Низомиёни Исроил бо силоҳдорони ҲАМОС дар наздикии беморхонаи “Аш-Шифо”, бузургтарин беморхона дар Ғазза, меҷанганд.
Созмонҳои байналмилалӣ тарс доранд, ки Исроил ба ин бемористон мисле, ки ба дигар бемористонҳо карда буд, ҳамла хоҳад кард. Онҷо макони ҳазорон маҷрӯҳон гаштааст.
Мақомоти Исроил гуфтанд, агар аз дохили беморхона ба онҳо ҳамла шавад, онро тирборон хоҳанд кард.
Исроил ҲАМОС-ро ба он муттаҳам мекунад, ки нуқтаи фармондеҳиашро дар зери беморхонаи “Аш-Шифо” ҷой додааст. Масъулони беморхона ин иттиҳомро нодуруст медонанд.
Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, ки ба даъватҳо барои оташбас гуш намедиҳад, шоми шанбе гуфт, Ғаззаро пурра муҳосира кардаанд ва ҳазорон силоҳдори ҲАМОС-ро куштаанд. Ӯ гуфт, то 240 гаравгонро ҲАМОС раҳо накунад, ҷангро қатъ намекунанд.
Артиши Исроил хабар дод, ки ба чанд нуқта дар Сурия ва Лубнон зарба задаанд. Би-Би-Си навиштааст, ки шаби гузашта "Ҳизбуллоҳ" чанд мушак ба хоки Исроил партоб карда буд. Гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ” аз сӯи Эрон ҳимоят мешавад ва Исроилро кишвари ғосиб номида, ба он муқобилият мекунад.
Рӯзи 11-уми ноябр 57 кишвари исломӣ дар Ар-Риёзи Саудӣ ба хатми ҷанг даъват карданд. Арабистони Саудӣ Шӯрои амнияти СММ-ро ба он айбдор кард, ки ӯҳдадориҳои худро иҷро намекунад ва Исроилро ба хатми ҷанг водор намесозад. Дар ин нишаст ҳамлаи ҲАМОС ба Исроилро маҳкум накарданд.
Дар ҳамин ҳол Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил нақшаи худ пас аз ҷанг дар Ғаззаро эълон кард. Ӯ гуфт, ки пас аз нобуд кардани ҲАМОС Исроил ба хотири амният Ғаззаро назорат карда, озод нерӯҳояш ба онҷо равуо хоҳанд кард.
Пештар Амрико гуфта буд, ки намехоҳад Исроил пас аз ҷанг Ғаззаро ишғол кунад ва беҳтар аст, назорати онро давлати худгардони Фаластин ба душ бигирад. Зоҳиран, ҳоло Исроил ба ҳеч кишвару созмоне гуш намедиҳад ва он кореро мекунад, ки ин кишвар худаш мехоҳад.
Исроил пас аз он ки дар рӯзи 7-уми октябр ҲАМОС ба ин кишвар ҳамла кард ва 1200 нафарро кушта, беш аз 200 нафарро гаравгон гирифт, ба бомборони Ғазза оғоз кард.
Дар ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза беш аз 11 ҳазор нафар кушта шудааст, ки бештарашон занону кӯдакон ҳисоб шудаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Кишварҳои мусулмонӣ хостори поёни ҷанг дар Ғазза шудандБеш аз 11 ҳазор кушта дар Ғазза; фишорҳо ба ИсроилЯҳё Синвор. Шахсе, ки Исроил дар пайи нобудияш астИзҳороти Раҳмон дар бораи Ғазза баъди панҷ ҳафтаи ҷанги Исроил ва "Ҳамос"Эрдуғон дар Тошканд аз Исроил интиқод кардАмрико: Исроил ба оташбаси чаҳорсоатӣ дар Ғазза розӣ шуд