Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, гуфт, Синвор то ҳол дар Навори Ғазза ва дар нақб ё туннелҳои сохтаи гурӯҳи тундрави "Ҳамос" пинҳон мондааст. Гурӯҳе, ки Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ медонанд.
"Мо ба таъқиби ӯ идома медиҳем ва ӯро пайдо хоҳем кард," – гуфт сухангӯйи артиши Исроил. Даниел Ҳогарӣ афзуд, Яҳё Синвор, масъули дафтари "Ҳамос" дар Ғазза, бо ҳамлаи рӯзи 7-уми октябри имсол "ба ҷаҳониён нишон дод, ки ин гуруҳ аз ДОИШ бадтар аст".
Ҳамон рӯз гурӯҳи тундрави "Ҳамос" ба ҷануби Исроил ҳамла карда, зиёда аз 1200 нафарро, ки аксари онҳо ғайринизомиён буданд, кушт ва ҳудуди 250 нафарро гаравгон гирифт.
Ҳамакнун артиши Исроил дар Навори Ғазза ҷангеро оғоз кардааст, ки ҳадафаш аз байн бурдани "Ҳамос" гуфта мешавад. Бар асари он то кунун, ба иттилои Вазорати тандурустии Фаластин, зиёда аз 11 ҳазор кас кушта шудаанд. Аксарият ғайринизомӣ ҳастанд.
Яҳё Синвор кист?
Ӯ дар соли 1962 дар урдугоҳи паноҳандагони фаластинии Хон Юнус дар Навори Ғазза зода шудааст. Рӯзи 19-уми октябр 61-сола шуд. Аз ин ҳисоб бисту чор сол умри худро дар зиндонҳои Исроил гузаронд.
Хонаводаи Яҳё Синвор аслан аз шаҳри Ашкелон ҳастанд. Пас аз эълони таъсиси давлати Исроил дар соли 1948 ночор аз онҷо ба урдугоҳи Хон Юнус кӯчиданд.
Яҳё Синвор дар лагери Хон Юнус ба воя расид; минтақае, ки соли 1967 аз ҷониби Исроил забт карда шуда буд. Рӯзномаи амрикоии The Wall Street Journal аз қавли мақомоти "Ҳамос" навишт, Синвор дар ташкили бахши амнияти дохилии гуруҳи тундрав нақш дошт, то шахсони ба истилоҳ "вайронгар"-ро таъқиб кунад.
Синвор дар мактабҳои урдугоҳи Хон Юнус хонда, таҳсилро дар Донишгоҳи исломии Ғазза идома додааст. Соли 1982 аз ҷониби нерӯҳои амниятии Исроил ба иттиҳоми "иштирок дар фаъолиятҳои вайронгарона" боздошт ва чаҳор моҳ дар ҳабс буд.
Дар замони донишҷӯйӣ аз фаъолони зидди Исроил ба шумор мерафт. Ҳамчунин ба Аҳмад Ёсин, бунёдгузори гурӯҳи тундрави “Ҳамос”, наздик буд.
Ба гуфтаи мақомоти исроилӣ, вақте ки "Ҳамос" дар охирҳои даҳаи 1980 аз як гурӯҳи сиёсии исломгаро ба як гурӯҳи мусаллаҳ табдил ёфт, Синвор дар таъсиси Иззуддини Қассом, ҷиноҳи ҳарбии гурӯҳ, нақши меҳварӣ дошт.
Нерӯҳои амниятии Исроил Яҳё Синворро дар соли 1998 дигарбора боздошт карданд. Вай барои даст доштан дар кушта шудани сарбозони исроилӣ чор дафъа ба ҳабси абад маҳкум шуд.
Дар зиндонҳои Исроил
Яҳё Синвор дар маҳбаси Исроил ба яке аз масъулони аъзои зиндонии гурӯҳи "Ҳамос" табдил шуд. Вай соатҳои дароз бо исроилиён ва зиндонбонҳо суҳбат мекард ва ба ин васила бо фарҳанги онҳо ошно шуд. Инчунин ба тамошои шабакаҳои телевизионии Исроил одат кард ва забони ибриро хуб омӯхт.
Мақомоти собиқи зиндонҳои Исроил ба The Wall Street Journal гуфтаанд, Синвор дар зиндон ба бемории мағзӣ гирифтор шуда, бо ёрии пизишкони исроилӣ наҷот ёфт.
Музокироти Исроил ва "Ҳамос" барои озодии Гилод Шалит, як сарбози исроилӣ, ки соли 2006 аз сӯи "Ҳамос" рабуда шуда буд, нуқтаи чархиш дар ҳаёти Яҳё Синвор гардид. Ба навиштаи нашрияи "Экономист", дар он замон Исроил Синворро ба унвони музокиракунанда аз тарафи "Ҳамос" пазируфт ва иҷоза дод, ки бо раҳбарони ин гурӯҳ, ки мехостанд беш аз ҳазор зиндонии фаластиниро бо Шалит иваз кунанд, дар тамос бошад.
Исроил мухолифи озодии теъдоде аз шахсоне буд, ки “Ҳамос” мехост онҳоро раҳо кунад, аммо номи Яҳё Синвор дар миёни онҳо набуд. Ҳамин тавр, ӯ соли 2011 раҳо шуд ва яке аз фармондеҳони Иззуддини Қассом, ҷиноҳи низомии гурӯҳи тундрави “Ҳамос”, гардид.
Синвор бо истифода аз дониши худ дар бораи Исроил, фарҳанги исроилиҳо ва зиндонҳои ин кишвар аз бонуфузтарин чеҳраҳои “Ҳамос” дар миёни раҳбарони сиёсӣ ва фармондеҳони низомии ин гурӯҳи тундрав ба ҳисоб мерафт.
Дар соли 2017 Яҳё Синвор ба унвони раҳбари “Ҳамос” дар Навори Ғазза интихоб ва ба ин тартиб ҷонишини Исмоил Ҳания шуд, ки дар он сол раёсати дафтари сиёсиро бар уҳда гирифт.
Ҳамлаи 7 октябр
Ба навиштаи рӯзномаҳои The Wall Street Journal ва Financial Times, масъулони амниятии Исроил Синворро яке аз тундравтарин аъзои "Ҳамос" ва ҳалқаи пайванди миёни раҳбарони сиёсӣ ва шохаи ҳарбии ин гуруҳи ифротӣ медонанд.
Муҳаммад Зайф, фармондеҳи Иззуддини Қассом, шохаи низомии "Ҳамос", дар аввали моҳи октябр баёнияро дар бораи амалиёти ин гуруҳ алайҳи шаҳру шаҳракҳои исроилӣ хонд ва онро амалиёти “Тӯфони ал-Ақсо” номид. Аз он замон Яҳё Синвор сукут кардааст.
Як афсари собиқи созмони иттилоотии низомии Исроил бовар дорад, ки "Зайф роҳнамои ҳамлаи 7-уми октябр буд, вале мағзи мутафаккири он Яҳё Синвор аст."
Акрам Атоуллоҳ, хабарнигори фаластинии сокини Ғазза, ки чанд дафъа бо Синвор мусоҳиба кардааст, гуфта, ки ҳамлаи 7-уми октябр нишон медиҳад, "Ҳамос" акнун равишҳои хашинтаре ба кор мебарад ва аз ин роҳ талош мекунад, дар музокироти эҳтимолии оянда бо Исроил аҳрумҳои фишори бештаре дошта бошад.
Гуфтугӯ