Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти Раҳмон дар бораи Ғазза баъди панҷ ҳафтаи ҷанги Исроил ва "Ҳамос"


Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 10-уми ноябр барои иштирок дар нишасти изтирории арабию исломӣ ба Риёз рафт
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 10-уми ноябр барои иштирок дар нишасти изтирории арабию исломӣ ба Риёз рафт

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон пуштибонии кишварашро аз "таъсиси Давлати Фаластин бо пойтахти он шаҳри Байтулмуқаддаси Шарқӣ дар асоси марзҳои соли 1967" баён кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар нишасте дар Арабистони Саудӣ гуфт, "ин роҳест, ки тавассути он мардуми Фаластин метавонанд ҳаққи аслии миллии худро ҳамчун субъекти мустақили ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асоси усулҳои эътирофшудаи муносибатҳои байнидавлатӣ амалӣ намоянд."

Нишасти изтирории кишварҳои арабӣ ва мусулмонӣ рӯзи 11-уми ноябр дар Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ, баргузор шуд.

Навори Ғазза панҷ ҳафта боз мавриди ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминии артиши Исроил аст. Ба иттилои Вазорати тандурустии Ғазза, ки зери итоати гуруҳи тундрави "Ҳамос" мебошад, дар ин муддат зиёда аз 11 ҳазор кас кушта шудаанд.

Президент Раҳмон дар нишасти рӯзи шанбе дар Саудӣ гуфт, "вазъи буҳронӣ дар ин бахши Фаластин кишварҳои мо ва ҷомеаи ҷаҳониро сахт нигарон сохтааст."

"Тоҷикистон мавриди ҳамла қарор додани иншооти ғайринизомии минтақаи мазкурро, ки боис ба кушта шудани ҳазорон аҳолии осоишта ва дар ин миён занону кӯдакон, ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди мардум ва хароб гардидани инфрасохтори ҳаётан муҳим дар он гардидааст, шадидан маҳкум мекунад," - -афзуд ӯ.

Исроил ҳамвора мегӯяд, аз фаластиниҳо хостааст, ки макони амалиётро дар шимоли Ғазза тарк кунанд ва бештар ҷангҷӯёнро ҳадаф қарор додааст. Телавив, баръакс, гуруҳи тундрави "Ҳамос"-ро муттаҳам мекунад, ки монеи баромадани аҳолӣ шуда, онҳоро ба ҳайси сипар истифода мебарад.

Даргирии охир байни Исроил ва гуруҳи тундрави "Ҳамос" баъд аз он сар шуд, ки ҷангҷӯён рӯзи 7-уми октябр ба ҷануби Исроил ҳуҷум карда, 1200 исроилиро куштанд ва 240 нафарро гаравгон гирифтанд. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гуруҳи "Ҳамос"-ро созмони террористӣ медонанд.

Даъватҳо барои оташбас ва ҳифзи ҷони ғайринизомиён дар Ғазза борҳо садо додаанд. Исроил мегӯяд, то замони нобудии "Ҳамос" ҳеч пешниҳоди оташбасро намепазирад, аммо дар ҷараёни амалиёт ба 4 соат таваққуф ё ист дар рӯз розӣ шудааст.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти Саудӣ гуфт, "қазияи Фаластин роҳи ҳалли низомӣ надорад... Аз нигоҳи мо, ҳалли воқеии қазияи Фаластин, таъмини сулҳи одилона, пойдор ва дарозмуддат танҳо аз роҳи иҷрои қарорҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ташкили Давлати мустақили Фаластин имконпазир мебошад."

Ин мавқеъгирии ошкори Тоҷикистон дар қазияи Навори Ғазза ва дар умум Фаластин аст. Пештар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бе гирифтани номе аз ягон кишвару гуруҳ аз даргирӣ дар Ховари Миёна ибрози нигаронӣ карда, тарафҳоро ба музокира хонда буд.

Навори Ғазза дар соҳили Баҳри Миёназамин то соли 1917 дар ихтиёри империяи усмонӣ буд. Дар як асри гузашта аз итоати Бритониё ба Миср гузашт ва сипас зери назорати артиши Исроил даромад.

Ҳоло бурунбум ё анклави деворпече аст, ки дар он зиёда аз ду миллион фаластинӣ зиндагӣ мекунанд, вале дар панҷ ҳафтаи гузашта ниме аз онҳо овора ва бехонаву дар шудаанд.

Ташкили давлат, шаҳракҳои исроилӣ, мақоми Байтулмуқаддас ва қазияи паноҳҷӯён аз масъалаҳои асосии баҳси миёни Исроил ва Фаластин аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG