Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишварҳои мусулмонӣ хостори поёни ҷанг дар Ғазза шуданд


Раҳбарони кишварҳои Исломӣ дар Арабистони Саудӣ
Раҳбарони кишварҳои Исломӣ дар Арабистони Саудӣ

Арабистони Саудӣ ва кишварҳои дигари мусулмонӣ рӯзи 11-уми ноябр хостори қатъи фаврии амалиёти низомии Исроил дар Ғазза шуданд.

Нишасти изтирории кишварҳои арабӣ ва мусулмонӣ рӯзи 11-уми ноябр дар Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ, баргузор шуд

Дар баёнияи ниҳоӣ кишварҳои исломӣ Исроилро дар “ҷинояти ҷангӣ ва ҷиноят зидди башарият дар Ғазза” гунаҳкор донистанд ва аз Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ тақозо карданд, ки амалҳои низомиёни исроилӣ дар нисбат ба фаластиниҳоро таҳқиқ кунад.

Ин кишварҳо гуфтанд, Исроил бояд фавран ҷангро қатъ кунад, то мардуми бештар кушта нашавад ва кумакҳои башардӯстона ба мардуми осоишта бирасад. Исроил пайваста ҳама даъватҳо барои оташбас дар Ғаззаро рад кардааст.

Исроил пас аз он ки дар рӯзи 7-уми октябр ҲАМОС ба ин кишвар ҳамла кард ва 1200 нафарро кушта, беш аз 200 нафарро гаравгон гирифт, ба бомборони Ғазза оғоз кард.

Дар ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза беш аз 11 ҳазор нафар кушта шудааст, ки бештарашон занону кӯдакон ҳисоб шудаанд.

XS
SM
MD
LG