Дар як рӯзи охир, пулис дар ошхона ва нуқтаҳои ҷамъшавии муҳоҷирон дар Сургут ва Тула амалиёт гузаронд.Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ аз 6-уми сентябр, дар ҷараёни чунин рейд дар Сургут онҳоеро ҷустуҷӯ доранд, ки ба наздикӣ шиносномаи русӣ гирифтаанд.
Як рӯз пеш аз ин дар сохтмоне дар Тула 70 муҳоҷирро боздошт карда, барои тафтиш ба идораи пулис бурда буданд.
Муҳоҷирон дар Тотористони Русия ҳам айни ҳамин ҳолро доштаанд. Аз оғози имсол аз Тотористон тақрибан ҳазор муҳоҷирро ихроҷ карданд. Ба иттилои Хадамоти федеролии судиҷрочиёни Тотористон, аксари ихроҷшудаҳо зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд. Дар миёни онҳо шаҳрвандони Афғонистон ҳам будаанд.
Хадамот иттилоъ додааст, ки ин афрод қоидаҳои муҳоҷиратро вайрон кардаанд ва аввал ба маркази нигаҳдорӣ баъдан ба кишварҳои худ интиқол дода мешаванд. Баъзе аз муҳоҷирон мегӯянд, бо вуҷуди дуруст будани аснод, онҳоро низ боздошту азият медиҳанд.
Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Ҳама бояд дар артиш хидмат кунад"
Дар ҳамин ҳол, баъзе аз вакилони Думаи Давлатии Русия ҳамоно даъватҳоро барои ҷалби муҳоҷирони дорои душаҳрвандӣ ба ҷанги Украина идома медиҳанд.
Алексей Журавлев, вакили рус дар суҳбат бо баъзе аз расонаҳои ин кишвар аз таҳия шудани лоиҳаи қонуне хабар додааст, ки бар асоси он хидмат дар артиш барои шахсоне, ки тоза соҳиби шаҳрвандӣ шудаанд, ҳатмӣ хоҳад шуд.
Ба гуфтаи ӯ, тағйирот ба қонун дар ҷаласаи тирамоҳии Дума пешниҳод ва баррасӣ мешавад. Тибқи ин тағйирот, хориҷиёни дорои шаҳрвандии Русия новобаста ба он ки дар кишвари худ аз хидмати ҳарбӣ гузаштаанд ё не уҳдадоранд, ки дар артиши Русия ҳам хидмат кунанд.
Феълан бар асоси созишномаи душаҳрвандии Русия бо баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, агар ҷавон дар кишвари дигар хидмати ҳарбиро анҷом дода бошад, дар Русия дубора ба сарбозӣ гирифта намешавад.
Алексей Журавлев, вакил аз Ҳизби либерал-демократӣ, ки роҳбари қаблиаш Владимир Жириновский буд, талаб дорад, ки хориҷиён аввал дар артиши Русия хидмат карда, баъдан шаҳрвандиро соҳиб шаванд.
"Агар намехоҳед, пас, ба шумо шаҳрвандӣ дода намешавад. Чаро бояд ба ҷойи онҳое, ки аз собиқ кишварҳои бародар омада, шаҳрвандии Русияро мегиранд, мо хун бирезем? Ҳамчунин бояд то 50-солагӣ хидмат кунед. Новобаста аз он ки дар ватани худ хидмат кардаед ё не. Бояд дар кишвари ман савганд ёд кунӣ ва силоҳ дар даст аз ӯ дифоъ намоӣ. Ана ҳамон вақт ту шаҳрванди баробарҳуқуқи ин кишвар мешавӣ," -- гуфтааст ин сиёсатмадор.
Садҳо муҳоҷир аз Тоҷикистон солҳои охир барои раҳоӣ аз пардохти маблағи патент ва таъқиби пулис талош карданд, шиносномаи Русияро соҳиб шаванд. Баъд аз оғози таҷовузи Русия ба хоки Украина онҳоро мехоҳанд ба ҷанг фиристанд.
Танҳо дар 6 моҳи аввали имсол тахминан 87 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русия гирифтааст, ки дар муқоиса бо ин давраи соли гузашта ҳудуди 13 ҳазор нафар бештар мебошад. Ба ҳисоби миёна ҳар рӯзе қариб 500 тоҷикистонӣ табааи Русияро мепазиранд ва шумораашон миёни шаҳрвандони нави ин кишвар беш аз 42 дарсадро ташкил медиҳад.