Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷири тоҷик: "Телефонамро гирифтанд, ба дастонам завлона заданд" ВИДЕО


Боздошти муҳоҷирон. Маскав, моҳи июли 2023
Боздошти муҳоҷирон. Маскав, моҳи июли 2023

"Телефонамро гирифта, ба мисли ҷинояткор ба дастонам завлона заданд. Моро ба шуъбаи сеюми Сарраёсати полиси Маскав бурданд. Дар онҷо дар як қафаси хурде, ки ҳамагӣ 8-9 метри мураббаъ буд, 24 соат бе хӯрок ва хоб нигаҳ доштанд. Хоб куҷо... имкони шиштан ҳам набуд.”

Як муҳоҷири кории тоҷик дар Русия лаҳзаи боздошт ва нигаҳдории худу ҳамроҳонашро ба телевизиони “Настояшее Время”, тарҳи Радиои Озодӣ, чунин нақл кард. Вай бе овардани ном гуфт, сарфи назар аз будубоши қонунӣ рӯзи якшанбе, 13-уми август, ӯро аз хонааш боздошт карда, ба идораи полис бурданд.

"То соати 8-и бегоҳ мунтазир будем. Ба додгоҳ бурда, гуфтанд, бо қарори Суд панҷ ҳазор рублӣ ҷарима мешавед. Мурофиа нашуд. Полис ба мо гуфт, ҳар касе даҳ ҳазор рубл диҳад, озод мекунем. Агар надиҳед, дубора бо боздоштгоҳ мефиристем. Навад дарсади боздоштшудаҳо пулро дода, ҷони худро халос кард,” – нақл кард ӯ.

Тафтишу санҷиши муҳоҷирон як ҳафта боз дар садҳо муассисаву хобгоҳ ва бозору ҷойи кори муҳоҷирон ба шиддат ҷараён дорад. Мақомоти Русия охири ҳафтаи гузашта тасдиқ карданд, ки амалиёти “Мигрант” ҳаст.

Гуфта мешавад, то охири ҳафтаи гузашта шаш ҳазор нафар барои поймол кардани қонунҳои муҳоҷират дастгир шуда, 500 нафар мунтазири ихроҷ аз Русия ҳастанд. Маълумоти нав ҳанӯз дастрас нест.

Ҳазамон полиси Санкт-Петербург интиқоли муҳоҷирони дорои шаҳрвандии Русияро ба комиссариатҳои ҳарбӣ аз вазифаҳои нави худ номидааст. Мақомоти Русия мегӯянд, ин уҳдадорӣ дар Конститутсияи кишвар сабт шуда.

Бо оғози таҷовузи Русия ба хоки Украина ҳомиёни ҳуқуқ борҳо шикоят кардаанд, ки мақомоти Русия иҷборан муҳоҷиронро ба ҷанги Украина мефиристанд.

Сергей Абашин
Сергей Абашин

Сергей Абашин мегӯяд, “муҳоҷирон яке аз гурӯҳҳое мебошанд, ки ҳадафмандона барои хидмат дар артиш ҷалб мешаванд. Ин амал бо истифода аз ташвиқ, яъне тақдими шаҳрвандиву маоши хуб ва таҳдид: яъне ихроҷ ба ватан, манъи вуруд ба Русия ва ё нигаҳдории тӯлонӣ дар боздоштгоҳҳо сурат мегирад. Чанде ки фишор болои муҳоҷирон зиёд шавад, ҳамон қадар сафарбарӣ ба артиш аз ҳисоби онҳо афзоиш меёбад.”

Ҳафтаи гузашта дар гӯшаҳои гуногуни Русия амалиёти тафтишу боздошти муҳоҷирон баргузор шуд, ки ҳадафи он дар ниҳояти амр сафарбарии муҳоҷирон ё маҷбур кардани онҳо иштирок ба ҷанги Украина мебошад. Баъзе аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия мегӯянд, амалиёти зидди муҳоҷирон 14-уми август шуруъ шуд ва то 27-уми август идома хоҳад кард.

Видеоро дар инҷо бинед:

Амалиёти "Мигрант": 500 касро аз Русия меронанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:51 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG