Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори қурбониёни ҳамла дар Маскав ба 115 нафар  расид


Шумори қурбониёни ҳамла дар Маскав ба 115 нафар расид. Дар ин бора мақомоти Русия хабар доданд. Омор бо сабаби аз зери овори толори консертии «Крокус сити ҳол» берун оварда шудани ҷасади бештари қурбониҳои ҳамлаи 22 март афзоиш меёбад.

Кумитаи тафтишот гуфт, чор ҳамлагари мусаллаҳро боздошт кардаанд, ки даст ба мудҳиштарин ҳамлаи террористӣ дар ду даҳсолаи гузашта дар Русия задаанд.

Дар ҳодисаи шоми дирӯз гурӯҳи мусаллаҳе вориди толори консертӣ шуда, ба сӯи мардум тир холӣ кард. Қаблан мақомот гуфтанд, ки аксар қурбониҳо тир хӯрдаанд ваё аз дуди сӯхторе, ки сар зад, заҳролуд шуда ҷон додаанд.

XS
SM
MD
LG