Кормандони дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Душанбе мисли дигар ҳамкоронашон дар саросари дунё ба ёди 101 корманди ин ниҳод ва дигар қурбониёни ҷанги миёни Исроил ва ҲАМОС лаҳзае сукут карданд.
Дар дафтарҳои СММ дар тамоми дунё рӯзи 13-уми ноябр парчами ин ниҳод нимафрошта шуд ва кормандони ин ниҳод мотам гирифтанд.
Дафтари СММ дар Душанбе дар саҳифаи фейсбукиаш навиштааст, ки ба “ҷасорат, шуҷоат ва фидокории ҳамкасбони худ, ки дар навори Ғазза ба таври фоҷиабор ҷони худро аз даст додаанд, эҳтиром арҷ мегузорем.”
101 корманди Оҷонсии СММ дар умури паноҳандаҳои фаластинӣ дар ҳамлаҳои Исроил дар Ғазза кушта шудаанд ва ба гуфтаи Татяна Воловая, раҳбари СММ дар Женева, ин бузургтарин шумори кормандони ин созмон аст, ки дар як муддати кӯтоҳ кушта мешаванд.
Дар худи Ғазза мақомоти беҳдоштӣ ва мардуме, ки дар дохили беморхонаи калонтарини ин шаҳр банд мондаанд, иддаоҳои Исроилро дар бораи ин ки ин кишвар рӯзи 12-уми ноябр барои ба ҷои амн кӯч додани кӯдакону дигарон кӯмак кардааст, рад карданд. Онҳо гуфтанд, ки низоъҳо дар наздикии ин беморхона давом доранд ва инкубаторҳо бебарқ мондаву захираҳои зарурии беморхона тамом мешавад. Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу то замони аз ҷониби ҲАМОС озод шудани 240 гаравгон оташбаси фавриро номумкин хондааст.
Иттиҳоди Аврупо хостори оташбаси муваққатӣ барои расонидани маводи сӯхт ба бемористонҳои Ғазза шудааст.
Янез Ленарчич, як масъули Иттиҳоди Аврупо рӯзи 13-уми ноябр гуфтааст, ки нисфе аз бемористонҳои Ғазза аз норасоии маводи сӯхт аз кор бозмондаанд. Ӯ гуфт, оташба с имкон медиҳад, ки ҷони садҳо нафарро аз марг наҷот дод.
Исроил пас аз он ки дар рӯзи 7-уми октябр ҲАМОС ба ин кишвар ҳамла кард ва 1200 нафарро кушта, беш аз 200 нафарро гаравгон гирифт, ба бомборони Ғазза оғоз кард.
Дар ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза беш аз 11 ҳазор нафар кушта шудааст, ки бештарашон занону кӯдакон ҳисоб шудаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Ҷанг дар атрофи беморхонаи “Аш-Шифо”. Ояндаи Ғазза чӣ мешавад? Кишварҳои мусулмонӣ хостори поёни ҷанг дар Ғазза шудандБеш аз 11 ҳазор кушта дар Ғазза; фишорҳо ба ИсроилЯҳё Синвор. Шахсе, ки Исроил дар пайи нобудияш астИзҳороти Раҳмон дар бораи Ғазза баъди панҷ ҳафтаи ҷанги Исроил ва "Ҳамос"Амрико: Исроил ба оташбаси чаҳорсоатӣ дар Ғазза розӣ шудБӯҳрони Ховари Миёна. Ҳамлаи Исроил ба Сурия ва "сарнагунӣ"-и паҳбоди амрикоӣ дар Яман