Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико: Исроил ба оташбаси чаҳорсоатӣ дар Ғазза розӣ шуд


Шаҳри Ғазза.
Шаҳри Ғазза.

Исроил ба хотири кӯч бастани сокинони боқимондаи минтақаи шимолии Ғазза ба ҷануб ва интиқоли кумакҳои башардӯстона розӣ шудааст, ки ҳамарӯза чаҳор соат ҳамлаҳоро қатъ кунад.

Кохи Сафед дар ин бора рӯзи панҷшанбе хабар дода, афзуда, ки бар иловаи долони башардӯстона аз шимол ба ҷануби Ғазза як долони дигар ташкил карда мешавад.

Намояндаи Шӯрои амнияти миллии ИМА Ҷон Кирбӣ гуфтааст, қатъи чаҳорсоатии ҳамлаҳоро президенти ин кишвар Ҷо Байден дар суҳбати телефонӣ бо сарвазири Исроил Бенёмин Натаняҳу дархост кардааст.

Теъдоди сокини Ғазза, ки мехоҳанд аз шимол ба ҷануби навор кӯч банданд, рӯзҳои ахир афзоиш ёфтааст. Дар қисмати шимолии навор задухӯрдҳо миёни низомиёни исроилӣ ва воҳидҳои гурӯҳи фаластинии "Ҳамос", ки дар ИМА ва Иттиҳоди Аврупо террористӣ эълом шудааст, идома доранд.

XS
SM
MD
LG