Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ҷонибҳои даргирро ба оташбас даъват кард. Раҷаб Таййиб Эрдуғон, президенти Туркия, Ғарбро ба "ҳимоят аз ҷиноятҳои ҷангии Исроил" айбдор намуд.
Эрдуғон дар суханрониаш дар саммити Тошканд гуфт, мақомоти Исроил "ҳамаи арзишҳои инсониро дар навори Ғазза поймол кардаанд".
Дар ҳамин ҳол, роҳбарони оҷонсиҳои бузурги башардӯстонаи СММ, инчунин Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар изҳороти муштарак ба оташбаси фаврӣ дар навори Ғазза даъват карданд.
Бино ба иттилои охирин, дар ҳудуди навори Ғазза бештар аз 10 ҳазор кас кушта шудааст, ки 4800 нафари онҳо кӯдак ҳастанд.
Талафоти ҷониби Исроил бештар аз 1400 танро ташкил медиҳад. 240 сокини Исроил ба дасти ҲАМОС гаравгон афтодаанд.