Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кор барои муҳоҷирони тоҷик дар Туркия осон аст? ВИДЕО


Аҳмадҷон Азизов се моҳ пеш дар ҷустуҷӯи кори беҳтар ба шаҳри Истанбули Туркия рафт. Дар мағозае ба ҳайси дастёри фурӯшанда кор мекард. Ҳоло санади будубош надорад ва талош мекунад ба чашми пулис наафтад.

Ин сокини 28-солаи ноҳияи Хуросон аз таҷрибаи худ мегӯяд, кору зиндагӣ бидуни санад барои тоҷикон дар Туркия сахт аст. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "инҷо одаме, ки санади иқомат надорад ё кори хуб надорад, азоб мекашад. Барои ҳамин касе ки инҷо омад, санад дошта бошад баъд кор кунад. Ҳоло инҷо ҳам мисли Русия рейд аст. Пулис дар либоси гуногун хориҷиҳоро тафтиш мекунад”.

Ба гуфтаи Аҳмадҷон, гирифтани санади будубоши Туркия кори осон нест. Баъзан муҳоҷиронро ба хотири додани иҷозаи кору зиндагӣ фиреб мекунанд. "Мегӯянд бояд пули зиёд диҳӣ баъд барои ту санади зиндагии яксола медиҳанд. Аммо нафароне буданд, ки пулро дода фиреб хӯрданд".

Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:

Кор барои муҳоҷирони тоҷик дар Туркия осон аст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:13 0:00

Аҳмадҷон қабл аз иқомат дар Туркия, муҳоҷират дар Русия ва Қазоқистонро таҷриба кардааст. Дар ин кишварҳо низ бо мушкилӣ рубарӯ шуд. Гоҳе барои санади будубош ҷарима мешуд ва гоҳе корфармо маблағашро намедод. Дар ниҳоят тасмим гирифт, шонсашро дар Туркия санҷад, аммо инҷо низ кораш омад накард.

“Русия хубтар аст ба фикрам, чунки маошаш хуб аст. Инҷо дар Туркия маош кам, дар як ҳафта 100 доллар меёбӣ. Баъзе одамон мегиранд, баъзеҳо не. Ман инҷо омадам, мардикор будам. Дар мағоза молҳоро бастабандӣ карда, ба муштариён месупоридам. Ҳама кор мушкилӣ дорад, мо ҳам маҷбур шудему ин ҷо омада кор карда истодаем. Дар Тоҷикистон мушкил аст,”- мегӯяд ӯ.

Муҳоҷирони хориҷшуда аз Русия ба Туркия рӯ овардаанд

Муҳоҷирони тоҷик дар Туркия бештар мисли Аҳмадҷон дар сохтмон ва дар марказҳои тиҷоратӣ ба ҳайси ёрдамчии фурӯшанда кор мекунанд. Аксари онҳо нафароне ҳастанд, ки аз Русия ё Қазоқистон ихроҷ шудаанд.

Туркия дар ҳоли ҳозир мизбони беш аз 3 миллион муҳоҷир аз Сурия ва Афғонистону дигар кишварҳои Ховари Миёна аст. Мақомдорони Туркия борҳо гуфтаанд ки дар қадами аввал мехоҳанд шаҳрвандони худро бо ҷои кор таъмин кунанд. Аҳмадҷон мегӯяд, дар инҷо мисли кишварҳои дигари мизбон на ҳамеша муҳоҷиронро бо рӯи хуш қабул мекунанд.

“Инҷо бештар мехоҳанд кишварашон аз одамҳои бегона тоза бошад. Одаме, ки ҳуҷҷат надорад, ба ватанаш бармегардонанд-гуфт ин муҳоҷири тоҷик.

7 ҳазор тоҷик дар Туркия

Туркия пас аз Русия ва Қазоқистон, кишварест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба он сафар мекунанд. Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бидуни раводид то 30 рӯз дар Туркия иқомат кунанд.

Дар баробари садҳо муҳоҷири қонунӣ, бархе шаҳрвандон ғайриқонунӣ ба кор машғул мешаванд. Мақомоти Тоҷикистон қаблан гуфта буданд, ки ҳудуди 7 ҳазор шаҳрванди кишвар дар Туркия кору зиндагӣ мекунанд.

Теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин кишвар ғайрирасмӣ кор мекунанд, маълум нест. Ҳоло Аҳмадҷон тасмим дорад аз Туркия берун равад, вале маълум нест кадом кишвари дигар дари худро ба рӯи ӯ боз мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG