Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯҳрони Ховари Миёна. Ҳамлаи Исроил ба Сурия ва "сарнагунӣ"-и паҳбоди амрикоӣ дар Яман


PALESTINIAN-ISRAEL-CONFLICT
PALESTINIAN-ISRAEL-CONFLICT

Дар ҳоле, ки ҷанг миёни "Ҳамос" ва Исроил дар Ғазза ба шиддат идома дорад, ин буҳрон саросари Ховари Миёнаро зери таъсири худ қарор додааст.

Сурия мегӯяд, Исроил шоми чаҳоршанбе мавзеъҳои артиши Сурияро дар нуқтаҳои гуногун ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор додааст. Тибқи иттилои бархе манбаъҳо, ҳавопаймоҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мавзеъҳои Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эронро дар Сурия ҳадаф қарор додаанд.

Хабаргузории расмии Сурия бо такя ба як манбаи низомӣ навишт, ки ҳамлаҳои Исроил хисороти моддӣ дар пай доштааст. Аммо ишорае ба талафоти эҳтимолии ин ҳамлаҳо ва макони онҳо накард.

"Радиои Шом", ки аз расонаҳои тарафдори ҳукумати Сурия аст, гузориш дод, ки садои таркишҳо дар вилояти Ас-Сувайдо, воқеъ дар шимол-ғарби Сурия ва дар бархе ноҳияҳои атрофи Димишқ шунида шудааст.

Дар ҳамин ҳол, гурӯҳи мухолифи Нозири ҳуқуқи башар дар Сурия, ки қароргоҳаш дар Лондон мебошад, гуфт, Исроил дар ҳамлаҳои худ ба вилояти Ас-Сувайдо як пойгоҳи дифои ҳавоӣ ва радарро ҳадаф қарор дод. Ин гурӯҳ ҳамчунин гуфт, ки дастикам се ҳамла низ дар атрофи Димишқ ва дар масофаи на чандон дуре аз пойгоҳи ҳавоии артиши Сурия рух додааст ва бар асари онҳо се нафар захмӣ шудаанд.

Аз сӯи дигар, як мақоми баландпояи Амрико рӯзи чаҳоршанбе гуфт, як паҳбод ё ҳавопаймои бесарнишини ин кишвар аз сӯи ниманизомиёни гурӯҳи "Ҳусӣ" дар Яман сарнагун шудааст. Ин гурӯҳ эълон кардааст, як паҳбоди MQ-9-и Амрикоро дар қаламрави ҳавоии Яман сарнагун кардааст.

Ба гузориши хабаргузории "Ассошиэйтед Прессэ, ин мақоми низомии амрикоӣ, ки нахост номаш фош шавад, ҳамчунин изҳор дошт, ки артиши ИМА дар ҳоли таҳқиқи маълумот дар ин замина аст, то мушаххас кунад, ки оё ин паҳбод дар ҳарими ҳавоии байналмилалӣ ё бар фарози Яман ҳадаф қарор гирифтааст.

Як сухангӯи низомии ҳусиҳо низ дар баёнияе эълон кардааст, "системаи ҳавоии мо тавонист як паҳбоди MQ-9-и Амрикоро, ки дар ҳоли анҷоми иқдомҳои душманона дар ҳимоят аз амалиёти Исроил буд, раҳгирӣ ва сарнагун кунад".

Дар ин баёния омадааст, ки чунин амалкардҳои "душманона", ниманизомиёни ҳусӣ дар Яманро аз идомаи амалиёти низомии худ алайҳи Исроил дар ҳимоят аз мардуми Фаластин боз нахоҳад дошт.

Ниманизомиёни ҳусӣ мегӯянд, аз замони ҳамлаи Ҳамос ба Исроил дар 7-уми октябр то кунун чаҳор бор бо паҳбод ва мушакҳо, нуқтаҳоеро дар Исроил ҳадаф қарор додаанд.

Ниманизомиёни ҳусӣ дар соли 2014 пойтахти Яманро тасарруф карданд ва аз он замон то кунун бо вуҷуди ҷанги дохилӣ, бахшҳои васеъ дар Яманро дар ихтиёр доранд.

Аз замони ҳамлаи Ҳамос ба Исроил дар рӯзи 7-уми октябр 34 рӯз мегузарад. Дар пайи ин ҳамла Амрико шумори нерӯҳои худро дар минтақа афзоиш дод. Дар рӯзҳои гузашта пойгоҳҳои амрикоӣ дар Ироқ ва Сурия ҳадафи ҳамлаҳои паҳбодӣ қарор гирифта буданд.

Эрон ва гурӯҳҳои тарафдори он дар Ховари Миёна таҳдид кардаанд, ки дар ҳолати идомаи ҷанг дар Ғазза, ҳар эҳтимоле, аз ҷумла рӯёрӯии низомӣ вуҷуд дорад. Даргириҳои пароканда аз чанд ҳафта ба ин тараф миёни Исроил ва "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон, ки аз тарафи Эрон ҳимоят мешавад, идома дорад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG