Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти "сахт" ба зидди муҳоҷирон дар Русия гузашт ё дар роҳ аст?


Боздошти муҳоҷирон. Русия. Моҳи июли 2023
Боздошти муҳоҷирон. Русия. Моҳи июли 2023

"Салом, Абдулло! Бибин, аз рӯзи душанбе дар тамоми Русия маъракаи вобаста ба муҳоҷирон мегузарад. Ҳама ҷойро мегарданд. Хонаҳо, маҳалли сохтмон, ҳар ҷое, ки хориҷиён ҳастанд. Ҳатто макони шустани мошинҳоро. Гуруҳи вижа созмон ёфтааст. Аз душанбе то панҷшанбе бисёр сахт хоҳад буд. Бинобар ин, одамонатро ё ба рухсатӣ фирист ё коре кун, ки ҳуҷҷатҳояшон дуруст бошад ва мушкил пеш наояд. Бодиққат бош."

Ин паём ба забони русӣ чанд рӯз боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад ва аз амалиёти сахте ба зидди муҳоҷирони корӣ дар Русия дарак медиҳад. Муаллиф оғози рейдро "рӯзи душанбе" гуфта, аммо санаи дақиқеро ба забон наовардааст.

Мақомоти Русия расман чизе намегӯянд. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав низ ба муҳоҷирон ёддоште нагузошта.

"Гуфтаанд, ҷойи зисти муҳоҷиронро муайян кунед"

Ҳуқуқдон ва ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, бар асоси қарори Вазорати корҳои дохилии Русия, ки ӯ нусхаашро дид, тафтиши муҳоҷирон рӯзи душанбеи 14-уми август шуруъ шудааст ва то 27-уми август давом хоҳад кард.

"Ин қарор ҳаст. Онро дидам ва хондам, аммо иҷозаи акс гирифтан надоданд. Рейд натанҳо дар кӯчаҳо мегузарад. Дар қарор гуфтаанд, ҷойи зисти муҳоҷиронро муайян кунед ва бинед, ки чанд нафар зиндагӣ мекунанд. Ин аз рӯзи 14-ум амал карда истодааст," – гуфт Шӯҳрат Қудратов.

Вай афзуд, дар ин шабу рӯз муроҷиати телефонӣ ва кумакхоҳии муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия низ бамаротиб бештар шудааст.

"Аз 15-уми август занги телефонии муҳоҷирон зиёд шуд. Онҳо шикоят мекунанд, ки ҳуҷҷат доранд, вале ба идораи пулис бурда мешаванд. Ҳангоми тафтиш муайян гардидааст, ки номи баъзе аз онҳо дар махзани маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ нест. Яъне, онҳо ҳамчун афроди бидуни сабтином зиндагӣ доранд. Онҳоро ба ҷавобгарии маъмурӣ мекашанд," – шарҳ дод ҳуқуқдони тоҷик.

Расонаҳои Русия низ рӯзҳои охир яке пайи дигаре дар бораи боздошти даҳҳо муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон хабар доданд. Чанде аз онҳо навиштанд, ки амалиёти "Муҳоҷири ғайриқонунӣ" ҷараён дорад.

Ба нигоштаи "Вечерний Магнитогорск" аз рӯзи 20-уми август, дар қаламрави ин шаҳр "маъмурони милиса фаъол шудаанд". Сомона ҳадафи маъракаи зидди муҳоҷиронро “мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ” номидааст.

Аз он пеш, ТАСС, хабаргузории давлатии Русия, рӯзи 16-уми август гузориш дод, ки пулис дар як рейди дурӯза дар ҷануби Санкт-Петербург ҳудуди 400 шаҳрванди хориҷиро маълум кард. 55 нафари онҳо ба нақзи қонуни муҳоҷират муттаҳам шудаанд.

Манобеи Радиои Озодӣ ҳамон рӯз хабар доданд, ки мақомоти Русия дар анбори сабзавоти Софияи Санкт-Петербург ба даҳҳо зодаи Тоҷикистон барои рафтан ба артиш даъватнома супурданд.

"Ҳуҷҷат дорӣ ё надорӣ, муомилаи бад мекунанд"

Яке аз муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Маскав мегӯяд, амалиёти мақомоти Русия ба зидди муҳоҷирон бештар аз ду моҳ боз ошкору ниҳон ҷараён дорад ва рӯзҳои охир сахттар шудааст. Ӯ ба далели пеш наомадани мушкил нахост номашро нависем.

Мегӯяд, рӯзе пеш, бегоҳи 19-уми август, маъмурони интизомӣ аз як хобгоҳи муҳоҷирон дар пойтахти Русия даҳҳо нафарро дастгир карданд. Навори он лаҳзаро ба Радиои Озодӣ низ фиристоданд.

"Дар муқоиса ба моҳҳои пеш кору гаштугузор дар Русия мушкил шудааст. Касе намегӯяд, мақсад чист, ҳуҷҷат дорӣ ё надорӣ, муомилаи бад мекунанд. Мезананд ва ба боздоштгоҳу идораи пулис мебаранд," -- афзуд ҳамсуҳбати мо.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, барои омӯхтани вазъи муҳоҷирон гуруҳҳои бозрасиро ба Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Уфа мефиристанд.

Ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон ба сабаби набудани ҷойи кор ва маоши кофӣ дар кишвар барои кору зиндагӣ ба Русия рафтаанд. Онҳо дар сохтмону бозор ва бахши хадамоти коммуналӣ кор карда, зиндагии наздиконашонро дар Тоҷикистон мечархонанд.

Мақомоти Русия пайваста онҳоро ба нақзи қоидаҳои муҳоҷират муттаҳам ва боздошту ихроҷ мекунанд, вале муҳоҷирон мегӯянд, ҳамвора зери фишору азият ҳастанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG