳамлагарон бо забони тоҷикӣ суҳбат мекунанд ва либоси бархе аз онҳо бо афроди боздоштшуда монандӣ дорад.

НАВОР ДАР "АЪМОҚ"

Дар навор, ки рӯзи 24-уми март паҳн шуд, рамзи сомонаи "Аъмоқ", пойгоҳе, ки солҳо боз хабарҳои марбут ба ДОИШ-ро нашр мекунад, гузошта шудааст. Ҳанӯз ҳеч мақомоти расмӣ ва созмонҳое, ки хабарҳои ДОИШ-ро таҳқиқ мекунанд, сохтакорӣ ё дуруст будани ин наворро тасдиқ накардаанд.

Дар навор се нафаре дида мешавад, ки ба сӯи афроди аллакай ба замин афтода, тир мезананд ва яке бо корд гардани марди афтодаеро чандин бор мебурад. Пойгоҳи The Insider навиштааст, ки либоси ду тан аз онҳо ба либоси афроде, ки боздошт шудаанд, монанд аст.

23-юми март расонаҳои Русия акси чанд нафарро ҳамчун ҳамлагар нашр карданд, ки баъдан даст доштан дар ин ҳамларо се тан аз онҳо рад кард ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ он хабарҳоро "дурӯғ" номид.

Мақомоти Русия ҳанӯз расман ҳувияти 11 дастгиршударо шарҳ надодаанд, вале дар наворҳои лаҳзаи боздошт, аксари онҳо худро тоҷик меноманд ва тоҷикӣ ҳарф мезананд. Мақомоти тоҷик низ гуфтанд, ки ҳанӯз ҳеч иттилоъ ё дархости расмие аз ҷониби Русия дар робита ба даст доштани тоҷикон дар ин ҳамла нагирифтаанд. Аммо як фаъоли тоҷик, ки дар Русия зиндагӣ мекунад, мегӯяд, бо маъракае, ки матбуоти Русия дар пасманзари ин ҳодиса роҳ андохтааст, "бадбахтии бузурге муҳоҷирони тоҷикро дар ин кишвар интизор аст."

Ин фаъоли тоҷик, ки нахост аз ӯ ном барем, рӯзи 24-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, расонаҳои Русия ба ҳадде "ба оташи миллатбадбинӣ равған мерезанд, ки таркиши бузурге дар пеш хоҳад буд." Ба гуфтаи ӯ, агар мақомоти тоҷику рус дар ин робита иқдоме накунанд, вазъ фоҷеавӣ хоҳад шуд.

"Албатта, ҳеч тоҷике чунин ҳодисаро намехост ва ҳамаи тоҷиконе, ки ман мешиносам, ин даҳшатро маҳкум мекунанд. Мутаассифона, табиати матбуоти русӣ чунин аст ва дар ин кишвар миллатбадбинӣ бе ин ҳам қавӣ буд. Ба фикри ман агар мақомоти ду кишвар, ба хусус Русия аз тариқи расонаҳо ба мардум нагӯянд, ки инҳо террорист буданд, на тоҷик ва ба миллати тоҷики меҳнаткаш дахле надоранд, аҳволи мо муҳоҷирон бисёр ҳам бад хоҳад шуд,"--гуфт ӯ.

Мақомоти рус талош доранд, ин ҳодисаро кори дасти Украина намоиш диҳанд. Владимир Путин, рӯзи 23-юми март дар суҳбаташ ба ин ишора кард ва гуфт, Украина дар ин ҳодиса кӯмак кардааст. Ин ҳарф ҳарчанд, таблиғи расонаҳои Русияро ба дигар самт бурд, вале ҳамлаи расонаӣ ба муҳоҷирони тоҷикро кам накард.

Зоҳиран, зери таъсири матбуоти рус аст, ки рӯзи гузашта дар шаҳри Благовешенски вилояти Амур, Шарқи Дури Русия, як қаҳвахонае, ки ба муҳоҷирон тааллуқ дошт, оташ зада шудааст.

Се шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Калуга аз тарафи як гуруҳ дар кӯча латукӯб шуда, як нафари онҳо дар бемористон бистарӣ гаштааст.

Аз чанд шаҳри Русия шикоят мерасад, ки муштариён аз хидмати таксиронҳои тоҷик даст мекашанд. Онҳо пас аз қабул шудани фармоиши худ талаб мекунанд, агар ронанда тоҷик ё аз Тоҷикистон аст, супориш бекор карда шавад.

САБКИ ДОИШ, АММО ШУБҲАНОК

Аксари коршиносон ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл"-ро ба шеваи рафтори ДОИШ монанд медонанд, вале мегӯянд, боздоштшудаҳо ҳеч шабоҳате ба "сарбозон"-и ДОИШ надоранд.

Фаридун Ҳодизода, коршиноси тоҷик, ки чанд сол боз мавзуи тундгароиро меомӯзад, рӯзи 24-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, торикиҳо дар ин ҳодиса зиёданд. Ӯ афзуд, имкони зиёд дорад, ки кори дасти ДОИШ бошад, чун ин гурӯҳ Русияро яке аз кишварҳое медонад, ки бо пуштибонӣ аз ҳукумати Башор Асад "хилофат"-и онҳоро дар Сурия ва Ироқ шикаст додааст.

"Гурӯҳе, ки ин корро анҷом додааст, аз нигоҳи кори гурӯҳҳои тундгаро хеле ҳирфаӣ амал кардаанд. Афроде, ки ин корро кардаанд, куҷое тамрини қавӣ гузаштаанд, чун тирпарониро бо телефон тамрин карда намешавад,"--гуфт ӯ.

ДОИШ ё “Давлати Исломӣ” гурӯҳест, ки ба эълони худаш, барои "барқарор кардани хилофати исломӣ" дар тамоми дунё даст ба хунрезиҳо мезанад. Фаридун Ҳодизода мегӯяд, ҳамлаи Маскавро танҳо онҳое метавонанд, анҷом диҳанд, ки ҷидддӣ мағзшӯйӣ шуда бошанд. Чизе, ки, ба гуфтаи ӯ, дар чеҳраи ҷавонони боздоштшуда дида намешуд.

"Онҳо вақте барои анҷом додани ин кор мераванд, ки барои "шаҳид" шудан омодаанд. "Сарбоз”-и ДОИШ таслим намешавад ва то “шаҳид” шудан меҷангад. Чун ба ақидаи дурӯғине, ки дар зеҳни онҳо ҷо шудааст, агар муқобилият карда кушта шавад, рост ба "биҳишт" меравад. Вақте боздошт ҳам шавад, мегӯяд, ин корро барои ақидааш кардааст. Дар навор шубҳаовар аст, ки як боздоштшуда мегӯяд, инро барои пул кардааст,"--гуфт ӯ.

Ин коршиноси тоҷик мегӯяд, даст доштани тоҷикон низ аз эҳтимол дур нест, чун мубаллиғони аслии шохаи хуросонии ДОИШ дар Афғонистон бо тоҷикӣ таблиғ мекунанд ва бештар тоҷиконро ба дом меафтонанд. Дар ҳамлаи террористии рӯзи 8-уми январи имсол дар Кирмони Эрон низ сухан аз тоҷикон буд. Дар ду соли охир мақомоти Олмон аз боздошти наздик ба 20 шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони талоши анҷоми амалҳои террористӣ ё узвият дар созмонҳои мамнуъ хабар додаанд.

"Шохаи хуросонии ДОИШ дар Афғонистон пойгоҳи қавии таблиғотӣ дорад. Мубаллиғонашон тоҷикзабонанд ва бештар бо ин забон таблиғ мекунанд. Ҷавонони аз нигоҳи иқтисодӣ ва равонӣ мушкилдоштаро ба сафи худ ҷалб мекунанд,"--гуфт ӯ.

ТОҶИКОН ВА ДОИШ-ХУРОСОН

Дар як соли ахир дар ҳодисаҳое дар Афғонистон, Эрон, Фаронсаву Олмон исми тоҷикон дар пайванд ба ҳодисаҳои террористӣ расонаӣ шуд. Мақомоти тоҷик садҳо нафарро бо гумони узвият дар созмонҳои тундгаро ҷустуҷӯ мекунанд ва ҳамасола наздик ба ҳазор нафар бо гумони тундгароӣ дар Тоҷикистон боздошту зиндонӣ мешаванд.

Як коршиноси тоҷик, ки бо далели ҳассосияти мавзӯъ нахост, номаш зикр шавад, гуфт, мутаассифона мақомоти тоҷик дар мубориза бо ифротгароии воқеӣ ҷиддӣ набуданд. Ӯ гуфт, мақомоти тоҷик бештар онҳоеро ҳамчун ифротгаро боздошту зиндонӣ карданд, ки ҳукуматро танқид мекарданд.

"Мақомоти кишвари мо аз пушти ифротиёни воқеӣ нашуданд ва бештар аз пушти гурӯҳҳои сиёсие, мисли "Гурӯҳи 24"-у Наҳзати исломӣ шуданд, ки ҳукуматро танқид мекарданд. Инҳо саргарми мубориза бо гурӯҳҳои мухолифин шуда, аз муборизаи ҷиддӣ бо терроризм дур монданд. Дар зеҳни онҳо тундгарову террорист касе ҳаст, ки ошкоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон танқид мекунад. Мақомот ,мутаассифона, бо роҳи хато амал карданд, ки мо самараи кори нодурусти онҳоро хоҳем дид,"--гуфт ӯ.

Ҳанӯз паҳлӯҳои зиёде дар ҳодисаи террористии "Крокус Сити Ҳолл" дар канори Маскав норӯшананд, вале аз шаҳру навоҳии ин кишвар хабар мерасад, ки тафтишу боздошти муҳоҷирони тоҷик оғоз шудааст.

Дар Русия зиёда аз як милллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунад ва ҳоло ангушти ишораи матбуоти Русия ба ин қишри мардум равона шудааст. Матбуоте, ки солҳо дар Русия афкори миллатгароиро паҳн мекунад ва мақомоти ин кишвар аз меваҳои он баҳравар мешаванд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Муҳоҷирони тоҷик аз муносибат ба онҳо дар Русия нигаронандШумораи қурбониёни ҳамла ба "Крокус Сити" ба 133 нафар расид Бо гумони ҳамла ба “Крокус Сити ҳолл” тоҷикон боздошт шудаандПутин гуфт, дар ҳамлаи террористӣ Украина "кӯмак кардааст". Киев рад кардСафорати Русия ба сокинони Душанбе сипосгузорӣ кардШумори қурбониёни ҳамла дар Маскав ба 115 нафар  расид"Мехостанд ба Украина раванд". Изҳороти ахир дар бораи ҳамлаи МаскавДархости сафорати Тоҷикистон аз муҳоҷирон дар РусияВКХ: Хабари ҳамлаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия "дурӯғин аст"