Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости сафорати Тоҷикистон аз муҳоҷирон дар Русия


 Акси сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз бойгонӣ
Акси сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз бойгонӣ

Масъулони сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз шаҳрвандони кишвар дар Русия хостаанд, ки аз ширкат дар ҳамагуна “чорабинӣ ва ҷамъомадҳои оммавӣ” худдорӣ кунанд.

Эъломияи сафорат 23-юми март ва як рӯз баъд аз ҳамлаи маргбор ба маркази “Крокус Сити” дар наздикии пойтахти Русия нашр шуд. То кунун марги 93 нафарро дар ин ҳодиса тасдиқ кардаанд. Сафорат аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия хостааст, агар дар ҷараёни ҳамла ба маркази мусиқии “Крокус Сити” осеб дидаанд, ба намояндагии расмии Тоҷикистон муроҷиат кунанд.

Мақомоти Русия дар бораи боздошти 11 гумонбар хабар доданд. Тоҷикистон ва кишварҳои дигар ҳамларо ба ғайринизомиён дар Маскав маҳкум карданд. Ба гузориши расонаҳои байнулмилалӣ, гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ масъулияти ҳамларо ба уҳда гирифтааст.

Баъзе аз расонаҳои Русия зодагони Тоҷикистонро ба ҳодиса пайванд доданд, вале Вазорати корҳои хориҷӣ гуфт, дар ин замина иттилои расмӣ нагирифтааст ва аз расонаҳо хост, ки ҳангоми нашри иттилои ба гуфтааш "фейкӣ" "масъулона" рафтор кунанд.

Таҳқиқи ҳодиса ҷараён дорад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG